20:49:51 22-уми Августи 2025 сол
ПИСАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲИЗБИ ҲОКИМРО ТАРК МЕКУНАД 26.03.2011 14:26 2048
Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, узвияти худ дар ҳизби халқӣ-демукроти Тоҷикистонро ба таълиқ даровардааст. Бар асоси иттилоъи як манбаъи ин ҳизб ин амр мутобиқи муқаррарот дар бораи таъиноти вай барои фаъолият дар яке аз идороти давлатӣ сурат мегирад.
САФАРИ ШОҲЗОДА РАҲИМ ОҒОХОН БА ДУШАНБЕ 26.03.2011 14:23 2079
Тибқи иттилоъи масъулони Шабакаи Тавсеъаи Оғохон дар Тоҷикистон сафари шоҳзода Раҳим Оғохон, писари бузурги Карим Оғохони ҷаҳор, раҳбари исмоъилиҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон як рӯз ба таъвиқ афтодааст. Бино ба иттилоъи ин манобеъ шоҳзода Раҳим Оғохон рӯзи 27 март вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.
РАИСИ ҶУМҲУРИ ПЕШИНИ УКРОИН МУТТАҲАМ БА ҚАТЛ ШУД 25.03.2011 16:53 1919
Леонид Кучма, раиси ҷумҳури пешини Укроин, ки тавассути додситонҳо барои парвандаи марги хабарнигоре дар соли 2000 мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифтааст, мегӯяд расман муттаҳам ба қатл шудааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз иттиҳомҳои худро нахондааст.
ХУДКУШӢ БАРОИ НАДОШТАНИ КУРТАИ НАВРӮЗӢ 25.03.2011 16:49 2382
Тибқи иттилоъи бахши Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, надоштани либоси идона дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз сабаби ба худкушӣ даст задани як духтар дар ин вилоят шудааст.
ДАР МУНОҚИШАИ МАЗҲАБИИ ПОКИСТОН 8 СУННӢ КУШТА ШУД 25.03.2011 16:46 2522
Мақомоти расмии Покистон гуфтаанд, имрӯз афроди мусаллаҳи номаълум ба сӯи пайравони мазҳаби шиа тиарандозӣ кардаанд ва дар он 8 нафар кушта, 5 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
БАН КИ МУН: ҚАЗЗОФӢ ОТАШБАСИ СММ САРФИ НАЗАР МЕКУНАД 25.03.2011 16:42 2343
Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон гуфт, нируҳои ҳукумати Либия аз риояти отшабас сарфи назар кардаанд, бо вуҷуди ин ки ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои эътлофи байналмиллалӣ бар зидди нируҳои Муаммар Қаззофӣ идома дорад.
НАХУСТИН ДОВТАЛАБ ДАР ҲАВЗАИ СИНО 24.03.2011 18:54 1940
Толибшоҳ Саидзода, аввалин довталабест, ки барои сабти ном ба унвони номзад ба вакилии МН аз ҳавзаи Сино муроҷиат кардааст. Толибшоҳ Саидзода, ки ҳамзамон муҳаррири ҳафтаномаи "Миллат" низ мебошад, дар як гуфтугӯ бо радиои Озодӣ ин нуқтаро таъйид намуда иброз дошт, ки аризаи вай аз ҷониби комиссияи ҳавзавии сабти номи номзадҳо ....
ГЕНЕРАЛИ НАТО БО ТУРКИЯ ДАР БОРАИ ЛИБИЯ МУЗОКИРА МЕКУНАД 24.03.2011 18:45 1955
Ҷеймс Ставридис-дарёсолори Амрико ва фармондеҳи боломақоми нируҳои НАТО дар Анкара бо мақомоти расмии Туркия мулоқот кард. Вай дар ин мулоқот бетамоюлии Туркияро баррасӣ кард, кишвареро, ки намехоҳад фармондеҳии минтақаи ғайрипарвоз дар Либия дар ихтиёри нируҳои НАТО қарор бигирад.
ДАР ТАРКИШ ДАР БАЙТУЛМУҚАДДАС 25 КАС МАҶРӮҲ ШУДАНД 23.03.2011 20:20 2073
Бар асари таркиш дар Байтулмуқаддас 25 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи табибони исроилӣ, вазъи 15 нафар вазин аст. Бар пояи иттилоъи пешакӣ, маводи мунфаҷира дар як борхалта дар канори истгоҳи автобусҳо гузошта шуда буд.
ҲАБСИ БЕШ АЗ ҲАЗОР ТАН АЗ МУХОЛИФИНИ ҲУКУМАТ ДАР ЭРОН 23.03.2011 20:16 1976
Мақомоти Эрон дар як соли ахир беш аз 1250 нафарро барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ваё барои ақоиди сиёсӣ ҳабс карданд. Ин иттилоъ дар гузориши Хонаи ҳуқуқи башари Эрон, як созмони мустақар дар хориҷи кишвар, оварда шудааст.
КУРСҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ АФСАРОНИ ТОҶИКУ АФҒОН 23.03.2011 01:44 1943
Сафорати ИМА дар Душанбе, барои 12 нафар афсари Хадамоти Гумрук, қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва 12 нафар афсари полиси сарҳадии Афғонистон барномаи таълимӣ доир намуд. Шӯъбаи Сафорати ИМА оид ба назорати воридотӣ ва амнияти марзҳо бо ин иқдоми худ ...
МОШЕ КАТСАВ БАРОИ ҲАФТ СОЛ МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД 22.03.2011 15:31 2196
Додгоҳи шаҳри Тел-Авив имрӯз раисиҷумҳури пешини Исроил Моше Катсавро барои таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ ба занҳо барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон кард.
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ОФАТ ДАР ҶОПОН АЗ 9 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ 22.03.2011 15:29 2272
Теъдоди қурбониёни заминларза ва тсунамии мудҳиш дар Ҷопон аз марзи нӯҳ ҳазор нафар убур кард. Бар пояи иттилоъи расмӣ, беш аз 12-у ним ҳазор нафар то ҳол беному нишонанд.
ДАР ТАРКИШ ДАР ПОКИСТОН ҲАМА КӮҲКАНҲО КУШТА ШУДАНД 22.03.2011 15:26 2107
Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, бар асари таркиш дар кони ангишт ҳамаи 43 кӯҳкан ба ҳалокат расидаанд. Имрӯз охирин ҷасадҳо аз ин кон, ки дар 40 километрии шарқи Кветта ҷойгир аст, берун оварда шуданд. Ифтихор Аҳмад, муфаттиши корҳои кӯҳӣ, эълом дошт, ки амалиёти наҷот дар ҷойи ҳодиса ....
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ЭРОН ИМРӮЗ ОҒОЗ МЕШАВАД 22.03.2011 13:32 1888
Имрӯз як ҳайати бузурги фарҳангии Эрон, иборат аз 120 нафар, таҳти раҳбарии вазири фарҳанги он кишвар Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ вориди Душанбе мешавад. Ин ҳайат дар Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, ки имрӯз, 23 март оғоз ёфта, 5 рӯз, то рӯзи 27 март идома хоҳад кард, ширкат мекунад. Тайи 20 соли ахир ....