16:31:39 15-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Саидаҳмад Маҳмадов: "То даме ҳастам, тоҷикро кӯмак мекунам"

Талабшоҳи Салом, махсус барои «Рӯзгор»

Муаррифинома

Саидаҳмад Маҳмадов соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Туғаланги собиқ ноҳияи Колхозобод, Ҷалолиддин Румии ҳозира ба дунё омада, соли 1982 мактаби таҳсилоти умумии рақами 6-и ноҳияро хатм намудааст. Солҳои 1983-1989 донишҷӯи факултаи муҳосибии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд ва донишгоҳро бо касби иқтисодчӣ дар соҳаи саноат ба итмом расонд. Мавсуф баъди хатми донишгоҳ тӯли ду сол, солҳои 1984-1986 дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи ИҶШС адои хидмат намуда, ба Ватан баргаштааст.

1.volgograd 2013Баъд аз адои хидмати ҳарбӣ, соли 1989 ҳамчун корманди Иттифоқи коммунистии ҷавонон (Комсомол)-и ноҳияи Колхозобод ба фаъолият пардохта, то соли 1991 дар симмати мудири шуъбаи ташкилии ин созмони ҳизбӣ кор кардааст. Соли 1991 бошад, дар назди Комсомол Маркази ҷавонон (Комсомольский молодёжный центр) созмон меёбад, ки сарварии он ба зиммаи Саидаҳмад Маҳмадов вогузор мегардад. С. Маҳмадов то соли 1992 сарварии маркази зикршударо уҳда кард. Соли 1992 бошад, воқеоти хуношоми кишвар буруз намуданд, ки раванду оқибати он ба касе пӯшида нест. Бад-ин хотир мусоҳиби мо низ дар қатори чандин ҳазор шаҳрванди кишвар соли 1993 Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк карда, шаҳри Волгогради Русия нишеман ихтиёр кард. Феълан, раисии Ҷамъияти тоҷикони Волгоградро ба зимма дошта, хоҷагии деҳқонӣ низ дорад.

Чанде пеш журналисти шинохта Талабшоҳи Салом сафаре дошт ба кишвари Русия. Қабл аз оғози ин сафар ҳафтаномаи "Рӯзгор" аз ӯ хоҳиш намуд, ки як силсила матолиберо аз ҳаёти муҳоҷирини меҳнатии дар ин кишварбуда барои нашрияи мо омода намояд. Талабшоҳ лутфан дархости моро пазируфт. Тӯли беш аз дуҳафтаина сафари хеш Талабшоҳ дар ин росто корҳоеро низ анҷом додааст ва инак баъди бозгашт ба Ватан нияти вафо кардан ба аҳди хешро дорад. Нахустин маводи ӯ мусоҳибаест бо сарвари Ҷамъияти Тоҷикони вилояти Волгоград Саидаҳмад Маҳмадов.

Чун сафаре ба Федератсия Русия доштем, ба ибораи халқӣ, сари як қадам мусоҳибае оростем атрофи фаъолиятҳои ӯ дар Волгоград, вазъи муҳоҷирини корӣ ва умуман, Ҷамъияти тоҷикон дар ин вилоят, ки кунун пеши хонанда матраҳ аст.

- Муҳтарам Саидаҳмад Маҳмадов, лутфан бигӯед, ки Шумо ҳамчун муҳоҷир чаро Волгоградро ихтиёр намудед?

- Ҳанӯз соли 1989 ҳамчун сардори лагери истироҳатӣ-меҳгатӣ ҳамроҳи 320 нафар хонандаи мактаби ҳамагонӣ ба Волгогард омада, тӯли ду моҳ - моҳҳои июл ва август дар ин ҷо кор кардам. Он замонҳо, ки совхозҳои калон фаъолият мекарданд, барои талабаҳо ҳам лагер ташкил мекардему ҳам онҳо бо чидани помидор фоида ба даст меовардем. Ин амал, ки аз тарафи  ташкилоти комсомоли ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешуд, то ҷое маро ба вазъи кор дар Волгоград ошно карда буд.

-Соли 1993, вақте ки Шумо ба вилояти Волгоград ҳиҷрат намудед, дар солҳои аввали муҳоҷирӣ чӣ шуғлеро интихоб намудед?

-Замоне ки омадем, як корхонаи хурди кооперативӣ ифтитоҳ намудем, ки се-чаҳор мағозаи сабзавотфурӯширо ба ҳам муттаҳид мекард ва аз ҳамин кори мо шуруъ шуд.

-Чанд сол ин кори Шумо идома ёфт ва минбаъд чӣ гуна фаъолияти Шумо доман густард?

-Як - якуним сол бо шевае ки гуфтам, кори мо идома пайдо кард, баъдан, ба кори кишоварзӣ гузашта, айни ҳол ҳам ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар соҳаи мазкур фаъолият карда истодаем.

Бояд илова намоям, ки шуруъ аз аввали соли фаъолият то ҳозир шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи тамоми меъёрҳои қонунгузории ду кишвар, Тоҷикистон ва Федератсия Русия омада, ҳамроҳи мо фаъолият менамоянд. Ҳамзамон дар заминаи корхонаи аввалӣ корхонаи сохтмонии дигареро низ боз намуда, ҳамчун иҷроишгар фаъолият менамоям, ки дар сохтори мазкур ҳам тоҷикон фаъолият мекунанд.

Соли 1996 зери унвони "Конгресс" фаъолияти корхонаи ҷамъиятиеро ба роҳ мондам, вале соли 2000-ум корхонаи мазкур бадал ба Ҷамъияти тоҷикони вилояти Волгоград шуд.

-Бар маҳзи кадом авомил Ҷамъияти тоҷикони вилояти Волгоград ба вуҷуд омад?

-Аввалин сабаби ба вуҷуд омадани ҷамъият бурузи мушкилоти тоҷикони муҳоҷир дар солҳои аввали фаъолияти мо дар шаҳри Волгоград буд. Дар чунин ҳол, мо, як гурӯҳ тоҷикон, тақрибан 30-40 нафар, ки феълан кулли ин афрод шаҳрвандони Федератсияи Русия ҳастанд, ба фикри ташкили ҷамъияте уфтодем ва ниҳоят муваффақ гаштем, то тавониста бошем, ки мадади амалии хешро ба ҳамватанон расонем.

-Камод омилҳо боис шуданд, то Шумо аз соҳаи савдо ё кооператив, ки то ҷое ба касби Шумо алоқаманд буд, ба соҳаи кишоварзӣ рӯ биёред?

-Шуруъ аз соли 1994 тақрибан то солҳои 2010-ум бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Волгоград ба кишоварзӣ машғул буданд. Агарчи ҳоло ҳам қонун фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар соҳаи савдо мамнуъ донистааст, ҳастанд баъзе тоҷиконе, ки бо омода намудани баъзе асноду ҳуҷҷоту мадрак ба савдо машғул ҳастанд. Вале солҳои аввал кулли шаҳрвандони Тоҷикистон ба корҳои саҳроӣ машғул буданд. Бинобар ин ба кишоварзӣ машғул шудам ва 200-300 нафар тоҷикистонӣ омода, дар заминҳои мо кор мекарданд.

Ба ибораи дигар сабаби аслии ба кишоварзӣ рӯ овардани мо таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кор буд. Зеро солҳои аввал 400-500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бинобар он ки шароит надоштанд, то мустақим ба шаҳрҳои дигари Русия ба кор раванд, аввал ба Волгоград омада, ба кишоварзӣ машғул мешуданду баъди ба даст овардани маблағе ба дигар шаҳрҳои ин кишвар сафар мекарданд.

 -Чун Шумо аз фаъолияти муҳоҷирин тоҷик дар ин вилоят ёдовар шудед, нақлҳои дигарон ёдам омаданд, ки дар суҳбатҳо мегуфтанд: солҳои қаблӣ, ки ба қавле замони "рэкет"-ҳо буд, пуштибони тоҷикон дар Волгоград танҳо Саидаҳмад Маҳмадов маҳсуб мешуд. Ӯ дар баъзе маворид ҳатто ҷонашро ба хатар мегузошт…

-Бале. Шуруъ аз соли 1995 то 2005 ниҳоди муваззаф ба муҳоҷират дар Русия вуҷуд надошт. Яъне, дар солҳои аввали истиқлолият ба даст овардани давлатҳои собиқ шӯравӣ Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия созмон дода нашуда буд. Аммо баъд аз он ки муҳоҷирати ғайриқонуниву мардикорӣ зиёд шуд, Ҳукумати Русия маҷбур шуд, ки Хадамоти федералии муҳоҷиратро созмон диҳад.

Бояд гуфт, дар солҳои аввали муҳоҷират аксари муҳоҷирини Волгоград шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Шаҳрвандони дигар мамолик, аз ҷумла Ӯзбакистон, ҳатто 10 фисади муҳоҷиринро ҳам ташкил намекарданд, ҳол он ки тӯли 10-15 соли аввали пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд дар ин ҷо буданд.

Ёд дорам, он солҳо вақте қатораи Тоҷикистон меомад, на пулису масъулини Хадамоти муҳоҷират, балки афроде пайдо шуда буданд, ки мардуми тоҷикро боздошта, ба кордиҳандаҳо мефурӯхтанд. Он замон, ки муқаррароти қавонин сахт гирифта намешуданд, бештар мардумро фиреб мекарданд, ҳаққ-ул-заҳмати эшонро намедоданд. Ҳамзамон надонистани забони русӣ, соҳиби ихтисос набудани муҳоҷирин онҳоро пешорӯи мушкилот қарор медод.

Бардошти ман чунин аст, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва оғози муҳоҷират насле ба воя расида, ба муҳоҷират рӯ овард, ки тӯли 5-6 соли ҷанг дарс намехонд. Масалан, онҳое, ки дар даврони ҷанг 12-13-сола буданд, баъди хатми мактаб ба Русия омаданд. Ин идда аксаран бесавод буданд. Бо вуҷуди ин дар Русия пуштибоне низ надоштанд. Бинобар ин ба мушкилоти зиёде дучор мешуданд, ҳатто ҷойи истиқомат намеёфтанд.

Ин дар ҳоле буд, ки тавре дар боло гуфтам, тоҷикон ба кишоварзӣ шуғл меварзиданд. Илова бар ин корфармоён гуногунмиллат буданд. Яъне, гуфтанӣ ҳастам, ки то соли 2000-ум корфаромоёне дар соҳоти мухталиф, аз ҷумла савдо ва кишоварзӣ бисёр буданд, бинобар ин тоҷикон ҳанӯз дар вокзал боздошт шуда, ба дигар кас фурӯхта мешуданду онҳоро ғайриқонунӣ кор мефармуданд; ягон мақомоти давлатӣ аз болои ин амал тафтишот намебурд.

Алъон риояи қонун ҷиддитар шудааст, ҳол он ки дар солҳои аввал маблағи муҳоҷирини тоҷикро танҳо бо ҷангу ҷанҷол гирифтан имконпазир буд. Баъзе нафароне аз мардуми мо, ки аввалин бор ба Русия меомаданд, ба ҳама бовар мекарданд ва фиреб мехӯрданд. Аз ин сабаб тоҷикони зиёди ҷиҳати ҳалли мушкилоташон ба ман муроҷиат мекарданд.

Тавре гуфтед, воқеан, чандин маротиба маро кӯшиши паррондан ҳам карда буданд. Он замон замони "рэкетӣ" буд, аммо ҳоло ҳамон "рэкетӣ"-ро қонунӣ кардаанд. Манзурам ин аст, ки баъзе аз "рэкет"-ҳо ҳозир раиси созмоне, ҳадди ақал раиси созмони бокс ё аз гӯштин шудаанд. Яъне, ҳамон кори қаблиашонро ба дигар тарз идома дода истодаанд. Аммо ман ба касе сар нафаровардаам ва ҳар тоҷике ба ман муроҷиат кардааст, кори ӯро нотамом нагузоштаам…

Рӯзҳое буданд, ки маро тарсониданд, вале аз роҳ нагаштам. Афроде аз мақомот, дигар корхонаҳо, "рэкет"-ҳо низ буданд, ки на танҳо маро тарсониданд, балки пешниҳодҳое низ карданд, ки бо қабул кардани пешниҳодҳо ва итоат кардан ба онҳо ман соҳиби пулу мол мешудам. Аммо ҳамвора суханам чунин буд: "барои шумо пул ҳам ҷамъ нахоҳам кард ва шуморо низ тарафдорӣ намекунам. То даме ҳастам, тоҷикро кӯмак мекунам".

-Вақте сухан аз боби "рэкет"-ҳо ва муборизаи Шумо бо онҳо барои гирифтани ҳаққи муҳоҷирин рафт, Шумо то ҷое шеваҳои ҳифозати худро аз тоҷикон номбар намудед. Иловатан гуфтед, ҳамон "рэкет"-ҳо кунун амалашонро ба дигар тарз, бо ташкили ҷамъиятҳои варзишӣ ё дигар ниҳод идома дода истодаанд. Пас, Шумо низ, ки Ҷамъияти тоҷикони Волгоградро созмон додаед, метавонем гӯем, ки шеваи ҳифозататон аз ҳуқуқи муҳоҷирин низ тағйир хӯрда?

2.volgograd_2013-Бале, бо вуҷуди он ки 15 сол шуд, тарҷумонӣ низ мекунам. Ҷамъияти мо 5-6 нафар ҳуқуқшинос дорад. Ин ҳама, албатта, барои ҳимояи ҳамватанон аст. Агар мушкилоти ғайриқонуние сари муҳоҷирони корӣ ояд, ҳатман ҳуқуқшиносони мо барои ҳалли он мешитобанд. Ҳуқуқшиносони мо дар чандин мурофиаҳои судӣ ҳамчун вакили дифоъ аз ҷониби ҷамъият иштирок карда, бегуноҳии чандин ҳамватанро, ки гумонбар дониста мешуданд, собит намудаанд. Ин корҳо, албатта, аз ҷониби ҷамъият иҷро шудаанд.

Худи ман низ, ки баъдан, дар ҳамин Русия маълумоти олии ҳуқуқӣ гирифтам, ҳамчун ҳуқуқшинос, тарҷумон ва ҳимоягари ҷамъиятӣ дар бисёре аз маворид аз тоҷикон дифоъ мекунам. Масалан, миёни кормандони пулис ва Хадамоти муҳоҷират буданд гурӯҳҳое, ки амалҳои ғайриқонунӣ мекарданд ва ман ин камбудии онҳоро ифшо намуда, дар ВАО-и вилоятӣҷиҳати ин гуна амалҳои ғайриқонунии масъулини мақомот баромад намудам.

Феълан, аъзои мушовараи Хадамоти федеролии муҳоҷират дар вилоят ҳам ҳастам. Илова бар ин 10 сол боз Кумита оид ба миллатҳо ва казакҳо (Комитет по национальности и казачество) амал мекунад, ки узви бюрои ин созмон низ мебошам. Ҳоло созмони мазкур ба Вазорат оид ба миллатҳо ва казакҳо бадал шуд. То имрӯз шуъбаи ин ниҳод дар тобеияти маъмурияти вилоятӣ амал мекунад. Ҳар як чорабинии фарҳангию сиёсӣ, аз ҷумла ҳар як интихоботеро, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, мо бо ҳамкорӣ ба кумитаи мазкур дар Волгоград онро доир мекунем.

- Таҷриба нишон додааст, ки бисёр вақт муҳоҷирони тоҷик ба дасти касоне меафтанд, ки онҳоро кор фармуда, баъдан, ҳаққ-ул-заҳаматашонро намедиҳанд. Оё дар Волгоград ҳам чунин ҳолатҳо ҳастанд?

-Бале, ҳоло низ ҳастанд чунин ҳолатҳо, вале хеле кам воқеъ мешаванд. Даҳ-дувоздаҳ сол пеш то 40 ҳазор тоҷик ба ин шаҳр ба кор меомад ва чун кори онҳо, ки мавсимӣ буд, аксарияти эшон зимистон ба Ватан бармегаштанд. Агар аз ин теъдод 1-1,5 ҳазор ҳуҷҷат дуруст намуда, шаҳрванд мешуданд, боқӣ, ҳама ба Ватан бармегаштанд.

Шуруъ аз солҳои аввал то ҳозир 3,5-4 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро маҳз дар Волгоград пайдо кардаанд. Дигар тарафи масъала он буд, ки аз ҳамон 40 ҳазоре, ки ин ҷо фаъолият мекарданд, танҳо 10 дар садаш қонунӣ будубошу фаъолият менамуданду халос. Аз ин 10 дар сад танҳо қисме босавод буданд ва барои ҳамин фиреб намехӯрданд. Қисми дигар ба мо муроҷиат мекарданд, ки ҳуҷҷати онҳоро тибқи талаботи қонунгузорӣ, дуруст мекардем, шартномаҳо ташкил медодем, то онҳо гирифтори фиреб нашаванд. 90 дар сади дигар бидуни ҳуҷҷату риояи қонунгузорӣ фаъолият менамуданд ва аз ин миқдор 70 дар сади онҳо фиреб мехӯрданд, зеро ба сухан бовар мекарданд.

Дар ин росто оддитарин масъала ин аст, ки вақте 10 нафар тоҷик ин ҷо меоянд, яке аз онҳо бригардир мешавад. Ҳамон як нафаре, ки бригадир мешавад, бар ивази як маротибае, ки бо кордиҳанда нишаста, қаҳва менӯшад, нуҳ нафар ҳамватани дигарашро фиреб мекунад. Бо чунин афрод бисёр вомехӯрдам, бинобар ин маро бад медиданд. Вале ман чунин касонро оварда, ҳаматараф ҷарима мекардам.

Хуллас, нуҳ нафаре, ки фиреб мехӯрданд, дар давоми як соли кориашон бо нуҳ нафари дигар шинос мешуданд. Ин нуҳ нафар ба Тоҷикистон мерафтанду нуҳ нафари дигарро меоварданд ва ин ҷо даҳ нафар бригадири тоҷик пайдо мешуд. Барои чӣ ин ҷо тоҷик зиёд шуд? Агар соли якум 1000 кас меомад, соли дуввум шумораи онҳо ба 8-10 ҳазор расид. Ва он нуҳ нафар бо нуҳ русу арманӣ ва ғайра кофе нӯшида, ҷӯра мешуду соли дигар, мавсими кор нуҳ нафари дигарро меоварданд, то 100 доллар зиёдтар фоида бинад.

Мо ҳамзамон дунболи ҳамаи онҳо гашта наметавонистем, аммо баъзеҳо, ки мавриди фиреб қарор мегирифтанд, муроҷиат мекарданд, ба мо муроҷиат мекарданд. Баъдан, мо дар пайи ҷустуҷӯи фиребгар мешудем. Ман 40 адад фита сабт дар ин маврид дорам. Талабшоҳ Холиқов, журналисти тоҷик дар ин бора китоб навиштааст.

Талабшоҳ Холиқов вақте ҷиҳати омода кардани мавод омад, мо барои ӯ мошину дигар васоил, ҳамчунин ҳуқуқшинос ҷудо намуда, бо дархости мо аз ҷониби маъмурияти шаҳр, бахши вилоятии ХФМ масъулин муваззаф шуданд, то мизи гирде ташкил намоем, ҳамчунин ба Талабшоҳ Холиқов имконият фароҳам оварда шуд, то тӯли ду-се моҳ дар саҳро бо тоҷикон ҳамсуҳбат гашта, аз ҳолу аҳвол, макони зист, маводи ғизоии онҳо мутталеъ шавад. Ҳозир бошад, тоҷикон дар Волгоград каманд. Агар пештар 40 ҳазор буданд, ҳоло 400-500 нафар мондаанд.

-Хуб, агар гӯем, ки ба қавле "кидат" кам шудааст, боз чӣ мушкилоти дигаре метавонанд муҳоҷирин тоҷики муқими Волгоградро дунбол намоянду онҳо ба Шумо муроҷеъ шаванд?

-Ҳоло аниқ дар ёдам нест, аммо мушкилот ҳанӯз ҳам ҳастанд.

- Мебинам, ки ифтихорномаҳои Шумо аз ҷониби ҳукумати вилояту дигар ниҳодҳо кам нестанд, аммо ба ҳар ҳол, пурсиданиям, ки ҳамкории ҷамъияти Шумо бо ҳукумати вилоят чӣ гуна аст?

-Ҳамкории бо ҳукумат дар сатҳи хеле хуб қарор дорад.

-Масъулин нисбат ба муҳоҷирини кории тоҷик ва Ҷамъияти тоҷикон чӣ назару муносибат доранд?

-Дар умум муносибати масъулин ба Ҷамъияти тоҷикон хуб аст.  Махсусан, дар сатҳи боло. Вале ҳастанд баъзе масъулин дар сатҳи поинтар, ки  ҷамъияти моро он қадар дӯст намедоранд, зеро ҳама мушкилиҳоро рӯйирост мегӯем.

Бар замми ин баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки масъулин онҳоро ба таври сунъӣ месозанд, то муроҷиати муҳоҷирин зиёдтар шавад, барои омода намудани ҳуҷҷатҳояш маблағ диҳад. Масалан, додани патенту иҷозатномаи кориро гирем. Дар ин рабт соле қабл ба Думаи Волгоград маърӯза тайёр карда, ҳамчун раиси Ҷамъияти тоҷикони Волгоград пешниҳод кардам, ки додани патенту иҷозатномаи кориро дар шуъбаҳои хадамот дар навоҳӣ ба роҳ монанд.

Ҳол он ки то ҳол се ҳуҷҷати асосӣ - иҷозатномаи корӣ, патент ва ҳуҷҷати зисти муваққатиро танҳо аз ХФМ-и вилоятӣ метавон дастрас кард. Ҳатто ин масъаларо тавассути "Волгоградская правда" низ гуфтам, ки ин пешниҳоди маро ҷамъиятҳои дигар миллатҳо низ дастгирӣ карданд. Масъаларо ба ҳадде тунд гузоштем, ва ҳатто гуфтем: агар мушкил кабуди корманд бошад, омодаем, моҳонаи ӯро аз ҳисоби худ диҳем, то халқи муҳоҷир азият накашад. Чунки вилояти Волгоград навоҳие дорад, ки 500-600 км дур аз марказ воқеъ шудаанд ва аз он ҷо ба марказ омадани муҳоҷирин масрафи зиёд талаб менамояд. Корфармоҳо бошанд, ин ҳама хароҷотро аз ҳисоби муҳоҷирин мепӯшонанд.

Ахиран, қисман пешниҳоди моро қабул карданд: ҳуҷҷатҳои муҳоҷиринро барои гирифтани патенту иҷозатномаи корӣ дар навоҳӣ қабул мекунанд, аммо ҳуҷҷатҳои лозимиро ба онҳо танҳо дар маркази вилоят медиҳанд. Дар чунин ҳол, саргардонии муҳоҷирин ба назар мерасад. Саргардонӣ, ки бошад, масраф низ ҳаст.

Барои ҳамин дирӯз, вақте ХФМ рафтам (зеро яке аз шиносҳоям занг зада гуфт, ки 4 рӯз боз аз соати 8 то 18 дар назди ХФМ ҳамроҳи завҷааш навбат мепоянд, аммо наметавонанд ҳуҷҷати заруриро бигиранд, бинобар ин ба ХФМ рафта будам), муносибати пулисро ғайри қобили қабул дарёфтам. Кормандони ХФМ, шояд аз хастагӣ бошад, ки дод мезананд… Ахиран, назди сардори ХФМ-и вилоятӣ даромадам, ки дар натиҷаи занг задани ӯ дар тӯли даҳ дақиқа 4 нафар (ду нафари дигар баъдтар пайдо шуд) ҳуҷҷоти лозимиро дастрас карданд.

-Дар боло танҳо аз мушкилоти иҷтимоии муҳоҷирин гуфтем. Вале фарҳанги худи муҳоҷиринро чӣ гуна ташреҳ медиҳед?

-Албатта, фарҳанги тоҷик, мусалмон аз фарҳанги русҳо, ки соҳиби фарҳангу дини дигар ҳастанд, фарқ дорад. Ҳастанд бачаҳое, ки фаҳмишу дониш ва рафтори хуб доранду эътибори тоҷикро баланд мебардоранд, вале тоҷикони дигаре ҳастанд, ки баръакси ин гуфтаҳоянд.

-Барои муҳоҷири тоҷике, ки аз ин ба баъд ба Волгоград омаданист, чӣ маслиҳат медиҳед?

-Маслиҳати ман ин аст, ки аввалан, бояд ҳуҷҷатҳояшонро дуруст намоянд. Дуввум, аз эҳтиёт кор гирифта, тамоми шартномаҳояшонро хаттӣ ва дар доираи қонун бубанданд. Ҳол он ки баъзеҳо танҳо шартномаи лафзӣ доранд. Дар чунин ҳол, ҳаққ-уз-заҳмати эшонро танҳо ба воситаи зӯрӣ гирифта мешаваду халос.

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi