00:06:09 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Боздошти 300 намозгузор аз масҷиде дар Маскав

Пулиси Русия рӯзи ҷумъа аз як масҷиди Маскав 300 нафаро боздошт кард, ки 170 нафари онҳо хориҷиён мебошанд. Мақомоти интизомии Русия то кунун сабаби боздошти ин афродро шарҳ надодаанд. Пулис гуфтааст, дар ин маҳал адабиёти исломӣ ба даст омада ва таҳқиқот ҷараён дорад, то маълум шавад, ки ин навиштаҳо то чӣ ҳадд мардумро ба «ифротгароӣ» даъват мекунанд.

zaderzhany-08062013Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Убайдуллоҳ Назруллоев, як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбат ба мо гуфт, нерӯҳои интизомии шаҳри Санкт-Петербург дирӯз пас аз намози ҷумъа атрофии масҷиди мавзеи Саловои ин шаҳрро иҳота карданд: «Дар ин масҷид аз се то чор ҳазор нафар намоз мехонданд ва дар вақти намозхонӣ масҷидро пулис иҳота карда ва баъдан ҳамаро қапида бурданд. Баъзеҳоро депортатсия карданд, баъзеҳоро ҷарима. Маро низ боздошт карданд ва ҳуҷҷатҳоямро гирифта то рӯзи душанбе озод карданд. Ҳоло ҳуҷҷатҳоям дар ФМС аст ва намедонам, ки маро депортатсия мекунанд ва ё ҷарима».

Тибқи гузоришҳо, дар соли равон ин савумин амалиёт бар масоҷид ва марказҳои исломӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия мебошад.

Ин иқдом баъд аз он сурат мегирад, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин қабл аз бозиҳои зимистонӣ олимпӣ дар Сочӣ, ба саркӯб кардани ба таъбири ӯ «ифротгароёни исломӣ» дастур дод.

Владимир Путин рӯзи ҷумъа ба афсарони амниятии ин кишвар изҳор дошт, ки ҷанг алайҳи фасоди идорӣ, ҷиноятҳо ва шӯриш бояд ба шакли хашин ва давомдор пеш бурда шавад. Ӯ афзуд, вазъият ба вижа дар шимоли Қафқоз ҳамеша таҳти назорат қарор дошта бошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi