ТАВОФУҚ БАРОИ АФЗОИШИ ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ
Миёни фароҳамгарони интернет ва созмонҳои хабарнигорию нашрияҳо дар Тоҷикистон як ёддошти тафоҳум дар бораи тавсеъаи дастрасӣ ба интернет имзо шуд. Гуфта мешавад рӯзноманигорон ва бахусус нашрияҳою сойтҳои хабарии интернетӣ ва расонаҳои мустақилли дигар дар Тоҷикистон аз шабакаи интернет бештар истифода мекунанд. Ин санади рӯзи ҷумъаи 17 декабр дар нишасти муштараки фароҳамгарони интернет ва созмонҳои хабарнигорию расонаҳои мустақил дар шаҳри Душанбе тасвиб шуд.
Дар он ба изофаи такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, фаннӣ ва эҷодӣ барои тавсеъаи дастрасӣ ба иттилоъот аз тариқи интернет ва истифода аз таҷҳизоти рақамӣ дар расонаҳо, ба пойин бурдани ҳаққи истифода аз интернет ва телефунҳои ҳамроҳ низ таъкид шудааст. Дар ин нишаст гуфта шуд, ки дар чорчӯби ин ёддошти тафоҳум ширкатҳои фароҳамгари интернет ба муассисоти омӯзишу парвариш ва кӯдакистонҳо, ки ба шабакаи интернет ниёз дошта, аммо ба далели мушкилоти молӣ имкони дастрасӣ ба онро надоранд, бояд ба таври ройгон интернет ироа кунанд.
Тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, теъдоди корбарони шабакаи интернет дар ин кишвар 850 ҳазор нафар аст. Аммо бар асоси як пажӯҳиши Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон, мизони дастрасии мардум ба шабакаи интернет дар ин кишвар, бо шумули телефони ҳамроҳ, Ваймакс ё Зибет, тақрибан ба 2 милюн нафар ва ё 30 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон расидааст.
Аз сӯйи дигар, Парвина Ибодова, раиси ин анҷуман, гуфт: "Дар сурати ҷорӣ шудани аксиз (молиёти изофӣ) барои истифода аз телефунҳои ҳамроҳ мумкин аст теъдоди муштариёни интернет коҳиш ёбад."
Гуфта мешавад, пешниҳоди давлати Тоҷикистон дар мавриди роҳандозии аксизи 3-дарсадӣ барои истифода аз телефунҳои ҳамроҳ ба порлумон ироа шуда ва имкон дорад дар ояндаи наздик тасвиб шавад. Хонуми Ибодова мегӯяд: "Умдатан аксиз (молиёти изофӣ) барои колоҳои гаронбаҳою ғайризарурӣ ва маҳсулоти танбокую алкулӣ ҷорӣ мешавад. Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон далели шомил шудани телефунҳои ҳамроҳ ба ин феҳристро, ки барои бештари сокинони Тоҷикистон як василаи муҳимми иртиботӣ маҳсуб мешаванд, тавзеҳ надодаанд."
Дар ҳамин ҳол, Абдуфаттоҳ Воҳидов, як масъули Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (НАНСМИТ) мушкилоти молӣ, камбуди кодрҳои ботаҷруба ва маҳдудиятҳо аз сӯйи ниҳодҳои давлатиро монеъи аслӣ дар роҳи тавсеъаи бештари дастрасӣ ба шабакаи интернет дар ин кишвар хонд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки беш аз 70 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон дар рустоҳо ба сар мебаранд ва маъмулан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ин манотиқ бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ ҳастанд, ин амр низ метавонад аз афзоиши дастрасӣ ба интернет монеъ шавад.
Оқои Воҳидов гуфт: "Талошҳо барои маҳдуд сохтани фаъолияти шабакаи интернет ва масдуд кардани сойтҳо дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли 2006 шурӯъ шуда ва ахиран сойтҳои "Сентразия", "Ориёно", "Тоҷикистон таймз", "Чароғи рӯз" ва "Фергана" низ масдуд шудаанд."
Он замон, Хуршед Раҷабмаҳмадов, як масъули Вазорати нақлиёт ва иртиботот, далели ин иқдомро "ҷилавгирӣ аз ворид кардани ихлол дар сиёсати давлати Тоҷикистон" хонда буд, ки гӯё дар чорчӯби Консепсиюни таъмини амнияти иттилоъотии ин кишвар анҷом шудааст. Ба эътиқоди Абдуфаттоҳ Воҳидов, дар пайи дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба ҳайси расона ё василаи иттилоърасонӣ шинохта шудани сойтҳои интернетӣ дар моҳи июни соли 2007 ниҳодҳои давлатӣ ба кунтрули срйтҳои интернетӣ иқдом кардаанд.
Ба гуфтаи масъулони расонаҳои мустақил, дар остона ё ба ҳангоми вуқӯъи ҳаводиси муҳим дар Тоҷикистон дар раванди дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет мушкилот ва мавонеъи фаровон пайдо мешавад. Онҳо ба ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли ҷорӣ ишора карданд, ки ба дунболи он ду сойти хабарии ватанӣ ва се сойти хориҷӣ масдуд шуданд ва ин амрро навъе талош барои маҳдуд сохтани ҳаққи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоъоти олтернотив хонданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3906-2010-12-17-10-45-56.html