11:52:03 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МУҲОҶИРОН - "ШИНОСНОМА"-И МИЛЛАТҲО ДАР ХОРИҶ

Тоҷикистон баъд аз истиқлол ба содиркунандаи нируи кории арзон ба кишварҳои хориҷӣ, ба вижа ба Русия табдил шудааст.

/images/stories/2012/03/29_migrant-muhojir_29312.jpgДар Русия ин нерӯи корӣ ба муаррификунандаи симо ё эътибори Тоҷикистон табдил ёфтааст, ки касе наметавонад онро қонеъкунанда арзёбӣ кунад. Дар қадами аввал эҳтимолан худи Русия ҳаводори қабули чунин нируи кории арзон аз кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла аз Тоҷикистон аст ва то андозае мехоҳад муҳоҷирон бо доштани дониши андак ва касбҳои камдаромад, ҳамин “мақом”-и худро дар бозори кори Русия ҳифз кунанд.

Вале бисёре аз коршиносони тоҷик мегӯянд, ки тоҷикон истеъдоди хуби касбомӯзӣ доранд ва дар сурати барномарезиҳои дақиқу пайгир, онҳо метавонанд ба бозорҳои кории кишварҳои аврупоӣ ва Амрико низ роҳ ёбанд ва эътибори тоҷиконро дар арсаи байналмиллалӣ боло бибаранд.

Манучеҳр Қудратов аз ҷумлаи ҷавонони камшумори муҳоҷири тоҷик аст, ки соли 2005 бо талошҳои пайгири худ ба Аврупо роҳ ёфт. Ҳоло вай ба унвони яке аз ҷавонтарин олимон Тоҷикистонро дар Олмон муаррифӣ мекунад. Манучеҳр мегӯяд, ки соли 2005 дар яке аз конфронсҳои байналмиллалӣ баъд аз суханрониаш вайро ба Олмон даъват кардаанд:

“Ман раҳбарии як барномаи илмии таҳқиқотиро дар пажуҳишгоҳи Аврупои Шарқӣ дар Берлин бар ӯҳда дорам, ки гузариши мурофиаи ҷиноятӣ дар кишварҳои пасошӯравиро аз системаи инкизитсионӣ ба системаи мубоҳисавӣ таҳқиқ менамояд. Ман аз роҳи хусусӣ худам ба ин ҷо омадам. Соли 2005 дар яке аз конфронсҳо бо раҳбари илмии худ шинос шудам ва вай маро барои кор дар гурӯҳи худ ба Олмон даъват кард. Ман ин ҷо зери раҳбарии вай рисолаи доктории худро навиштам ва соли 2010 ҳимоя кардам.”

Манучеҳр мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳар шахс имкон дорад ба чунин зина бирасад ва он ба талошу иродаи худаш вобаста аст. Ҳоло дар Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷират ташкил шудааст ва барои нируи иловагии кории худ дар хориҷ ҷойи корӣ ҷустуҷӯ мекунад.

Мансур Орифов-сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин хадамот барои боло бурдани эътибори муҳоҷирони корӣ барномаҳое таҳия кардааст: “Барои баланд бардоштани обрӯ ва эътибори муҳоҷирони корӣ як қатор барномаҳо дар стратегияи миллӣ дар назар гирифта шудааст ва он тайёр намудани муттахассисони ба бозор ҷавобгӯ мебошад”.

Ду ҳафта пеш Сафиаллоҳ Девонаев-раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишварҳои аврупоӣ дар бахши барномарезии компютерӣ 200 ҳазор ҷойҳои холии корӣ мавҷуд аст ва Тоҷикистон коршиносони худро дар оянда тарбия мекунад ва ба он ҷо мефиристад. Вале то куҷо ин барнома амалишаванда аст?

Илҳом Давронов ҷавоне, ки дар Душанбе коршиноси бахши компютерист мегӯяд, вай тоҷиконеро мешиносад, ки дар Аврупову Амрико дар бахшҳои компютерӣ бомуваффақият кор мекунанд. Вале рақобат дар он ҷо хеле сахт аст: “Тоҷикони мо қобилиятнок ҳастанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки кишварҳое мисли Ҳиндустону Покистон барномасозҳои хеле қавӣ доранд ва тоҷикон бояд хеле талош кунанд, ки бо онҳо рақобат карда тавонанд.”

Тарбияи коршиносон чӣ дар бахшҳои компютерӣ ва чӣ дар бахшҳои дигари илму иқтисод сармоя ва пойгоҳи қавии муҷаҳҳаз мехоҳад.

Мансур Орифов, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, дар ин замина барномаҳои ин хадамот то соли 2015-ро ба тасвиб расидааст, вале илова кард, ки дар марҳилаи кунунӣ сарчашмаҳои молии ҳукумати Тоҷикистон барои ин кор кифоят намекунад: “Маблағҳое, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ҷудо карда истодаанд, ҳамаи лоиҳаҳоеро, ки мо тарҳрезӣ кардаем, дар бар гирифта наметавонад. Мо ташкилотҳои байналмиллалии ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатиро ҷалб карда истодаем. Бе кӯмаки молӣ ҳамаи барномаҳое, ки мо дорем, амалӣ кардан мушкил аст”.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мехоҳад барои фиристодани муҳоҷирони варзидаи кории худ ба кишварҳои аврупоӣ бо ин кишварҳо санадҳои ҳуқуқӣ имзо кунад.

Вале Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива Плюс” мегӯяд, то кунун ҳеҷ як аз кишварҳои аврупоӣ бо Тоҷикистон дар ин бора қарордод имзо накардаанд. Вай дар марҳалаи кунунӣ имзои чунин созишномаҳо бо Аврупоро ғайримумкин медонад:

“Ман он қадар бовар надорам, ки давлатҳои аврупоӣ тоҷиконро ба оғӯш бигиранд. Дар кишварҳое, ки ҷанг буд ва қисми зиёди аҳолӣ мусулмон ҳастанд, баъзе кишварҳои аврупоӣ аз он каме ҳарос ҳам доранд. То чӣ дараҷа онҳоро қабул мекунанд ва то чӣ дараҷа мо чизеро дар дохил аз даст намедиҳем, ҳоло маълум нест. Агар ин гуна барномаҳо шурӯъ шавад, қисми зиёди муттахассисон аз мо мераванд. Баъд худи мо аз куҷо муттахассис ёбем.”

Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ барномаи “соҳибкасб” кардани муҳоҷирони кории тоҷикро муаррифӣ карда буд.

Масъуд Собиров-раиси ин ҳизб мегӯяд, Тоҷикистон то ҳол аслан “нируи кории сиёҳ” содир кардааст. Бояд омӯзиши касб бар асоси барномаҳои вижа аз курсии мактабӣ оғоз шавад: “Фақат соҳибкасбу соҳибҳунар кардани мардуми тоҷик аст, ки дар бозори кори Аврупо рақобат карда тавонӣ. Барои муҳоҷири кории тоҷик дигар роҳ нест. Бе донишу бе касб ба дарди худат намехӯрӣ, ба дарди Аврупо чӣ тавр мерасӣ”.

Ба ақидаи Масъуд Собиров, муҳоҷирати кории тоҷикон аз муҳоҷирати шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз қабили Ҳиндустону Покистон, Туркия ва амсоли он фарқ дорад. Онҳо ба Аврупову Амрико барои омӯзиши касб муҳоҷират карданд, вале муҳоҷири тоҷик ночор барои дарёфти маблағе ба Русия меравад, то аъзои хонаводаашро бо нону либос таъмин кунад. Вай ҳеҷ гоҳ дар бораи эътибори тоҷикону Тоҷикистон фикр намекунад, фикри вай бо ҳар роҳе ба даст овардани пуле барои гузарони рӯзгораш аст.
Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi