18:25:44 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Олга Тутубалина: Зиёиён бо "ишораи боло" ба додгоҳ рафтаанд


Намояндагони созмонҳои э
ҷодӣ алайҳи хабарнигор ва муҳаррири ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” Олга Тутубалина” ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, як нусхаи ин даъво рӯзи 5 июл ба ин расона расидааст. 

tatubalina-olga 05072013Даъвогарон ҳамчун ҷуброни маънавӣ аз хабарнигор 200 000 сомонӣ, муодили беш аз 40 000 доллар, товон хостаанд. Онҳо ҳамчунин аз додгоҳ хостаанд, ташхиси додгоҳии лингвистикӣ доир карда, ба хотири таъмини заминаи молии даъвояшон молу мулки манқулу ғайриманқули Олга Тутубалинаро ба ҳабс бигирад.

Олга Тутубалина рӯзи 5 июл дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо мо гуфт, баъд аз сарусадое ки ин моҷаро дар матбуот ва маҳфилҳо барпо кард, интизор надошт, ки муасссисаҳои эҷодӣ боз ҳам барои додгоҳӣ кардани масъала ҷуръат кунанд: "Ростӣ, ман баъд аз он ки дар атрофи изҳороти аввали даъвогарони кунунӣ, сару садои иттилоъотӣ бархост, аз ҷумла аз тарафи Меҳмон Бахтӣ, фикр мекардам, ки онҳо дигар даъво нахоҳанд кард. Чунки агар додгоҳ мурофиаи одилона барпо кунад, онҳо имкони пирӯзӣ надоранд. Ман фикр мекардам, ки онҳо бо ҳуқуқшиносон машварат мекунанд ва вазъиятро мефаҳманд, ки шонси зиёд надоранд."

Олга Тутубалина афзуд, фикр мекунад, ки рафтан ба додгоҳ тасмими мустақилонаи худи созмонҳои эҷодӣ нест, балки бо "ишорае аз боло" чунин иқдом кардаанд. Олга Тутубалина гуфт, ҳатман дар додгоҳ аз худаш ҳимоят хоҳад кард.

Бино ба гузориши “Азия Плюс”, даъвогари асосӣ Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон буда, ин муассисаро дар ин даъво Фарҳангистони улум, Иттиҳодияҳои рассомону оҳангсозону меъморон ва номзади илми тиб, устоди кафедраи амрози пӯст ва амрози ҷинсии Донишгоҳи тибб Дилбар Абдиева ҳамроҳӣ кардаанд.

Онҳо дар даъвои худ гуфтаанд, матлаби Олга Тутубалина бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») “эътибори касбии як гурӯҳи бузурги мардум, яъне як гурӯҳи иҷтимоиро, ки афроди машғули меҳнати фикрӣ ва дорои маълумоти барои анҷоми ин кор лозим, аз қабили муҳандисон, табибон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, кормандони илму фарҳанг ва ходимони давлатиро фаро мегирад, паст мезанад."

Онҳо дар даъво худ ҳамчунин гуфтаанд, ки Тутубалина дар матлаби худ зиёиёнро ба “наҷосат” монанд кардааст, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Дар ин даъво аз ҷумла аз фарҳангҳои тафсирӣ иқтибос шудааст, ки дар он вожаи “наҷосат” ҳамчун чизҳои беҳуда ва тамоман нолозим тафсир мешавад.

Ба бовари даъвогарон, Тутубалина бо корбурди ин вожа зиёиёнро таҳқир карда, ба онҳо осеби маънавӣ расондааст, ки намунааш азобу машаққати ахлоқӣ ва зиёнест, ки ба ашхоси ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба ҷонибҳои даъвогар расидааст. Даъвои дигари созмонҳои эҷодӣ ин аст, ки  Олга Тутубалина дар матлабаш суханони асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленинро ба таври инҳирофомез овардааст.

Хабарнигори “Азия Плюс” дар матлаби Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции»), ки моҳе пеш ба муносибати бозгашти шоири маъруф Бозори Собир аз Амрико нашр кард, суханони Владимир Ленинро, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд», иқтибос оварда, гуфтааст, ки натанҳо Бозори Собир, балки хеле дигар аз зиёиёни тоҷикро, ки корашон ба ҷуз лаганбардории ҳукумат нест, низ метавон айни баҳои Ленинро дод.

Дар пайи нашри ин матлаб раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва донишгоҳҳои олӣ ин суханони рӯзноманигорро таҳқири тамоми зиёиёни Тоҷикистон хонда, билофосила таҳдид карданд, ки ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Раиси Иттиҳодияи адибон Меҳмон Бахтӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо мо гуфта буд: “Ҳатто агар як нафар одиро бигзор зиёӣ ҳам набошад, деҳқон ё коргар ва умуман инсон бошад, «гуҳ» гуфтан мумкин аст? Аз рӯи фаросати инсонӣ ва одоби журналистӣ мумкин аст?.. Агар ман раиси Иттифоқи нависандагон намебудам, медонистам бо он зан чӣ кор кунам. Ҳамин вазифаам маро нигоҳ доштааст.”

Аммо Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия Плюс” ба дунболи ин сӯҳбати Меҳмон Бахтӣ ба мо гуфт, мавқеъашро нисбат ба зиёиёни тоҷик дигар накардааст: “Ман фикри худро тағйир доданӣ нестам. Вале бояд таъкид кунам, ки вақте ман дар бораи зиёиён ҳарф мезадам, ҳамаи онҳоро дар кулл дар назар надоштам, албатта... Ман он зиёиёнеро дар назар доштам, ки ҳамчун зиёӣ рафтор намекунанд. Ҳама медонанд, ки чунин ба ном равшанфикрон хеле зиёданд. Бидуни бурдани номҳои мушаххас ҳам чунин нафарон зиёданд, Дар мулоқотҳои солонаи зиёиён бо раисиҷумҳур ҳама мебинем онҳоро, ҳама медонем, ки масъалаҳои доғи ҷомиаро намебардоранд, танҳо аз мушкилоти шахсии худ гап мезананд. Ман фикр намекунам, ки ин зиёиёне нестанд, ки сазовори ин ном бошанд.”

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
-1 #1 Салом, Султон Ҳамад!Guest 10.07.2013 23:30
Салом, Султон Ҳамади гиромӣ!
Бовариям намеояд, ки Шумо ҳам ба ҳарзаю г..мушткунии О.Тютюбалина қарсак мезанед!
Шумо аввало асли мактуби Ленинро хонед, баъд ба иқтибоси ин даюс нигоҳ кунед. Дуюм, ҷумлаеро, ки ин махлуқ навистааст, бодиққат хонед. Сониян, тақозо кунед, ки чаро яку якбора Озоди.тҷ, худи АП, парвизу дигар тяжелая артиллерия аз як гиребон ба ҳимояи ин қанч...қи бӯин хестанд! Чаро Тюуюбалина якбора тоҷикидон шуд!
Умедворам, ки Шумо иштибоҳро ислҳ хохед кард!

Бо эҳтиром,
Ансор Ниёзов
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi