04:27:35 26-уми Августи 2025 сол
Бонки ҷаҳонӣ ба 22 ҳазор тоҷикистонӣ ҷои кор медиҳад 04.06.2013 16:45 854
Бонки ҷаҳонӣ барои тақкими амнияти озуқавории Тоҷикистон ба татбиқи барномаи беҳбуд бахшидани вазъи кишоварзӣ дар 12 ноҳияи ин кишвар оғоз кард, ки маҷмуан 43,9 миллион долларро дар бар мегирад.
"Тоҷиктрансгаз" коргаронашро ба рухсатии бемуҳлат фиристод 01.06.2013 09:15 901
Бинобар қатъи интиқоли газ аз Узбакистон, ширкати «Тоҷиктрансгаз» аксари кулли кормандонашро ба рухсатии бемӯҳлат фиристодааст.Саидаҳамад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар сӯҳбат ба мо гуфт, ба ғайр аз 4 шасхи масъул, бақияи корманди ширкат ба рухсатии бемуҳлат фиристода шудаанд...
Чин ба бозори матбуоти Тоҷикистон ворид мешавад 31.05.2013 17:29 1295
Имрӯз, ҷумъаи 31 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии маҷаллаи чинии «Контимост» баргузор гардид. Хабарнигори мо, ки дар маросими муаррифии ин маҷаллаи чинӣ ширкат дорад, гуфт, «ин маросим бо ширкати мақомоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва масъулони сафорати Чин дар Душанбе ва ноширони ...
Таҳдид ба боз як узви Тоҷикистони нав 29.05.2013 17:42 1306
Мавҷуда Соҳибназарова, як узви Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар пайи дарёфти нома ва зангҳои таҳдидомез ба Кумитаи амнияти миллӣ муроҷиат кардааст. Мавҷуда Соҳибназарова рӯзи 29-уми май ба мо гуфт, ки аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва телефон ба ӯ аз тарафи афроди ношинос таҳдид шудааст ...
Президент Бозор Собирро дар Қасри Миллат пазироӣ мекунад 29.05.2013 17:35 1084
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 май шоири саршиноси тоҷик Бозор Собирро дар Қасри Миллат ба ҳузур мепазирад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, «мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бозори Собир панҷшанбеи 30 май соати 10. 30 дадиқа дар Қасри Миллат сурат мегирад».
5,5 соли зиндон ба гумонбари асосии марги Ҳамза Икромзода 29.05.2013 17:33 913
Гумонбари асосӣ дар марги маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон рӯзи 29 май корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов – гумонбари асосӣ дар латукӯби маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.
Даъвати Рамзия Мирзобекова барои "сӯҳбат" ба Кумитаи амният 29.05.2013 10:06 951
Барандаи чандин ҷоизаи журналистӣ, муовини сардабири “Азия- Плюс” Рамзия Мирзобекова ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шудааст. Ба вакили ӯ гуфтаанд, ин даъват ба мақолаҳои ӯ рабте надошта, ба коре марбут аст, ки Рамзия дар шабакаи ҷаҳонии интернет анҷом додааст.
Раиси ҲНИТ дар Кӯлобро 2 000 сомонӣ ҷарима бастанд 29.05.2013 10:02 804
Додгоҳи Кӯлоб раиси бахши шаҳрии ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар ин шаҳрро 2 ҳазор сомонӣҷарима кард.Додгоҳ Абдусамад Ғайратовро дар вайрон кардани моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷалби ноболиғон ба маросимҳои динӣ ва моддаи ...
Аҳзоб ба САҲА чӣ хоҳанд гуфт? 28.05.2013 16:52 934
Баъд аз зуҳри сешанбеи 28-уми май мулоқоти намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо сафири нави САҲА баргузор мешавад. Ин мулоқот бо даъвати намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон сурат мегирад.Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ...
Бозори Собир бо даъвати ҳукумат ба Тоҷикистон баргаштааст 27.05.2013 22:13 1002
Шоири шинохтаи тоҷик Бозори Собир, ки шоми 27 май ба Тоҷикистон баргашт, мегӯяд, инбор бо даъвати ҳукумат омадааст.Бозори Собир, ки тайи 19 соли мусофираташ дар Амрико дастикам 3 дафъа ба Тоҷикистон омада буд, баъди берун шуданаш аз фурудгоҳ ба хабарнигорони ...
Мулоқот бо ҷавонони кишвар 24.05.2013 10:24 1001
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад ба истиқболи Рӯзи ҷавонон бо зиёда аз 2200 нафар ҷавонони пешсафу ташаббускори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.
Омина Афзалӣ: «Занони Афғонистон намегузоранд мутаассибон боз ба сари қудрат биёянд» 23.05.2013 12:48 986
21-уми май, бо ибтикори Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси ниёгони АИ Тоҷикистон мулоқоти аъзои раёсати ин Анҷуман бо Омина Афзалӣ, вазири кор, умури иҷтимоӣ, шуҳадо ва маълулини ...
Академияи исломии ҲНИТ-ро бастанианд 23.05.2013 12:40 1054
Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) таъкид кардааст,ки як ҳизби сиёсӣ ҳаққи доштани Акдамияи исломиро надорад ва бояд онро барҳам диҳад.Зубайдуллоҳи Розиқ - раиси Академияи исломии ҲНИТ рӯзи 21 май ба мо ин ...
Барзу Абдураззоқов: Боздошти Зайд як амали нангин аст 23.05.2013 12:38 990
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, таъқиби Зайд Саидовро ҳамчун як “амали нангин” маҳкум кард ва гуфт, мехоҳад роҷеъ ба ин қазия ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кунад.
Шӯрои ҲНИТ: Боздошти Зайд Сайидов иқдоми ҳадафмандона аст 20.05.2013 22:31 1054
Шӯрои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо пахши изҳороте боздошти Зайд Саидов, раиси гурӯҳи мубтакирони ҳизби "Тоҷикистони нав" -ро як иқдоми "сирф сиёсӣ" хондааст ва онро муғойир бо қавонини кишвар ва фарҳангӣ сиёсӣ донистааст.