17:13:43 02-уми Июни 2025 сол

ДИИШ аз пойгоҳи асосиаш маҳрум гардид

Тибқи гузоришҳо қувваҳои мардумии курд яке аз шаҳрҳои муҳими вилояти Раққа - пойгоҳи аслӣ ва стратегӣ барои террористҳои ДИИШ- шаҳри Айн Исо, воқеъ дар километри 46-уми самти шимоли шаҳри Раққаро ба ихтиёри комили худ дароварданд, ки баъди ин роҳи асосии воридшавии яроқу аслиҳа аз хориҷ барои ДИИШ баста шуд.

Тибқи сарчашмаҳои хабарӣ баъд аз задухӯрдҳо бо террористони ДИИШ, қувваҳои курд ба сафи мухолифони худ хисороти сангин ворид карданд, ки дар натиҷа курдҳо баъд аз озод кардани шаҳри Тал Абяз, дар шаҳраки Сулук ва даҳҳо деҳаҳои ҳамсояи он ба пешравиҳои назаррас ноил гаштаанд. Ин дастовард ба онҳо имкон медиҳад, ки қувваҳои ДИИШ-ро дар шаҳрҳои Раққа ва Табқа ва атрофи он дар муҳосира қарор диҳанд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854