16:50:59 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Толеъ Холназаров

Толеъ Холназаров, ки 38 сол дорад, феълан варзишгарон аз Имороти Муттаҳидаи Арабро барои бозиҳои паралимпии соли 2016 тамрин медиҳад. Толеъ барои ду ҳафта тими “Хурфакан” аз Имороти Арабро дар шаҳри Пардубитсаи Ҷумҳурии Чех машқ медиҳад. Толеъ Холназаров соли 1975 дар Душанбе дар хонаводаи адиби танзнавис Имомназари Холназар ва доктори улуми забоншиносӣ Зебунисо Холназарова ба дунё омадааст. Се фарзанд дорад ва феълан дар Дубай ба сар мебарад.

tolee-kholnazarov 09062013Толеъ Холназаров аз поягузорони поягузори пауэрлифтинг, ё сеҳарбаи қудратӣ дар Тоҷикистон ва ҳам раиси Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги ин кишвар буда, аз хушномтарин варзишкорони тоҷик дар ин ришта ба ҳисоб меравад. Толеъ дар сеҳарбаи қудратӣ дар соли 2006 дар байни варзишкорони ҳирфаӣ унвони қаҳрамони ҷаҳонро ҳам ба даст оварда буд, вале баъди лат хӯрданаш дар соли 2010 аз идомаи мусобиқот канор рафт ва мураббӣ шуд.

Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон дар соли 2002 бо ибтикори Толеъ Холназаров таъсис ёфта, раиси ин федеросиюн ҳам худи ӯст. Толеъ Холназаров аввал дар рақобатҳо дар вазни 82 кг, баъдан дар вазни 90 кг, аз соли 2006-ум дар вазни 100 килограмм ҳунарнамоӣ мекард. Ахиран ӯ дар вазни 110 кг рақобат намуд. Натиҷаи беҳтаринаш дар сеҳарба 950 килограмм ва дар як навъи рақобатҳо – бардоштани вазна то камарбанд – 345 килограмм мебошад.

Дастовардҳои бузурги варзишии Толеъ Холназаров дар риштаи пауэрлифтинг:

соли 1996 – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Финляндия,

соли 1997- қаҳрамон ва соли 1998-ум барандаи Ҷоми Қазоқистон,

соли 1998 – барандаи медалҳои тилло ва биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маҷористон,

соли 2000 – барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Навоии Узбакистон,

соли 2005 – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,

соли 2006 - барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни варзишгарони ҳирфаӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,

соли 2008 – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Палм бичи иёлати Флоридаи Амрико.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi