19:08:17 26-уми Августи 2025 сол
ЗАРИФӢ БАРОИ МУЛОҚОТ БО ҲАМТОЁНАШ БА БИШКЕК РАФТ 26.11.2012 12:24 1064
Имрӯз, 26-уми ноябр, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ барои иштирок дар мулоқоти ҳамтоёнаш аз Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари минтақа ба Бишкек рафтааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин мулоқот рӯзи 27-уми ноябр дар толори "Конгресс Ҳолл"-и пойтахти Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.
“СМС”-И ХАДАМОТИ АЛОҚА ВА ҚАТЪИ ДАСТРАСӢ БА ФЕЙСБУК 26.11.2012 11:35 1139
Субҳи 26-уми ноябр бархе аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи "Фейсбук"-ро маҳдуд кардаанд.
ШӯРООБОД: ВАКИЛИ "ҚОЧОҚБАР" ДАР РУСИЯ БА ДАСТ АФТОД 26.11.2012 11:32 1125
Вакили Маҷлиси маҳаллии ноҳияи Шӯрообод ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир боздошт шудааст. Ба иттилои масъулони ҳукумати ноҳияи Шӯрообод, Баҳриддин Хоҷаев ба гумони даст доштан дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир моҳе пештар дар қаламрави Русия боздошт шудааст.
ДАР ТАЗОҲУРОТИ ЗИНДОНИЁНИ КОПЕЙСК 8 ПУЛИС ЗАХМӢ ШУД 26.11.2012 11:30 1054
Ба камияш ҳашт корманди нерӯҳои вижаи пулиси Русия ё ОМОН дар ҷараёни фурӯ нишондани тазоҳуроти эътирозии маҳбусон дар зиндони Копейски Русия захмӣ шудаанд. Дафтари матбуоти пулиси ин минтақаи Русия гуфтааст, 250 зиндонӣ шаби шанбе тавонистанд ба боми чанд бинои зиндон баромада, аз мақомот раҳоии гурӯҳи зиндониёнеро талаб кунанд, ки дар ....
ВУД СЕ АФСАРРО БАРОИ РАФТОРИ "ҒАЙРИОИННОМАВӢ" ҶАЗО ДОД 25.11.2012 16:45 868
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси шикояти як нафар, ки аз тариқи телефони боварӣ ба онҳо расидааст, се афсари вазоратро ҷазо додаанд.Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар торнамои расмии ин ниҳод нашр шудааст ...
ФИРОРИ ЯК ПУЛИСИ ТОҶИК БО 3,5 МИЛЛИОН ДОЛЛАР 23.11.2012 15:41 1110
Як маъмури вазорати умури дохилии Тоҷикистон, пас аз аз қаллобӣ дар ҳаҷми миллионҳо доллар, фирор кардааст.Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 23-юми ноябр, ба мо гуфт, Рамазон Раҳимов ...
FORBES ТОҶИКИСТОНРО ДАР ПАҲЛУИ НИГЕРИЯВУ КАМБОҶА ҶО ДОД 20.11.2012 10:37 1156
Маҷаллаи амрикоии Forbes дар гузориши нави худ Тоҷикистонро ба гурӯҳи 15 давлати фасодзадатарин ворид кардааст. Маҷаллаи Forbes (Форбс) дар гузориши нави худ таҳти унвони "Беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ" Тоҷикистонро дар дар миёни 141 давлати дунё аз нигоҳи фасод дар зинаи 128-ум қарор додааст.
ПАРЛУМОНИ КИШВАР ЛОИҲАИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН «ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ»-РО БА БАРРАСӢ ГИРИФТ 18.11.2012 20:41 1462
Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти эътилоф барои ислоҳоти демократӣ, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар маҷлисгоҳи Коллегияи адвокатҳои «Сипар» баргузор гардид, раиси ҷаласа Зариф Наимов, раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон...
РУСИЯ МУТТАҲАМ БА ТЕРРОРИЗМРО БА ТОҶИКИСТОН ДОД 17.11.2012 17:08 1131
Русия як тоҷики муттаҳам ба терроризмро, ки мақомоти расмӣ 13 сол боз дар ҷустуҷӯяш буданд, ба Тоҷикистон истирдод кардааст.Додситонии вилояти Маскав бо нашри баёнияе дар рӯзи ҷумъа гуфт, Давлатшо Кучакшоеви 40-соларо, ки ҳамчунин ба одамрабоӣ ...
ТОҶИКИСТОН МЕХОҲАД АЗ ТАЙЛАНД ТАҶРИБА ОМӮЗАД 15.11.2012 12:34 1067
16-уми ноябри соли равон ҳайати кории Тоҷикистон ҷиҳати боздид ва шиносоӣ аз «Равзанаи ягона»-и Тайланд ба ин кишвар сафар хоҳанд кард.Тавре Шаҳло Акобирова, раҳбари Созмони ҷамъиятии «Хома» ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ дод, дар ин сафар масъулини ...
ҲАМЛАИ МИЛЛАТГАРОЁНИ РУС БА ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИК 15.11.2012 10:53 1069
Дар роҳи зеризаминӣ ё метрои шаҳри Маскав чанд нафар миллатгароёни рус ба Абдул Бекмаҳмадов, ҳунарпешаи тоҷик ҳамла кардаанд. Дар солҳои ахир оқои Бекмаҳмадов дар тиётри “Театра.doc”-и шаҳри Маскав фаъолият мекунад.
"ХУЛОСАИ НИҲОИИ РОҒУН ДАР ДАСТИ ТОҶИКИСТОНУ БҶ АСТ" 14.11.2012 10:29 952
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳарфи ниҳоиро дар мавриди тарҳи "Роғун" ҷониби Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ хоҳанд зад.Эмомалӣ Раҳмон , раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми ноябр, дар масъалаи нерӯгоҳи "Роғун" бо ҳузури намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ...
ФАРОҲАМОВАРОНИ ИНТЕРНЕТ: БЕГ ЗУҲУРОВ, БИЁЕД, ВОХӮРЕМ! 13.11.2012 14:52 996
Анҷумани ширкатҳои интернетрасон хостори мулоқот бо Бег Зуҳуров, сарвари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шудааст. Асомуддин Атоев, сарвари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон, ба мо гуфт, ҳадаф аз ин мулоқот баёни нигаронӣ ...
СОХТМОНИ ДУ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДӢ БО КӮМАКИ МОЛИЯВИИ ИМА 11.11.2012 21:16 1213
Сафири ИМА, Сюзан М. Эллиотт, аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дидбонгоҳи сарҳадиро таҳвил дод.Дар ин маросими расмӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шерали Мирзо ...
КӮМАКИ САФОРАТИ ИМА БА МАҚОМОТИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ НАШЪАОВАР 11.11.2012 21:13 1130
Сафири ИМА, Сюзан М. Эллиотт аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба воҳидҳои махсуси зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсиониро ба маблағи умумии беш аз ду миллион доллари ИМА тақдим намуд.