16:36:29 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Майор пас аз 9 соли фирор боздошт ва зиндонӣ шуд

Пас аз нӯҳ соли фирор Баҳриддин Иброҳимов, собиқ сардори дидбонгоҳи «Себандӣ» дар ноҳияи Шӯрообод боздошт ва бо ҳукми Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон барои 13 сол равонаи зиндон гардид.

arest misha-21062013Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки майор Баҳриддин Иброҳимов ҳангоми фаъолият ҳамчун сардори дидбонгоҳи сарҳадии «Себандӣ», ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор даст задааст. Имрӯз, 21-уми июн аз ҳукми Додгоҳи ҳарбии Хатлон даҳ рӯз гузашт ва ҳамакнун он ба қувваи қонун даромад.

Баҳриддин Иброҳимов соли 2004 бо воситаи додарарӯсаш Қурбонов Маҳмудҷон, бо тахалуси «Миша» то деҳаи Қоқободи ноҳияи Восеъ беш аз 22 килограм афюнро меорад ва дар хонаи Нурмадов Муруватшоҳ пинҳон мекунанд. Маводи мухаддир аз хонаи Нурмадов пайдо мегардад ва ӯ пас аз боздошт «бори Иброҳимов» будани ин миқдор маводи мухаддирро тасдиқ мекунад.

Пас аз боздошти додарарӯсаш ва Нурмадов Муруватшоҳ, Иброҳимов ба Русия фирор мекунад ва моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми дар ватан будан аз ҷониби кормандони умури дохилӣ боздошт мешавад.

Дидбонгоҳи «Себандӣ», ки Баҳриддин Иброҳимов дар он фаъолият дошт, наздики деҳаи Қавоқ, ки онро «деҳае дар чорроҳаи маводи мухаддир» низ ном мебаранд, ҷой гирифтааст.

Додараруси Иброҳимов бо тахалуси «Миша» пас аз зиндонӣ шудан дубора авф мешавад, вале ҳоло бинобар гумонбар донистани ӯ дар муомилоти маводи мухаддир, дубора дар пайгард қарор дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi