13:31:49 26-уми Августи 2025 сол
ЭҲТИМОЛИ ПУЛАКӢ ШУДАНИ РОҲҲОИ НАВБУНЁД ДАР ТОҶИКИСТОН 28.01.2013 16:08 956
Вазири нақлиёти Тоҷикистон пулакӣ шудани роҳҳоеро, ки бо сармояи хориҷӣ сохта мешаванд, аз эҳтимол дур намедонад. Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 28 –уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, эҳтимоли пулакӣ шудани роҳҳои навбунёдро таъйид кард.
ҲАЛОКАТИ 245 НАФАР ДАР МАҲФИЛИ ДОНИШҶӮЁН ДАР БРАЗИЛИЯ 28.01.2013 15:23 958
Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар як клуби шабонаи шаҳри Санта-Мария, воқеъ дар ҷануби Бразилия, ба 245 нафар расид. Даҳҳо нафари дигар дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд.
АЗ ҚАТОРИ ДУШАНБЕ-МАСКАВ 27 КИЛО ҲЕРОИН МУСОДИРА КАРДАНД 28.01.2013 15:20 892
Дар вилояти Астрахан ё Аштархони Русия марзбонони ин кишвар аз махфигоҳе дар қатори Душанбе-Маскав 27 кило ҳероин мусодира кардаанд. Дар ин бора Ирина Ғафурова-намояндаи раёсати марзбонии минтақа ба матбуоти Русия хабар додааст.
ТЕҲРОН АЗ МАВҚУФ ГУЗОШТАНИ МУЗОКИРОТ ИНТИҚОД КАРД 27.01.2013 12:53 1014
Мақомоти эронӣ кишварҳои абарқудратро дар он айбдор намуданд, ки санаи баргузории музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишварро то моҳи феврал мавқуф гузоштанд.
МИЛОШ ЗЕМАН РАИСИҶУМҲУРИ ЧЕХИЯ ИНТИХОБ ШУДААСТ 27.01.2013 12:51 922
Бар пояи иттилоии пешакӣ, нахуствазири пешини Ҷумҳурии Чех раисиҷумҳури ин кишвар интихоб гардидааст.
ҲАЛОКАТИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР СӮХТОРИ МАСКАВ 27.01.2013 10:25 943
Дар пайи сӯхтори бинои навбунёде дар қисмати ҷанубуғарби пойтахти Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷон бохтаанд.Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар пайи сӯхтори рӯзи шанбе (26-уми январ) дар кӯчаи Херсонскии ...
ВИЛОЯТӢ: ҲАМЛА БА СУРИЯ, ҲАМЛА БА ЭРОН АСТ 26.01.2013 16:39 952
Мушовири умури байналмилалии раҳбари Эрон кишварҳои ғарбиро ҳушдор додааст, ки «ҳамла ба Сурия, ҳамла ба Эрон» ба шумор меравад.Али Акбар Вилоятӣ, мушовири умури байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо ...
"КОМ-ЭЙР" БАРОИ ҚОЧОҚИ МУХАДДИРОТ БА ТОҶИКИСТОН "СИЁҲ" ШУД 25.01.2013 19:03 1053
Низомиҳои Амрико “Ком Эйр”- бузургтарин ширкати хусусии ҳавопаймоии Афғонистонро ба рӯйхати сиёҳ даровардаанд. Ба қавли низомиёни ИМА ин ширкат миқдори зиёди маводи мухаддирро тавассути парвозҳои мулкӣ ба Тоҷикистон, ки ба қавли ...
ИТТИҲОДИ АВРУПО САТҲИ ДОНИШҲОИ НАЗАРИЯВИИ КОРКУНОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД 25.01.2013 16:06 936
Бо мақсади шиносоӣ бо рафти коргузории Равзанаи ягонаи миллии Таиланд дар раванди воридотию содиротӣ намояндагони Дастгоҳи Иҷроия, Маҷлиси Намояндагон, вазоратҳову ташкилотҳои мухталиф, ва созмонҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ...
БОЗДОШТИ ЯК ҚОЧОҚБАРИ ШАБАКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР МАСКАВ 25.01.2013 10:35 905
Баъди нопадидшавии мармузаш аз боздошт дар Душанбе вай ҳафт моҳ баъд дар Русия дастгир шуд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки дар ватанаш барои интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир мавриди пайгарди қонун қарор доштааст.
БОЗДОШТИ КОРМАНДИ ВКД-И ТОҶИКИСТОН 24.01.2013 10:51 1085
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни гузаронидани як силсила чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ чан тан аз нафаронеро, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, боздошт намуд.
ҲАРАКАТ ДАР ШОҲРОҲИ КЎЛОБ - ДАРВОЗ – ХОРУҒ - МУРҒОБ - ҚУЛМА ТАЪМИН АСТ 24.01.2013 10:46 922
Нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ВМКБ яке аз масоили муҳим буда, доимо дар зери назорати ҳукумати Ҷумҳурӣ мебошад. Зеро тавре, ки маълум аст, аз 2712 км роҳҳои худуди Бадахшон 1297 километрашон дорои аҳамияти байналмиллалианд.
13 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ СОХТМОНИ РОҲҲО ДАР БАДАХШОН 24.01.2013 10:43 876
Ҷиҳати ғанигардонии фонди хазинаи давлатӣ Кумитаи андози вилоят дар соли 2012-ум 5 миллиону 603 ҳазор сомонӣ маблағи андоз зиёдтар ҷамъ намуд.Раёсати сармоягузории вилоят барои рушди соҳаи иҷтимоӣ дар Бадахшон ба маблағи 13 миллион ...
РАИСИ АНДОЗ "БАРҚИ ТОҶИК" -РО КАЛОНТАРИН ҚАРЗДОР ХОНД 24.01.2013 10:40 936
Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати «Барқи тоҷик» - ро калонтарин қарздор аз андоз унвон кард, ки то ҳол ба буҷа 256 миллион сомониро пардохт накардааст.Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ...
3 МАЪМУРИ ПУЛИС БАРОИ СӮИИСТИФОДА АЗ МАҚОМ МУРОФИА МЕШАВАНД 23.01.2013 20:26 974
Алайҳи се корманди вазорати умури дохилӣ, ки бо роҳи фишор аз се муҳоҷири тоҷик маблағи 350 ҳазор евро гирифтаанд, парванди ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон ...