Идомаи тазоҳуроти хушунатбор дар Истамбул
05.06.2013 11:15
742
Пулиси Истамбул ба муқобили тазоҳуркунандагон, ки рӯзи 1 июн дар майдони марказии Тақсим гирди ҳам омада буданд, аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода бурд. Тибқи иттилои Associated Press аз тариқи пули Босфор ҳудудан 500 нафар ба самти майдони Тақсим ҳаракат карданд, вале ба муқовимати пулис рӯ ба рӯ гаштанд. ....
Ҳалокати одамон бар асари гармии моҳи май
05.06.2013 11:14
758
Тибқи иттилои департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вазорати корҳои дохилии Ҳиндустон зарфи ду моҳи охир дар ин кишвар ҳудудан 500 нафар бар асари гармои тақатшикан ҷони худро аз даст доданд.
Хуруҷи бемории меъдаи Зайд Саидов
05.06.2013 11:13
764
Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, ки аз 19 май ба инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, аз интизории шахси зерҳимояашон ба муоинаи табибон хабар додаанд.
Чархболи президенти Эрон ба садама дучор шуд
05.06.2013 11:11
763
Расонаҳои эронӣ аз садамаи чархболи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод дар баландиҳои кӯҳи Албурз хабар доданд.
Намоишҳои эътирозӣ 67 шаҳри Туркияро фаро гирифтанд
05.06.2013 11:09
720
Дар ҷараёни беназмиҳо дар Туркия бештар аз 1700 нафар боздошт шуданд, вале намоишҳои эътирозӣ ба сурати пароканда ҳамоно идома доранд. Дар ин бора рӯзи душанбе France-Presse истинодан ба вазири умури дохилии ин кишвар Муаммар Гюлер иттилоъ дод. Вазир гуфтааст, ки аксари дастгиршудагон баъди сӯҳбатҳои муқаддамотӣҷавоб дода шуданд.
Бонки ҷаҳонӣ ба 22 ҳазор тоҷикистонӣ ҷои кор медиҳад
04.06.2013 16:45
843
Бонки ҷаҳонӣ барои тақкими амнияти озуқавории Тоҷикистон ба татбиқи барномаи беҳбуд бахшидани вазъи кишоварзӣ дар 12 ноҳияи ин кишвар оғоз кард, ки маҷмуан 43,9 миллион долларро дар бар мегирад.
"Тоҷиктрансгаз" коргаронашро ба рухсатии бемуҳлат фиристод
01.06.2013 09:15
889
Бинобар қатъи интиқоли газ аз Узбакистон, ширкати «Тоҷиктрансгаз» аксари кулли кормандонашро ба рухсатии бемӯҳлат фиристодааст.Саидаҳамад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар сӯҳбат ба мо гуфт, ба ғайр аз 4 шасхи масъул, бақияи корманди ширкат ба рухсатии бемуҳлат фиристода шудаанд...
Чин ба бозори матбуоти Тоҷикистон ворид мешавад
31.05.2013 17:29
1281
Имрӯз, ҷумъаи 31 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии маҷаллаи чинии «Контимост» баргузор гардид. Хабарнигори мо, ки дар маросими муаррифии ин маҷаллаи чинӣ ширкат дорад, гуфт, «ин маросим бо ширкати мақомоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва масъулони сафорати Чин дар Душанбе ва ноширони ...
Таҳдид ба боз як узви Тоҷикистони нав
29.05.2013 17:42
1295
Мавҷуда Соҳибназарова, як узви Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар пайи дарёфти нома ва зангҳои таҳдидомез ба Кумитаи амнияти миллӣ муроҷиат кардааст. Мавҷуда Соҳибназарова рӯзи 29-уми май ба мо гуфт, ки аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва телефон ба ӯ аз тарафи афроди ношинос таҳдид шудааст ...
Президент Бозор Собирро дар Қасри Миллат пазироӣ мекунад
29.05.2013 17:35
1058
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 май шоири саршиноси тоҷик Бозор Собирро дар Қасри Миллат ба ҳузур мепазирад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, «мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бозори Собир панҷшанбеи 30 май соати 10. 30 дадиқа дар Қасри Миллат сурат мегирад».
5,5 соли зиндон ба гумонбари асосии марги Ҳамза Икромзода
29.05.2013 17:33
900
Гумонбари асосӣ дар марги маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон рӯзи 29 май корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов – гумонбари асосӣ дар латукӯби маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.
Даъвати Рамзия Мирзобекова барои "сӯҳбат" ба Кумитаи амният
29.05.2013 10:06
939
Барандаи чандин ҷоизаи журналистӣ, муовини сардабири “Азия- Плюс” Рамзия Мирзобекова ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шудааст. Ба вакили ӯ гуфтаанд, ин даъват ба мақолаҳои ӯ рабте надошта, ба коре марбут аст, ки Рамзия дар шабакаи ҷаҳонии интернет анҷом додааст.
Раиси ҲНИТ дар Кӯлобро 2 000 сомонӣ ҷарима бастанд
29.05.2013 10:02
794
Додгоҳи Кӯлоб раиси бахши шаҳрии ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар ин шаҳрро 2 ҳазор сомонӣҷарима кард.Додгоҳ Абдусамад Ғайратовро дар вайрон кардани моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷалби ноболиғон ба маросимҳои динӣ ва моддаи ...
Аҳзоб ба САҲА чӣ хоҳанд гуфт?
28.05.2013 16:52
919
Баъд аз зуҳри сешанбеи 28-уми май мулоқоти намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо сафири нави САҲА баргузор мешавад. Ин мулоқот бо даъвати намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон сурат мегирад.Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ...
Бозори Собир бо даъвати ҳукумат ба Тоҷикистон баргаштааст
27.05.2013 22:13
976
Шоири шинохтаи тоҷик Бозори Собир, ки шоми 27 май ба Тоҷикистон баргашт, мегӯяд, инбор бо даъвати ҳукумат омадааст.Бозори Собир, ки тайи 19 соли мусофираташ дар Амрико дастикам 3 дафъа ба Тоҷикистон омада буд, баъди берун шуданаш аз фурудгоҳ ба хабарнигорони ...