23:58:10 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Боздошти ду раҳбалади тоҷик дар қаламрави Узбакистон

Ду роҳбалади қатори роҳи оҳани Душанбе-Маскавро дар қаламрави Узбакистон боздошт кардаанд. Шаҳноза Раҳмонбердиева, духтари Ширинмоҳ Зокирова гуфт, мақомоти интизомии Узбакистон модари ӯ ва ҳамкораш Қурбон Зариповро ҳанӯз рӯзи 27 май дар роҳи бозгашти қатор аз сафари Маскав боздошт кардаанд.

rohi-ohan 18062013Шаҳноза Раҳмонбердиева рӯзи 18 июн ба мо гуфт, Ширинмоҳ Зокироваи 43-сола ва Қурбон Зариповро мақомоти гумруки Узбакистон бо гумони даст доштан дар қочоқи 2 кило маводи мухаддир аз қатор фаровардаанд. Бино ба иттилоъи Шаҳноза, модари ӯ бо ҳамкораш дар Тошканд дар боздошт қарор доранд: “Шиносномаҳову пул ва тамоми чизҳои онҳоро  гирифтаанд. Ҳамин дирӯз модарам ба ман СМС фиристод ва хабар дод, ки мақомоти Узбакистон мақоми онҳоро аз “гумонбар” ба “шоҳид” иваз кардаанд. Вале инак 22 рӯз боз онҳо дар боздошт қарор дошта, ба хона баргашта наметавонанд.”

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абулфайз Атоев низ дар сӯҳбат бо мо хабари боздошти ин ду роҳбалади тоҷикро тасдиқ кард. Оқои Атоев дар пайи тамос бо сафорати Тоҷикистон дар Тошканд гуфт, ин ду шаҳрванди тоҷик дар воқеъ дар як парвандаи марбут ба қочоқи маводи мухаддир ҳамчун “шоҳид” мегузаранд.

“Дар сафорати Тоҷикистон хабар доданд, ки мақомоти Узбакистон аз Душанбе дар амри ташхиси шахсияти боздоштшудагон ва дастрасӣ ба иттилоъи дигар кумак хостаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистонро кай ва таҳти чӣ шароите раҳо хоҳанд кард,” – афзуд сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Шаҳноза Раҳмонбердиева, ки дар Донишкадаи тиҷорати Душанбе таҳсил мекунад, ба мо гуфт, модараш тайи ин 22 рӯзе ки дар Узбакистон дар боздошт қарор дорад, ҳафтае 1 ило 2 маротиба СМС мефиристад ва хабар медиҳад, ки сиҳҳату саломат аст ва умедвор аст, ки масъалаашро ҳарчӣ зудтар ҳалл кунанд.

Ба гуфтаи Шаҳноза, ҳам Ширинмоҳ Зокирова ва ҳам Қурбон Зарипов ҳарду аз ноҳияи Фархоранд ва модари ӯ 8 сол боз дар ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳайси роҳбалад кор мекунад. Ӯ 6 сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуда, ду фарзандашро мустақилона тарбия мекунад ва ба гуфтаи духтараш, “дар ягон кори ғайриқонунӣ даст надошт.”

Дар гузашта низ мавридҳои аз қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон фаровардану барои моҳҳо боздошт кардани шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Узбакистон зиёд мушоҳида шудааст. Мусофирони тоҷикро асосан бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир, адабиёти мазҳабӣ ё ашёи дигаре ки ҳамлу нақлаш аз ҳудуди Узбакистон манъ аст, ё бо далели вуҷуди навоқис дар асноди онҳо, аз қатор пойин мекунанд. Вале дар чанд соли охир ин бори аввал аст, ки мақомоти Узбакистон ду раҳбалади қатори Душанбе-Маскавро аз қатор пойин ва боздошт мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi