08:38:07 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Аз таъйин шудани худ ба вазифа хабар надорам"

Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини мухолифиони давлати Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи таъйин шуданаш ба мақоме дар Вазорати дифоъи кишвар иттилоъ надорад. Оқои Аҳмадов, ки рӯзи чоршанбеи 4 сентябр, бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Ба ман хабар надоданд. Шояд акнун фарёдам кунанд. То ҳол бекорам.”

ahmadov mirzokhuja-457848Ба гуфтаи ӯ, дар бораи вазифаи ояндааш дар Вазорати дифоъ касе бо ӯ машварат накардааст ва намедонад, ки вазифаи пешниҳодшуда чӣ мақоме аст. Бархе аз расонаҳои мустақили Тоҷикистон, аз қавли женерол Ғайратшоҳ Адҳамов, муъовини вазири дифоъи ин кишвар ба мақоми мушовири кулли гурдон ё баталони воканиши сареъи вазорати дифоъ дар водии Рашт муқаррар шудани Мирзохӯҷа Аҳмадов хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Бозоров, корманди дафтари матбуъоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон ин гуна хабарҳоро нодуруст хонда ва гуфт, тибқи фармони женерол Шералӣ Хайруллоев Мирзохӯҷа Аҳмадов "хизматчӣ, мутахассиси пешбари яке аз раёсатиҳои Ситоди умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар водии Рашт" таъйин шудааст.

Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки агар суҳбати Мирзохӯҷа Аҳмадов бо Би-би-сӣ самимӣ бошад, пас чи гуна як нафар бидуни машварат ва ризояти ӯ ба симате дар Вазорати дифоъ таъйин мешавад.

Дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 Мирзохӯҷа Аҳмадов фармондеҳи нерӯҳои мухолифони давлати ин кишвар дар водии Рашт буда ва пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар моҳи июни соли 1997 раёсати бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохила дар водии Раштро ба ӯҳда дошт.

Аммо дар пайи кушта шудани Олег Захзарченко, муъовини фармондеҳи Нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар соли 2008 оқои Аҳмадов аз мақомаш барканор ва афроди ӯ халъи силоҳ шуданд.

Баъд аз амалиёти нерӯҳои давлати Тоҷикистон дар водии Рашт дар соли 2010, ки ба кушта шудани Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло, раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи ба гуфтаи давлати Тоҷикистон “ғайриқонунӣ” Мирзохӯҷа Аҳмадов аз корҳои давлатӣ канор рафт.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi