19:07:42 26-уми Августи 2025 сол
СОБИРОВ: "ҲУКУМАТ НИЯТИ ПАРОКАНДА КАРДАНИ ҲДТ-РО ДОРАД" 03.12.2012 19:42 1084
Масъуд Собиров, раиси ҲДТ, пешниҳоди Кумитаи тадорукот, дар мавриди даъвати Анҷумани фавқулоддаи ҳизбро мухолифи оинномаи ҳизб ва қонунгузории кишвар медонад.Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи душанбе ...
ДАСТАИ «РАВШАН»-И ШАҲРИ КӮЛОБ ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН 29.11.2012 16:35 1457
Чуноне, ки мухлисони футбол огоҳӣ доштанд, имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, бозии мавкуфгузоштаи футболи лигаи олии ҷумхурӣ байни дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
ШИКОЯТИ МАРДУМИ ИСТИҚЛОЛ АЗ ЛИМИТИ БАРҚ 29.11.2012 15:33 1442
Риоя нашудани лимити барқ давоми чанд ҳафтаи ахир мардуми маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакиро нигарон сохтааст.Фирдавс ном як сокини ин маҳалла зимни сӯҳбат ба сомонаи «Рӯзгор» иброз дошт, ки ду ҳафтаи ахири моҳи равон лимит дар хонаҳои онҳо ...
ЭШТОН ДАР ДУШАНБЕ: ИСЛОҲОТИ СИЁСӢ, АМПАРО ВА 16 МИЛЛИОН $ 29.11.2012 15:24 1317
Раҳбари идораи сиёсати хориҷӣ ва амнияти Иттиҳодияи Аврупо бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.
ФЕЙСБУК БО ДАСТУРИ ХАТТӢ БАСТА ШУДААСТ, НА БО SMS 29.11.2012 15:22 1300
Шабакаи Фейсбук дар Тоҷикистон бо дастури хаттии раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров баста шудааст.
К+ БАРОИ ЭҲЁИ БАХШИ ТОҶИКИСТОНИАШ САРМОЯ МЕХОҲАД 29.11.2012 15:19 779
Як масъули телевизиони маҳвораии К+ ба мо гуфт, ки мехоҳад дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бахши тоҷикистонии худро фаъол кунад. Бахитҷон Кетебоев, раиси шӯрои мудирони ширкати “К-плюс” ба таври хаттӣ ба чанд саволи мо посух дод.
'ТОҶИККИНО' МЕГӮЯД, 70 000 ФИЛМИ 'УЖАС'-РО МАҲВ КАРД 29.11.2012 15:15 813
Ширкати давлатии “Тоҷиккино” мегӯяд, филмҳои “ужас” ё ваҳшатнок ба равони сокинон, махсусан ҷавонон, таъсир доранд. “Тоҷиккино” беш аз 70 ҳазор навори видеоии филмҳои даҳшатнок ё “ужас”-ро аз нуктаҳои дискфурӯшии пойтахти кишвар мусодира ва маҳв намудааст.
ДОДСИТОНИИ КУЛЛ БА РАҲОИИ РАВШАН СОБИРОВ МУХОЛИФ АСТ 29.11.2012 15:13 814
Додситонии кулли Қирғизистон хостори бознигарии ҳукми додгоҳ оид ба парвандаи Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоии кишвар, шуд.
НАРХИ БЕНЗИН ДАР СУҒД НИСБАТИ ДУШАНБЕ БЕШ АЗ 2 МАРОТИБ АРЗОН ШУД 28.11.2012 10:17 1064
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, дар давоми 4 моҳ- аз аввали августи соли равон то ба имрӯз нархи бензин дар Тоҷикистон 6% боло рафтааст.Аз вазорати мазкур ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки айни ҳол нархи миёнаи як литр бензин...
ҲУКУМАТИ ИМА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД МАКТАБ МЕКУШОЯД 27.11.2012 11:14 1098
Барномаи “Беҳдошти cубот дар Тоҷикистон” (ББСТ)-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) сохтмони мактаби ибтидоиро дар деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт ба итмом расонид. Мактаб иборат аз 4 синфхона буда, ҷойи хонишро барои 200 хонандаи...
"К+" АЗ УМАРАЛӢ ҚУВВАТОВ ЯК МИЛЛИОН $ ТАЛАБ ДОРАД 27.11.2012 11:04 1110
Ширкати телевизионии "К+" аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон хостааст, маблағи сӯҳбатҳои худро пардохт намоянд.
ЗАРИФӢ БАРОИ МУЛОҚОТ БО ҲАМТОЁНАШ БА БИШКЕК РАФТ 26.11.2012 12:24 1064
Имрӯз, 26-уми ноябр, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ барои иштирок дар мулоқоти ҳамтоёнаш аз Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари минтақа ба Бишкек рафтааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин мулоқот рӯзи 27-уми ноябр дар толори "Конгресс Ҳолл"-и пойтахти Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.
“СМС”-И ХАДАМОТИ АЛОҚА ВА ҚАТЪИ ДАСТРАСӢ БА ФЕЙСБУК 26.11.2012 11:35 1139
Субҳи 26-уми ноябр бархе аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи "Фейсбук"-ро маҳдуд кардаанд.
ШӯРООБОД: ВАКИЛИ "ҚОЧОҚБАР" ДАР РУСИЯ БА ДАСТ АФТОД 26.11.2012 11:32 1125
Вакили Маҷлиси маҳаллии ноҳияи Шӯрообод ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир боздошт шудааст. Ба иттилои масъулони ҳукумати ноҳияи Шӯрообод, Баҳриддин Хоҷаев ба гумони даст доштан дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир моҳе пештар дар қаламрави Русия боздошт шудааст.
ДАР ТАЗОҲУРОТИ ЗИНДОНИЁНИ КОПЕЙСК 8 ПУЛИС ЗАХМӢ ШУД 26.11.2012 11:30 1054
Ба камияш ҳашт корманди нерӯҳои вижаи пулиси Русия ё ОМОН дар ҷараёни фурӯ нишондани тазоҳуроти эътирозии маҳбусон дар зиндони Копейски Русия захмӣ шудаанд. Дафтари матбуоти пулиси ин минтақаи Русия гуфтааст, 250 зиндонӣ шаби шанбе тавонистанд ба боми чанд бинои зиндон баромада, аз мақомот раҳоии гурӯҳи зиндониёнеро талаб кунанд, ки дар ....