СЕЯКИ АЪЗОИ ШӮРОИ ВАО ҶТ ДИГАР ШУД
Дирӯз, 2-уми лекабр, дар Кохи «Ваҳдат» конфронси солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт. Вакилони конфронс, ки аз идораҳои нашрияҳои давлативу хусусӣ, ташкилотҳои журналистӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекарданд, дар аввал гузориши ҳисоботии раиси Шӯрои воситаҳои ахбори омма профессор Иброҳим Усмоновро шуниданд.
Чуноне, ки Иброҳим Усмонов қайд кард, Шӯро бо дастгирии дафтари САҲА дар Тоҷикистон аз моҳи июли соли гузашта ба фаъолияти амалӣ шурӯъ кардааст. Нӯҳ нафар аъзо дорад, ки дар асосҳои ҷамъиятӣ кор мекунанд. Ҳадафи асосии Шӯро кӯмакҳои маънавиву ҳуқуқӣ расондан ба журналистони тоҷик дар татбиқи «Меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигорӣ» дар кишвар мебошад. Шӯрои ВАО танҳо ба масъалаи риояи одоби сухан дар матбуот сару кор дорад. Баррасии қазияҳо миёни рӯзноманигорон ва ё миёни рӯзноманигорон ва хонандаҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Шӯро буд. Ин қазияҳо дар маҷлисҳои Шӯро муҳокима шуда аз рӯи онҳо хулоса ва тавсияҳои Шӯро дар воситаҳои ахбори омма ба нашр мерасиданд.
Дар зарфи шаш моҳ ба Шӯро 21 муроҷиат омад. Нӯҳ маҷлис гузаронида шуд. Шӯро инчунин дар сӯҳбатҳои индувидиалӣ масоилро ҳаллу фасл мекард. Самти дигари кори Шӯро ин дастгирии баъзе аз расонаҳое буд, ки ба онҳо шахсҳои алоҳида ё баъзе мақомҳо фишор оварда ба таври худхоҳона кори онҳоро боздоштанӣ мешуданд. Шӯрои ВАО дар таҳияи шаш муроҷиатномаи дастҷамъии роҳбарияти воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон иштирок карда ва овози худро дар масъалаи ҳимояи рӯзномаҳое, ки ба онҳо монеа эҷод шуда буд, баланд кард.
Аъзои Шӯро дар ин муддат беш аз 15 мақола, мусоҳиба, гуфтор, намоиш дар матбуоту радио ва телевизион дар робита бо фаъолияти хеш интишор намуданд. Шӯрои ВАО дар танзими қонунгузории ҶТ дар робита бо матбуот иштирок кард. Барои ташкили сайти Шӯро дар интернет замина гузошта шуд. Ширкаткунандагони ин гирдиҳамоии журналистон ба фаъолияти Шӯро баҳои қаноатбахш доданд. Дар охир вакилони конфронс журналистони шинохта Қурбон Аламшоев, Рустами Ҷонӣ ва Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳро ба ҷои он аъзое, ки мӯҳлати ваколаташон ба охир расида буд, аъзои нави Шӯрои ВАО интихоб карданд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3745-2010-12-03-07-09-29.html