13:16:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОҶИКИСТОН МЕХОҲАД АЗ ТАЙЛАНД ТАҶРИБА ОМӮЗАД

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

16-уми ноябри соли равон ҳайати кории Тоҷикистон ҷиҳати боздид ва шиносоӣ аз «Равзанаи ягона»-и Тайланд ба ин кишвар сафар хоҳанд кард.

/images/stories/2012/11/15_tailand-151112.jpgТавре Шаҳло Акобирова, раҳбари Созмони ҷамъиятии «Хома» ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ дод, дар ин сафар масъулини дастгоҳи иҷроияи президент, Вазоратҳои адлия, молия, нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ, Маҷлиси намояндагон, Хадамоти гумрук, Тоҷикстандарт, директори «Равзанаи ягона»-и назди Хадамоти гумрук ва дигар намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу маҳаллӣ ширкат менамоянд.

Мақсад аз ин сафар, боздид аз «Равзанаи ягона»-и Тайланд ва омӯхтани таҷрибаи ин кишвар буда, гуфта мешавад татбиқи таҷрибаи кории ҷониби Тайланд барои беҳтар роҳандозӣ намудани «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон мусодат мекунад.

Манбаъ мегӯяд, барномаи «Равзанаи ягона» наздики 30 сол мешавад, ки дар Тайланд ҷорист ва дар амалӣ гардидани он муваффақиятҳо низ ба назар мерасад.

Дар Тоҷикистон барномаи «Равзанаи ягона» аз 12-уми июни соли 2012 оғоз шуда, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, феълан ҷиҳати татбиқ ва амалисозии мақсад ва ҳадафҳои чунин як равзана дар самти ҷамъоварии андозҳои мухталиф камбудиву норасоиҳо вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, дар сурати истифода бурдани ҳамаи имкониятҳо ва татбиқи таҷрибаи кишварҳои пешрафта барномаи «Равзанаи ягона» дарТоҷикистон низ рушд хоҳад кард.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi