04:25:48 29-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАВЗУНА ЧОРИЕВА – ПАРЧАМБАРДОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ ЛОНДОН

Имрӯз вуруди ҳазорҳо варзишгарон ва мақомоти варзишии ҷаҳон ба  пойтахти Англия, ки ният доранд дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии Лондон иштирок кунанд, шурӯъ шуд. Ин бозиҳо рӯзи 27-уми июл оғоз меёбанд. Мақомоти амниятии Ҳитроу гуфтанд, ки рӯзи душанбе, 16-уми июл ба ин фурудгоҳ 120 ҳазор мусофир меояд, ки назар ба рӯзҳои маъмулӣ даҳ ҳазор нафар бештар будааст.

/images/stories/2012/07/16_mavzuna-chorieva-160712.jpgМақомот  мегӯянд, бо вуҷуди нокофӣ будани шумори муҳофизон ва ходимони амниятӣ барои таъмини бехатарии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, аз ҳама гуна таҳдидҳои амниятӣ ҷилавгирӣ хоҳад шуд. Ҳукумат гуфтааст, ки барои ҳалли камбуди шумори муҳофизон 3500 воҳиди амниятиро сафарбар хоҳад кард.

Том Уиллис, яке аз масъулини терминали чоруми фурудгоҳи Ҳитроу гуфт, ки мақомот дар остонаи  расидани варзишгарон ба иловаи масоили амниятӣ, ҳамчунин меҳмоннавозиро фаромӯш накарданд:

- Ҳазорҳо ихтиёриёни мо, ки ба таври хосса ҷалб ва омӯзиш дода шуданд, ба намояндагӣ аз Лондон варзишгаронро пешвоз ва хайрамақдам мегӯянд. Имрӯз, ки варзишгарон бо ҳавопаймо ба замин фуруд омаданд, аз ҷониби ихтиёриёни мо гарм пешвоз гирифта мешаванд, мо онҳоро “хуш омадед” мегӯем ва барояшон дар бозиҳо муваффақият таманно мекунем, - гуфт ин масъули фурудгоҳ.

Яке аз варзишгарони маъруфи амрикоӣ, ки дар сабқати қаиқронӣ ширкат мекунад, гуфт, воқеан ҳам аз пешвози самимиву гарми сокинони Лондон хушнуд шудааст. Стив Бреннан гуфт:

- Хеле лаҳзаҳои хуб буд, Лондон воқеан ҳам омода аст. Мо дар обҳои шаҳраки Уэймут машқ кардем, ин як ҷои хеле хубе будааст. Акнун мо барои мубориза ва сабқат омода ҳастем.

​​Дар маҳалли будубоши варзишгарон, ки бо номи «рустои олимпӣ» маъруф буда дар қисмати шарқии Лондон ҷойгир аст, 16 ҳазор варзишгар ва мақомоти дахлдор аз беш аз 200 давлат ҷойгир хоҳанд шуд. Дар миёни онҳо 16 варзишгари тоҷик ва намояндагони мақомоти Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Варзишгарони тоҷик дар 7 риштаи варзиш ширкат хоҳанд кард: чаҳор нафар аз риштаи бокс - Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, чаҳор нафар аз намуди гуштии озод - Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, 2 нафар оид ба варзиши сабук – гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко, 2 нафар оид ба дзюдо -  Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, 2 нафар оид ба таэквондо - Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, 1 нафар оид ба шиноварӣ - Катерина Измайлова ва 1 нафар оид ба тирандозӣ – Сергей Бабиков.

Аввалин гурӯҳи варзишгарони тоҷик рӯзи 4-уми июл ба Лондон сафар карда буд. Ба ҳайати ин гурӯҳ се муштзан – Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, ки соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 мебошанд, инчунин, мураббиёнашон Мирзо Шамсиев ва Алиҷон Бобоҷонов дохиланд. Дар мувофиқа бо Федератсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муштзанҳои тоҷик дар Лондон таҳти назорати коршиносони байналмилалӣ тамрин карда, ба мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои олимпӣ омодагӣ мегиранд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба мо гуфт, “имрӯз, 16-уми июл, тирандоз Сергей Бабиков ва мураббиаш Олег Набиев озими Лондон шуданд. Субҳи чоршанбе, 18-уми июл ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 16 нафар тавассути ҳавопаймо ба Киев ва баъдан аз пойтахти Украина ба Лондон сафар мекунад.

Ба ҳайати ин гурӯҳ, аз он ҷумла, варзишгарон Ҷаҳон Қурбонов, Парвиз Собиров, Владислава Овчаренко, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов ва Катерина Измайлова дохиланд. Варзишгарони дигари мо - Расул Боқиев рӯзи 22-юми июл, Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев рӯзи 8-уми август ба Лондон сафар хоҳанд кард.

Гурзандоз Дилшод Назаров, ки дар айни ҳол дар Ҷумҳурии Чех мебошад, пеш аз оғози Бозиҳо ба Лондон меояд. Бояд гуфт, ки ба ҳайати варзишӣ, инчунин, мураббиён, раҳбарони федератсияҳои варзишии миллӣ, кормандони масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва хабарнигорон шомиланд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоҳ рӯзи 25-уми июл раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар маросими кушоиши Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ ба Лондон сафар мекунад. Рӯзи 26-уми июл мулоқоти ӯ бо варзишгарони тоҷик дар деҳаи олимпӣ дар назар аст.

Маҳмуди Абдуллоҳ, инчунин, хабар дод, ки ба Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс дар маросими кушоиши Бозиҳо, ки рӯзи 27-уми июл доир хоҳад шуд, бардоштани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Бозиҳои олимпӣ рӯзи 12-уми август натиҷагирӣ мешаванд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 11.08.2012 13:08
:lol: :lo :lol: l: худованд хамеша барори кор ба шумо харкучое сафар мекунед худованд бо сари баланд бар ватани худ сар баланд бар гарден омин мин омин омин худованд нигах доратон бошен хамеша
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi