22:20:04 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФАРОҲАМОВАРОНИ ИНТЕРНЕТ: БЕГ ЗУҲУРОВ, БИЁЕД, ВОХӮРЕМ!

Анҷумани ширкатҳои интернетрасон хостори мулоқот бо Бег Зуҳуров, сарвари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шудааст. Асомуддин Атоев, сарвари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон, ба мо гуфт, ҳадаф аз ин мулоқот баёни нигаронӣ аз ташаббуси нави Хадамот дар мавриди ташкили Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP) ва ҳам пешниҳоди роҳи ҳалҳост.

/images/stories/2012/11/13_beg-zuhurov-131112.jpgҚаблан, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни як нома аз вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин кумитаҳои амният ва сармоягузории кишвар, пешниҳод карда буд, ки аз таъсиси ҳамчунин ниҳод пуштибонӣ кунанд. Зарурати таъсиси ин марказ дар ин нома ба ҳадафи таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷилавгирӣ аз мавридҳои нақзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва муайян намудани масъулият барои пешниҳоди хадамоти пастсифат шарҳ меёбад.

Ҳамчунин дар ин нома омадааст, ки "ҳангоми бақайдгирии муштариён ва истифода аз хидматрсонии интернет амнияти иттилоотӣ халалдор гардида, ба ин васила амалҳои таҳдидкунандаи суботи миллӣ ба воситаи иттилоот сурат мегиранд ва саривақт танзим нагардидани хадамоти мазкур авзои сиёсии кишварро метавонад зери таҳдид қарор диҳад."

Аммо Асомуддин Атоев мегӯяд, Хадамоти алоқа мақсаде гузоштааст, ки аз рӯи имконоти мавҷуда расидан ба он имконнопазир аст, аммо ба амнияти иттилоотиву иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад. Ба қавли ӯ, ин вазъ рақобатро миёни ширкатҳо танг ва даромади онҳоро кам мекунад ва дар бозори хидматрасониҳои Осиёи Марказӣ маҳдудиятҳо ба миён меорад.

Ҳадаф аз ташкили Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP) ба таври физикӣ ба як марказ пайваст кардани ширкатҳои интернетрасон аст, ки тамоми бозорро вобастаи технологияи як ширкати мухобиротӣ мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi