11:35:42 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Рӯзгоратон ободу хуррам бод, ҳамватанони азиз!

Баробари ба фаъолият оғоз кардани ташкилоти ҷамъиятии «Рӯзгор» дар соли 2009 мо, муассисон, сайти онро бо ҳамин ном роҳандозӣ кардем. Сайти «Рӯзгор» яке аз аввалин торномаҳои мустақили тоҷикист, ки  бо усули чандрасонаӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет матолиби хешро ба нашр мерасонад.

ruzgor gazeta-2013Торнома дар тӯли беш аз чаҳор соли арзи вуҷуд доштанаш наздик ба 10 ҳазор хабару мақола, лавҳаву мусоҳиба ва дигар матлабро дар мавзуъҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон аксаран бо усули чандрасонаӣ ба нашр расондааст. Аккаунти «Рӯзгор» дар YouTube»-ро, ки дар тӯли камтар аз се сол беш аз 310 навори видеоиро пешкаши алоқамандони сомонаи «Рӯзгор» ва дигар муштариёни ин шабакаи ҷаҳонӣ кардааст, истифодабарандагони Интернет беш аз 3 миллиону 200 ҳазор маротиба дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон дидан кардаанд.

Тибқи хабарҳои дақиқ бархе аз ин наворҳоро телевизионҳои бонуфузи ҷаҳон низ дар барномаҳои худ мавриди истифода қарор додаанд. Гӯшаи аксҳои «Рӯзгор» низ яке аз сермуштаритарин гӯшаҳои ин сомона ба шумор меравад. Истифодабарандагони Интернет дар он аз аксҳои манзараҳои зебои кӯҳистони Ватани азизамон, аз ҷойҳои таърихии он шуруъ карда то аксҳои маъруфтарин чеҳраҳои сиёсӣ, илмиву фарҳангии кишвар ва гузоришҳои мусаввар аз рухдодҳои муҳими мамлакатро пайдо карда метавонанд. Бойгонии торнома барои ҳамагон қобили дастрас аст.

Имрӯз нахустин шумораи навиштории «Рӯзгор» дар шакли ҳафтанома ба дасти хонанда мерасад. Ин интизориро дер боз муштариёни торнома аз мо доштанд. Имрӯз, шукри Худованди бузург, ки он ҷомаи амал пӯшид.

Калимаи рӯзгор дар фарҳангу луғатномаҳои форсиву тоҷикӣ яке аз сермаънотарин вожа ба шумор меравад. Нахуст он ба маънои зиндагӣ, ҳаёт, умр омадааст. Маънои дигари калимаи рӯзгор ин замон, айём, давр, муддати дароз, аср, мавсим, фасл, аҳд мебошад. Ба маънии толеъ, бахт, тақдир, қисмат низ омадааст. Баъзе аз шуарои гузашта калимаи рӯзгорро ба маънои  олам ва шуғлу пеша низ истифода кардаанд.

Азизони дил, мо талош мекунем, ки дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Рӯзгор» бароятон аз одаму олам бигӯем то дар ваҳдату маслиҳату ҳамбастагӣ роҳи боз ҳам беҳтари зиндагиро пайдо бикунем, то баъдан ибрози надомат аз қисмати хеш нанамоем ва дар замона номи неке аз худ боқӣ бигузорем. Вале ин бештар вобаста аст ба худи мо, ба он ки чи гуна ба шуғлу пеша ва ҳамчунин ба ҳамрешаи худ муносибат хоҳем кард.

Рӯзгоратон ободу хуррам бод, ҳамватанони азиз!

Ҳайати эҷодии «Рӯзгор».

Иброҳим Усмонов, мудири кафедраи рӯзноманигории байналмилалии факултети журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон:

ibrohim-usmonov-050613Нашри рӯзномаи «Рӯзгор»-ро барои хонандагони тоҷик, барои ҳамватанони азиз, табрик мекунам. Зеро пайдо шудани ҳар кадом нашрияи нав фазои иттилоотии кишварро пурратар мекунад ва амнияти фазои иттилоотии кишварро аз тааррузи воситаҳои ахбори бегона, аз тааррузи фикру ақидаҳои аз беруноянда, таъмин менамояд.

Яъне ҳар қадар, ки кишвар қавитар бошад дар воситаҳои ахбори омма, эҳтиёҷ ба воситаҳои ахбори оммаи дигар камтар боқӣ мемонад. Ва муҳим он аст, ки коргардони ин рӯзномаи нав, шахсе, ки дар ин кор иқдом кардааст, аслан дар муҳити фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон шахсияти шинохта шудааст. Вай пеш аз ҳама  бо суханҳои ҳақе, ки дорад, бо ҳақиқатнигорие, ки дорад, ба мардум худро шиносондааст.

Султони Ҳамад, бо ростгӯиҳояш, бо китобҳои мусоҳибаҳояш, бо ҳақиқатнигорона нигоштани воқеаҳои таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва таърихи оштии халқи тоҷик, бо ҳақиқатнигорона гуфтани воқеаҳое, ки дар солҳои 90-уми қарни 20 ва аввали қарни 21 ба амал омаданд, бештар шуҳрат дорад. Ва аз ҳама асосӣ сухани бисёр самимӣ, сухани бисёри хуб дорад. Ман умед мекунам, ки рӯзномаи «Рӯзгор»-е, ки ба вуҷуд меояд, ба монанди нашрияи дигари ин шахс, ба монанди сомонаи «Рӯзгор» таваҷҷуҳи мардумро ба худ бикашад ва ба мардум ҳақиқат бирасад ва ҳақиқати дилхоҳро бирасонад.

Ин нашрия гарчанде равияи фарҳангӣ дорад, лекин фарҳанг ҳам  як ҷузъи  сиёсат, ҷузъи иҷтимоии ҳар кадом давлат аст. Дар фарҳанг чеҳраҳои ҳақиқии одамон ошкор мешаванд. Ман умед мекунам, ки ин фарҳанги сулҳ, фарҳанги муколама мешавад. Ва дар ин ҷо портретҳои воқеии шахсиятҳоеро, ки барои миллати тоҷик коре кардаанд, мо пайдо мекунем. Ривоҷи кор, бародари азиз, ба шумо ва ба рӯзномаи шумо.

Ато Мирхоҷа, ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»

ato-mirkhoja-05062013«Рӯзгор»-и чопии Султони Ҳамад зодаи «Рӯзгор»-и олами маҷозии электронии ӯст. То кунун ин расона як навъ чизи тахайюлӣ буд, ҳоло дар ҳаюло забт ва қобили сурат гардид. «Рӯзгор»-и электронӣ яке аз фаъолтарин сомонаҳои олами журналистикаи кишвари мост. Вижагии ин сомона он аст, ки ба тамоми талаботи расонаи хабарӣҷавоб медиҳад: ҳодисаҳоро бидуни ғарази сиёсӣ, иҷтимоӣ ё мазҳабӣ, чунонки иттифоқ уфтодааст, инъикос менамояд; ба тамоми табақаҳои иҷтимоии ҷомеа назари яксон дорад; инсофро дар мадди аввал мегузорад ва ҳар рӯз нав мешавад.

Нигаҳдори сомона журналисти маъруфи мо Султони Ҳамад сарсупурдаи касби хеш аст. «Аз коса ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст». Ин ҳама сифатҳои хуби сомонаи «Рӯзгор», албатта, сифатҳои ҳамидаи Султони Ҳамаданд. Ӯ ба танҳоӣ ин ҳама бори вазнинро мекашад, зеро сарфи назар аз бузургии синнаш бузургии қалби беқарор ва масъулияташ дар назди миллату Ватан ӯро вомедоранд, ки дар ҷабҳаи иттилоотии Тоҷикистон корнамоӣ бикунад.

Чопи шумораи нахустини ҳафтаномаи «Рӯзгор»-ро барои дӯсти азизам Султони Ҳамад табрик арз мекунам. Умедворам, ки ин «Рӯзгор» ҳам расонаи ҷавонмардӣ, инсоф ва беғаразӣ мегардад ва танҳо барои иттиҳоду ваҳдати тоҷикистониёну шукуфоии Тоҷикистон хидмат мекунад.

Назри Яздонӣ, шоир ва файласуфи тоҷик:

nazri yazdoni-05062013Бо камоли мамнуният нашри навиштории "Рӯзгор"-ро табрик мекунам ва барори кор мехоҳам. Хушбахтона, Тоҷикистон дар минтақа аз ҳайси озодии сухан ва интишори матбуоти электронӣ, навишторӣ, гуфторӣ, дидорӣ мартабаву эътибори ҷаҳоншумул дорад. Дар ин арса ба майдон омадани як нашрияи нави навишторӣ майдони истиқлолияти тафаккури ҷомеъаро умед дорам, ки фарохтар кунад. Аввалин таваққуъе, ки аз ин нашрия дорам салоҳиятмандӣ ва асрӣ будан аст. Қудрат дошта бошад по ба пои рӯзгори сареъуссайрӣ замонаро ҳамқадамӣ ва ҳамнафасӣ карда тавонад.

Орзуи мо, ки зиракӣ ва ҳушёрии тафаккури ҳамватанон дар баҳри пурталотум, пуртуғён, саршор аз ҷинбодҳо ва гирдобҳои нав ба нав ғайри интизор, ғайри маъмулӣ аст мусоидати тафҳим ва раҳнамоӣ карда тавонад. Мақсади ман на суханбозиҳои ҳаваскорона дар мавзӯи сиёсати ҷаҳон, балки таҳлили салоҳиятмандона аз нуқтаи назари манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва барои ман бисёр муҳим аст, фарҳангии миллӣ бошад. Барору тавфиқ орзу мекунам.

Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих:

qosimshoh-iskandarov2013Нашри шумораи нахустини ҳафтаномаи "Рӯзгор, бешубҳа дар ҳаёти фарҳангӣ ва иттилоотии кишвар воқеаи хурсандибахш аст. Боз як нашрияи мустақил, ки инъикоскунандаи афкор ва ниёзмандиҳои қишрҳои васеи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ба фазои иттилоотии мо ворид мегардад. ӯзгор" то имрӯз номи як сомонаи ҷамъиятиву сиёсӣ буд, ки хонандагони зиёд дошт. Сомона ба масоили фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ махсус дорад кӯшиш ба харҷ медиҳад бидуни мавзеъгирии хос дидгоҳҳои мухталифро роҷеъ ба масъалаҳои доғи ҷомеа низ ба чоп бирасонад. Мо умед дорем, ки ҳафтаномаи "Рӯзгор" ҳамин анъанаро давом хоҳад дод.

Дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик қишрҳои гуногуни аҳолӣ аз пӯшиши иттилоотӣ маҳруманд, масъалаҳои фарҳангӣ, суннат ва анъанаҳои миллӣ, ҳунар ва ҳунармандӣ дар расонаҳои пурра инъикос наёфта, ба аҳамияти онҳо дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ камтар таваҷҷӯҳ мешавад.

ӯзгор" бояд ин халоъро пурра кунад, ва инчунин бо риояи асли гуногунандешӣ рӯзгори гуруҳҳои мухталифи аҳолиро инъикос намуда, минбари нашри афкор ва дарду ниёзҳои онҳо бошад. Ба "Рӯзгор" дар татбиқи ҳадафҳои оиномавиаш муваффақият орзу мекунем.



Шарҳҳо   

 
+4 #2 RE: Рӯзгоратон ободу хуррам бод, ҳамватанони азиз!Guest 05.06.2013 23:27
Рузгор ба коми "Рузгор" ва муассиси он,киёи Султони Ҳамад-қаламкаш ва соҳибназари миллӣ бод!
Ин ки "Рузгор" мехоҳад ба таври хос масъалаҳои фарҳангӣ ва ҳунариро пайгирӣ кунад,ин нияти хайрро ба фоли нек мегирам.Бошад ки ин нашрия дар роҳи шукуфоӣ ва сарбуландии Тоҷикистони азиз комёб бошад!
 
 
+4 #1 Taj PenGuest 05.06.2013 13:51
Умедворем, ки рузномаи "Рузгор" дар рушду такаммули фархангиву иктисодиву сиёсии кишвар аз худ накши неке боки мегузорад. Ба пеш ба суи куллахои баланд. Худо ёру мададгоратон бод...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi