12:16:16 06-уми Июни 2025 сол

ЧОПИ «ИМРӮЗ NEWS» АЗ САР ГИРИФТА ШУД

«Имрӯз News», танҳо рӯзнома дар Тоҷикистон пас аз ду ҳафтаи тавқиф, аз имрӯз душанбеи 6-уми декабр дубора ба дасти хонандагон расид. Масъулони нашрия мушкилоти молиро иллати аслии тавқифи нашрия унвон карда буданд.

 

Imruz NewsРустами Ҷонӣ, ношири рӯзномаи мазкур ба Озодӣ гуфт, ин мушкил ҳал шуда ва чопи рӯзномаи «Имрӯз News» дубора дар чопхонаи «Интишор» роҳандозӣ шуда ва минбаъд талош хоҳад шуд, то ин нашрия сари вақт ба муштариён бирасад. Гуфта мешавад, сардабирии нашрия Исфандиёр, касе, ки қаблан муовини сардабир ва вазифаи котиби масъули «Имрӯз News» -ро бар ӯҳда дошт, бар дӯш гирифтааст. Раҷаби Мирзо, сардабири собиқи «Имрӯз News» дар аввали ҳафтаи гузашта эълом кард, ки аз масъулияти сардабирии нашрия канор рафтааст ва дигар бо ин рӯзнома робита надорад.

 

Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ иллати тавқифи «Имрӯз нюс» -ро на мушкилоти молӣ, балки ангезаи идорӣ унвон карда буд. Аммо ноширони нашрия ин идаъоро рад мекунанд. Рустами Ҷонӣ, ношири «Имрӯз News» мегӯяд, самти фаъолияти нашрия, нисбат ба пештара тақвият хоҳад ёфт ва кормандони рӯзнома рисолати иттилорасонӣ ва бозтоби ҳавордису рӯйдодҳо ва мушкилоти ҷомеаро ба таври ҷасуронатар анҷом хоҳанд дод.

 

«Имрӯз News» аз аввали моҳи сентябр ба сурати рӯзнома нашр шуд ва ду ҳафта қабл нашри он мутаваққиф гардид. Зимнан ин нашрия бо теъдоди 3 ҳазор нусха дар чопхонаи хусусии «Интишор» нашр мешавад.

 

Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3778--l-newsr----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854