10:58:37 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

«ВАЛЕ ГУЛ ЧУН ҶАВОН ГАРДАД БИМИРАД» ВА Ё АШКЕ ДАР СӮГИ ҲАМКОРИ НОКОМАМ

Бовар намекунам, ки дигар бонуи пурмеҳр, инсони хоксор, зани фурӯтану маҳфилорову росткор Мавҷуда Сиярова дар байни мо нест. Бовар намекунам, ки дигар табассумҳои базебу хандаҳои малеҳашро намебинем.

/images/stories/2012/06/26_siyarova-m._260612.jpgБовар намекунам, ки ӯ дигар намеояд, бомеҳр дари утоқҳоро кушода самимона, оҳиста, бо дили саршори муҳаббат ва чеҳраи кушод ҳолпурсӣ намекунад. Ҳар кас хислати ба худ хос дорад, вале Мавҷуда дорои хислатҳои умумии ба ҳама хос буд. Накӯкориву некроӣ, заҳматписандиву иродаи қавӣ, далериву бебокиро шиори рӯзгор медонист. Ҳамин хусусиятҳо ӯро соҳибнуфуз карда буд. Ёд дорам, рӯзе барвақт ба кор омадам. Дар утоқ танҳо буд, пинҳонӣ мегирист, вале ин ҳамаро пинҳон намуда, бо чеҳраи кушода гар- гарм маро ҳолпурсӣ кард.

-Эҳ, аз ҳамин зиндагӣ ҳам безор шудам, тоқат накарда дарди дил кард ӯ,- ин саҳар соҳиби хона анҷомҳоямро беруни дар партофт, як соат муҳлатам дод, ки хонаро холӣ кунам. Намедонам чи мешавад, - гуфта бо дастрӯймол ашкҳояшро тоза намуд.

Аз доду фарёди соҳибхона писаронам аз хоби ноз бедор шуда, аз тарс худро бо оғӯшам андохтанд, ҳарчанд зорӣ кардам, дар он хона наистоданд, онҳоро бо худ овардам, дар назди дари корхона ҳастанд, магар ин зиндагист, магар ман танҳо барои ғаму ғӯсса ба дунё омадаам, бист сол боз овораву сарсон илова бар ин мушкилоти фарзандон дилгирам кардааст, - гуфта ашки ҳасрат аз дидагон оҳи пурсӯз аз дили дили тору пӯди вуҷуд мерехт.

«Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд бигзарад»- гуфтаму тасаллояш додам.Сабр намо, ҳамааш хуб мешавад Мавҷуда, рӯзе мешавад,ки ту ҳам соҳиби хонаву ҷои кори хубу зиндагии ободу рӯзгори шод мешавӣ ва барои таскини дилаш порҳои зеринро қироат намудам:

Сабр бояд сабру тоқат, сабру сабру сабру сабр,

Гург агар тоқат намояд, мешавад рӯзе чу бабр…

Ҳаёт гардишҳои аҷоиб доштааст. Рӯзе, ки директори Маркази давлатии таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин шуд, хурсандия ҳаду канор надошт.Бароям занг зад, пурҳарорат ҳарф мезад, хушнуд аз он буд, ки заҳмату такопӯяш, даву ғеҷаш, барабас нарафта. Тайи 8 моҳе, ки ба Маркази мазкур роҳбарӣ мекард, чун роҳбари ғамхору шахси ташаббускор дар дилҳо маъво гирифт. Муҳимтар аз ҳама, тағйир наёфт, ҳамон хоксориву фурӯтанӣ, меҳрубониву мурувватро ба шиори аслии зиндагӣ бадал намуда буд. Акнун аз дарахти умр меваҳои орзу мечид, вале сарнавишт ӯро ба роҳи дигар бурд, роҳе, ки интиҳо надорад, саранҷомаш нопайдост…

Мавҷуда Сиярова соли 1970 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст.Падараш Манзаршо солиёни дароз директори мактаби миёнаи ноҳия, модараш низ ба сифати муаллима кор мекард. Мавҷуда, ки дар оилаи омӯзгорон омӯзишу парвариш ёфта буд орзу дошт, ки касби волдайнро идома диҳад.

Солҳои 1990-1995 факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, 16 сол дар васоити ахбори омма, бахусус дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба сифати муҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ заҳмат кашид. Ӯ яке аз нахустин кормандони «Муассисаи давлатии кӯдакону наврасон - Баҳористон» буд, ки донишу таҷриба ва маҳорату малакаи касбиашро аз навкорон дареғ намедошт.

Барои маслиҳат омадам, маслиҳати ҷиддӣ,-бо табассуми хоси ба худ зебанда изофа намуд Мавҷуда.Бифармоед, - нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфта, бо ишора ба утоқи кор даъваташ кардам. Мехоҳам чизе таълиф кунам, ки мондагор бошад, оид ба сарояндагони эстрадаи тоҷик маводи фаровоне гирд овардаам, аммо намедонам чи кунам, ки ба шакли муҷаллад шавад.

Ҳеҷ гап не, кумакат мекунам, аммо фаромӯш набояд кард, ки таълифи китоб заҳмат мехоҳад, қурбонӣ мехоҳад. Қурбонӣ, он чи гуна қурбонӣ будааст,- ба фикр ғӯта зад Мавҷуда ва оромона бо таваҷҷӯҳ ба чашмонам нигариста мунтазири ҳарфҳоям шуд.Баъди сукути кӯтоҳ илова намудам, ки барои таълифи китоб пеш аз ҳама вақтро бояд қурбон кард.

Аммо дар телевизион, ки мисли аждаҳо вақт ва соҳибонашро ба коми худ фурӯ мекашад, пайдо кардани вақти мусоиди эҷодӣ камтар даст медиҳад. Ё корро қурбон мекунӣ ё эҷодро- кӯтоҳакак гуфтам ба ӯ. Ниҳоят, эҷодро пазируфт.Се моҳи соли 2001 рухсатии бемузд гирифта эҷод кард, ки самарааш китоби «Дурахши ситораҳоиэстрадаи тоҷик» аст.

Тӯли се моҳи дар идораи барномаҳои таҳлилӣ кор карданаш дарёфтам, ки нияти пок, замири беолоиш дар фитраташ сириштааст. Ҷаҳони маънавияш аз фазилатҳои неки инсонӣ саршор, бар иловаи ин қадршиносу зиндагидӯстдор буд. Умре ғам мехӯрд, ғами зиндагӣ, тарбияи фарзанд, таълими ҷигарбанд ва ниҳоят ғам ӯро хӯрд…

Рӯзи душанбеи 18- уми июни соли 2012 бо нияти дидорбинии ҷигарбандон- Анӯшервон, Дилшод ва Муҳаммад ҷониби лагери мактабиён воқеъ дар дараи Варзоб шитофт. Муддате бо онҳо дидору гуфтугӯ кард. Зимни бозгашт Муҳаммади 6 сола, ки эрка оила буд, худро ба оғӯши модар андохта, беқарорӣ мекард.

-Модарҷон, наравед, ман бе Шумо зиқ мешавам, - гӯён домони модарро раҳо намекард.Писаракам, сар деҳ, охир ҷӯраҳоят гиряҳои туро дида чӣ мегӯянд.Пагоҳ меоям, ду рӯз ҳамроҳатон меистам. Муҳаммад ором гардида бо дидагони пурнам бо модар хайрухуш кард. Беихтиёр нишаст, сукут кард, аммо дурудароз, бомеҳр ба модар, ки оҳиста - оҳиста дастафшонӣ карда нияти ба мошин нишастан дошт, нигарист. Гӯиё чизеро ҳис мекард, эҳсос менамуд, ки вуҷудаш, нури чашмаш, қуввати қалбаш меравад… Ин охирин дидори тифли маъсуми нозпарвар бо модари дилбанд буд…

Ҳамагӣ баъди чанд дақиқа ҳанӯз Муҳаммад аз ҷой нахеста хабари шуме паҳн шуд, ки бар асари садамаи автомобилӣ бонуи ҳабибу меҳрубон, соябони сари фарзандон Мавҷуда аз олам даргузаштааст. Аммо онро касе ёрои ба ҷигарбандони модар- Анӯшервон, Дилшод ва махсусан Муҳаммад расонидан надошт. Сармураббӣ онҳоро даъват намуда гуфт, ки омода бошед ба хона меравед…

Онҳоро ҷасади сарду сокити модар, ки дар байни хона бо чашмони боз мехобид, пешвоз гирифт. Муҳаммад «модарҷон, бе ту чи кор мекунем, ҳоли мо чи мешавад» -гуфта худро ба оғӯши модар андохт, Дилшод чеҳраи сарду банури ӯро мебӯсид ва «азоби бепадарӣ бас набуд, ки боз бемодар шудем»- гӯён Анӯшервон ашк мерехт…

Мурдан ҳақ аст, касе инро инкор накардааст. Аммо марги шахси соҳибдилу хайрхоҳ, ки барои пешрафти ҷомеа саҳм мегузорад, барои инсоният мусибат аст. Аз рафтани ин гуна ашхос ҳамагон афсӯс мехӯранд ва ӯро ба некӣ ёд мекунанд:

Саҳар мегуфт булбул боғбонро,

Дар ин боғ ҷуз ниҳоли ғам нарӯяд.

Ба пирӣ мерасад хори биёбон,

Вале чун гул ҷавон гардад, бимирад.

Мавҷуда Сиярова дар айни камоли ҷавонӣ олами фониро падруд гуфт. Аҷал шахсеро аз миёни мо рабуд, ки то лаҳзаҳои вопасин барои тарбияи насли наврас, пешрафти соҳаи маориф ҷадал мекард. Қалбаш саршори орзуву омоли нек, муҳаббатгоҳи инсонҳои некандеш буд. Алвидоъ ҳампешаи меҳнатқарин, корҳои неку чеҳраи банурат то абад дар дили мо боқӣ хоҳад монд.Алвидоъ, алвидоъ, алвидоъ!

Саидмуроди Хоҷазод, журналист



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi