22:23:13 20-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АТОВУЛЛОҲ МАҚОМОТИ ТОҶИКРО ДАР СУИҚАСД БА ХУД МАЗНУН МЕДОНАД

Чаҳор рӯз пас аз суиқасд ба ҷони Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон, нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, мусоҳибае бо ӯро мунташир кардааст. Дар ин мусоҳиба муассиси нашрияи "Чароғи рӯз" ва созмони мухолифи "Ватандор" мақомоти Тоҷикистонро ба даст доштан дар суиқасд ба ҷони худ муттаҳам кардааст.

dadajanХабарнигори "Новая газета" аз ӯ пурсидааст, ки оё ӯ ҳамла ба худро "дастуре сиёсӣ" медонад, оқои Атовуллоҳ гуфтааст, ки дар ин амр "тардиде надорам." Сипас, хабарнигор суол мекунад, ки пас чаро дар ин вақт ин суиқасд анҷом шуд? Оқои Атовуллоҳ дар посух ба ин суол гуфтааст, ки дар Тоҷикистон дар соли 2013 баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар назар аст ва давлат қасд дорад куллияи мухолифони худро "хунсо кунад."

Вай дар ин мусоҳиба ҳамчунин ба тира шудани равобити Русияву Тоҷикистон дар пайи қазияи маҳкумияти халабонҳои русу эстуниёӣ дар Тоҷикистон ва озодии онҳо дар пайи фишорҳои Русия ишора кардааст.

Оқои Атовуллоҳ гуфтааст: "Барои ман маълум буд, ки ин (маҳкумияти халабонҳо) навъе "амалиёт" барои озод кардани домоди раиси ҷумҳур аст, ки барои қочоқи маводди мухаддир дар зиндони Русия буд ва ман ба таври ошкор дар ин бора суҳбат карда будам."

Дарвоқеъ, Додоҷони Атовуллоҳ аз нахустин касоне буд, ки ин ду қазияро ба ҳам рабт дод ва гуфта буд, ки халабонҳо, ки озод шаванд, Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва аз пайвандони наздики Президент Раҳмон, низ озод хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати хориҷаи Русия як рӯз пас аз ҳамла ба оқои Атовуллоҳ бо интишори баёнияе хабарҳои мабнӣ бар пайванд доштани озодии Рустам Ҳукумов дар Маскав бо озодии халабонҳои русу эстуниёӣ дар Тоҷикистонро рад кард.

Ин хабарнигори мунтақиди сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин изҳор доштааст, ки баъд аз ин ҳамла тасмим гирифтааст, ки фаъъолияти Ҷунбиши “Ватандор”–ро барои аз роҳи сиёсӣ ва мусолиматомез барканор кардани Президент Раҳмон тақвият бидиҳад.

Яке аз пайвандони Додоҷони Атовуллоҳ дар Маскав, ки феълан ба парастории ӯ машғул аст, ба Би-би-сӣ гуфт, ки шоми рӯзи сешанбеи 17 январ Олга Малярчук, бозраси ҷадиди ин парванда, дар утоқи бемористон бо оқои Атовуллоҳ сӯҳбат карда, вале мушаххасоти ин сӯҳбат ошкор нашудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, бозраси аввал, ки баъд аз ба ҳуш омадани оқои Атовуллоҳ бо ӯ сӯҳбат дошт, ба ин хабарнигори мухолиф гуфтааст, ки “шонс доштаӣ, вагарна, туро мехостанд ба қатл бирасонанд.”

Ин манбаъ ҳамчунин мушаххасоти сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовуллоҳро ироа кард. Ба гуфтаи вай, шоми 12-уми январ оқои Атовуллоҳ барои дидор бо як тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз манзилаш дар яке аз опортемонҳои шаҳри Маскав берун меравад.

Вай гуфт, ки оқои Атовуллоҳ ба ин шахс эътимод дорад, бовар надорад, ки ӯ дар ин ҳодиса даст дошта бошад ва ба ин далел, намехоҳад феълан исми ӯро ошкор созад. Худи оқои Атовуллоҳ низ дар мусоҳибаи худ гуфтааст, ки ба ин фард эътимод дорад.

Ба гуфтаи худи Додоҷони Атовуллоҳ, вай дар рӯзи ҳодиса бо диплумотҳои зиёде мулоқот дошт ва шабҳангом низ бо яке аз ҳамватанонаш қарори мулоқот гузошта буд. Вай ба ин манзур аз хона берун рафт ва мебоист аз роҳраве тақрибан 8-метра убур кунад.

Вале ин маҳал торик буд ва оқои Атовулло фардеро дид, ки ба девор такия зада буд. Ҳоло ӯ мегӯяд, ки “ин фард чеҳрае монанд ба мардуми мо дошт”. Вақте оқои Атовуллоҳ аз назди ин фард мегузашт, вай ба таври ғайримунтазира ба ӯ ҳамла карда ва ба ҷисми ӯ чанд зарбаи чоқу (корд) ворид кардааст.

Оқои Атовуллоҳ тавонистааст худро то ба рестуроне наздик бирасонад ва дар он ҷо дархости кумак кунад. Ба гуфтаи пайвандони оқои Атовуллоҳ, “шояд афроди ҳамлагар ду нафар ё бештар буданд, вале Додоҷон танҳо як нафарро дидааст ва чеҳраи ӯро мешиносад.”

Пизишкони бемористоне, ки оқои Атовуллоҳ ба он ҷо мунтақил шуда буд, иқрор кардаанд, ки дар пайи ин ҳамла ҷигар (кабид), гурда (куля) ва шуши (рияи) ин хабарнигор захмӣ шуда ва теғи корд ҳамагӣ як сонтиметр аз қалбаш фосила доштааст.

Пайвандони оқои Атовуллоҳ иддаъои бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ дар бораи эҳтимоли ангезаҳои хусусӣ доштани ин қазияро рад карданд. Ба гуфтаи онҳо, оқои Атовуллоҳ фаъъолияти тиҷорӣ надошт ва аз касе низ бидеҳкор набудааст.

Оқои Атоуллоҳ дар мусоҳибае ҷудогона бо бахши ӯзбакии Би-би-сӣ низ гуфтааст комилан мутмаин аст, ки ҳамла ба ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши норизоятӣ дар кишвар нигарон ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ пас аз нокомии давлати Тоҷикистон дар боздошт ва ё моил сохтани ӯ ба ҳимоят аз сиёсатҳои давлат, иқдоми ҳамла ба ӯ сурат гирифтааст.

Вай афзудааст ин ҳамла шумори ҳаводорони ҷунбиши "Ватандор", созмони таҳти раҳбарии ӯро афзоиш хоҳад. Ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳро бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва дохилии хабарнигорӣ дар Тоҷикистон маҳкум карда ва хостори таҳқиқи сареъи ин ҳодиса аз сӯйи мақомоти рус шуданд.

Ҳарчанд оқои Атовуллоҳ аз мақоми паноҳандагии сиёсӣ дар Олмон бархурдор аст, вале табаъаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва умдатан дар Маскав ба сар мебарад. Додоҷони Атовуллоҳ бо таъсиси нахустин рӯзномаи хусусии "Чароғи рӯз" дар Тоҷикистон дар соли 1990 ба унвони як рӯзноманигори мунтақиди давлат шӯҳрат пайдо кард.

Дар соли 1992, замоне ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ оғоз шуд, оқои Атовуллоҳ ба Русия рафт ва дар он ҷо ба интиқодоти худ аз мақомоти тоҷик идома дод. Дар тӯли бист соли ахир мақомоти Тоҷикистон борҳо аз Русия боздошт ва истирдоди оқои Атовуллоҳро дархост кардаанд. Додситонии Тоҷикистон оқои Атовуллоҳро ба тавҳин ва таҳқири раиси ҷумҳур муттаҳам карда буд.

Дар гузашта Додоҷони Атовуллоҳ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошта буд, ки дар остонаи таҷлил аз 20-мин солгарди истиқлоли Тоҷикистон афроде аз номи раиси ҷумҳури ин кишвар ӯро барои бозгашт ба ватан ташвиқ кардаанд, вале ӯ ин пешниҳодро напазируфтааст.

Вай дар мусоҳиба бо "Новая газета" низ ба ин мавзӯғъ ишора кардааст: "Моҳи сентябри соли 2011 афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон бо ман мулоқот карданд ва хостанд, ки бо раиси ҷумҳур оштӣ кунам. Онҳо аз ман даъват карданд, ки дар ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон ширкат кунам ва расман бо раиси ҷумҳур оштӣ кунам. Аммо ман рад кардам."

Аммо мақомоти тоҷик ин иддаъоҳоро таъйид ва ё такзиб накардаанд. Ҳеч манбаъи мустақилле низ наметавонад ин иддаъоҳоро таъйид кунад. Дар пайи ҳамла ба ин рӯзноманигори мухолиф дар Маскав, Давлати Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ки давлат "ҳама гуна зӯроварӣ ё аъмоли хушунатомезро маҳкум мекунад."

Вай ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки мақомоти зидахли Русия "вазифаи худро бахубӣ анҷом медиҳанд" ва фарде, ки дар ин ҳамла даст дорад, ба ҷавобгарӣ кашида (муҷозот) мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi