09:59:25 03-уми Июли 2025 сол

Вохӯрӣ бо занони ноҳияи Ашт

Санаи 31-уми июл дар Ҷамоатҳои деҳоти Шодоба ва Ошобаи ноҳияи Ашт аз Ҷониби гурӯҳи доимоамалкунандаи назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят байни занони хонашин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

muloqot-zanho-125487

Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи маъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла зудбоварии занону духтарон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҷалби занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ, бахусус ҳунарҳои қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, фарогирии духтарон ба таҳсил баъди хатми синфи 9, пешгирии бемориҳои нашъамандӣ, ВМНО, худкушӣ ва сӯиқасд ба он, ба ҷиноят даст задани занону духтарон буда, ба гурӯҳҳо аъзоёни мушоҳидони маҳаллаҳо низ шомил гаштанд.

Баргузории чунин вохӯрию мулоқотҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи нақша дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда мешавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ