09:59:53 04-уми Июни 2025 сол

Ҳалокати 3 нафар дар натиҷаи афтодани мошин ба дарёи Панҷ

Рўзи 22 июли соли ҷорӣ соати 17:20 дар километри 192-юми роҳи Хоруғ-Ишкошим, мавзеи Тукул, ҷамоати деҳоти Вранг, деҳаи Дириж ронандаи мошини тамғаи «Чанху» Худойназаров Нурмаҳмад Сафармамадович, соли таваллудаш 1980, сокини деҳаи Ширгини ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим аз уҳдаи идораи мошин намебарояд ва мошин дар гардиши роҳ чаппа шуда, ба дарёи Панҷ меафтад.

Дар натиҷа 3 мусофири дохили мошин-Асадбеков Рустам Айлоқбекович, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи деҳаи Ширгин, ҷамоати деҳоти Вранг, Мирзобекова Фазилат Асадбековна, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи деҳаи Ширгин, ҷамоати деҳоти Вранг, Фарангизи Раҳим, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи деҳаи Ширгин, ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим дар дарё ғарқ шуда, беному нишон гардидаанд. Ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ҳоло кофтукоби ҷасади ғарқшудагон идома дорад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854