07:17:30 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШӯРООБОД: ВАКИЛИ "ҚОЧОҚБАР" ДАР РУСИЯ БА ДАСТ АФТОД

Вакили Маҷлиси маҳаллии ноҳияи Шӯрообод ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир боздошт шудааст. Ба иттилои масъулони ҳукумати ноҳияи Шӯрообод, Баҳриддин Хоҷаев ба гумони даст доштан дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир моҳе пештар дар қаламрави Русия боздошт шудааст.

/images/stories/2012/11/26_arest-261112.jpgБо таваҷҷӯҳ ба ин, ваколати намояндаи мардумӣ будани Баҳриддин Хоҷаев аз сӯи  маҷлиси ноҳиявии Шӯрообод қатъ карда шуд. Ҳамзамон рӯзи якшанбеи 25-уми ноябр дар ин ноҳия интихоботи миёндавраӣ ба ҷойи вакили собиқ Баҳриддин Хоҷаев сурат гирифт.

Исломшоҳ Шоев, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод, ба мо гуфт, бо касби беш аз 88 дарсади раъйи интихобкунандагони ноҳия Амрохон Алиев, раиси ҷамоати деҳоти Саричашма, ба вакилии маҷлиси ноҳиявӣ пазируфта шуд.

Дар зимн, Баҳриддин Хоҷаев, вакили собиқ, зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дар мавзеи Дашти Ғазғарак хоҷагии деҳқонӣ дорад. Ӯ дар интихоботи маҷлиси маҳаллии соли 2010 аз ноҳияи Шӯрообод ба унвони вакили маҳаллӣ интихоб гардида буд. Ҳамакнун тибқи иттилои масъулони ҳукумати ноҳияи Шӯрообод, Баҳриддин Хоҷаев дар қаламрави Русия боздошт шуда ва интизор меравад, ояндаи наздик ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Шӯрообод аз ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон аст, ки бо шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад. Дар чанд соли ахир Шӯрообод аз масири қочоқи маводи мухаддир тавассути  гурӯҳҳои мафиёӣ ба ҳисоб меравад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi