Намоишгоҳи сеюми байналмилалии китоб дар «Душанбе-Плаза»
Дирӯз дар муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и пойтахт сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе шурӯъ ба кор кард.
Саҳни бино ба парчами кишварҳои ширкаткунанда оро ёфта буд ва ҳанӯз пеш аз оғоз, соати 9 субҳ садои 20 карнай олами атрофро ғулғула андохт. Дар ин маросим масъулини Вазорати фарҳанг, адибони шинохта, олимон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ, ҳамчунин меҳмонон аз мамолики мухталиф ширкат намуанд.
Намоишгоҳро бо суханони муқаддимавӣ Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ифтитоҳ намуд ва ба дунбол Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова Президенти Академияи улуми кишвар Маҳмадшо Илолов, Сафири фавқулодда ва мухтори Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони кишвар Абдулҳамид Самадов суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон бо ин дар доираи баргузории Намоишгоҳ дар толори «Рӯнамои китоб»-и муассиса муаррифии асари нависандаи шинохтаи кишвар Абдулҳамиди Самад «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар» ва ба дунболи он баъд аз зӯҳр шиносоии хонандагон бо ҷилди дуввуми китоби «Энсиклопедияи миллии тоҷик» баргузор гардид.
Маҳфил бо сухани муқаддамотии директории Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик» Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ шуруъ шуд ва мавсуф дар бораи муҳтаво ва арзиши илмии китоби мазкур сухан ронд ва чопи ин китобро муҳим ва саривақтӣ донист.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Намоишгоҳи сеюми байналмилалии китоби Душанбе чун дар як соли пеш аз Афғонистон, Эрон, Белорус, Қазоқистон, Туркманистон, Чин, Қирғизистон, Туркия, Озарбойҷон ва ҳамаи нашриётҳои давлативу хусусии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Қиёмиддин Сатторӣ, яке аз масъулини баргузории ин Намоишгоҳ дар сӯҳбат бо «Рӯзгор» гуфт қарор аст Намоишгҳ китоб cе рӯз идома кунад ва рӯзи ҷумъа ба кори худ поён диҳад.
«Рӯзгор»