10:49:57 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

БРЕЙК ДАНС АЛАЙҲИ НАШЪАМАНДӢ

Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шарики маҳаллии он ташкилоти ғайридавлатии Академияи миллии олимпӣ (АМО) мусобиқаи рақсро таҳти  унвони "Jam Master" дар маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор намуданд.

dance jam masterДар идомаи маъракаи  INL "Варзиш алайҳи нашъамандӣ", наврасони шаҳри Душанбе аз синни 10 то 23 сола дар рақсҳои намуди брейк денс, хип хоп, паркур ва рақсҳои  халқҳои Америкаи лотинӣ рақобат намуданд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи рақсҳои варзиши Тоҷикистон дар баргузории ин чорабинӣ мусоидат  карданд.

Маъракаи мазкур бо намоиши кӯтоҳи театрикунондашуди ҷавонон дар бораи оқибатҳои  баъди  истеъмоли нашъа ва нишон додани слайдҳо дар бораи одамони машҳур, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд истифодабарии маводи мухаддир ҳалок гардидаанд, оғоз ёфт. Дар анҷоми намоиш актерҳои ҷавон ҳозиринро барои пеш бурдани ҳаёти солим бидуни нашъа даъват намуданд.

Беш аз 100 нафар ҷавонон ба тамошои намоиши ҳамсолонашон доир ба вақтгузаронии солим ва хуш ҳозир шуданд. Баъд аз чорабинӣ волонтерон китобчаҳои иттилоотиро дар мавзӯъи хатари истифодаи маводи мухаддир, ки аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии Маркази ҳуқуқи кӯдакон ва АМО таҳия гардидаанд, тақсим намуданд.

Маъракаи "Варзиш алайҳи нашъамандӣ" қисми  барномаи INL буда  бо мақсади коҳиш додани талабот ба маводи нашъа дар солҳои 2011-2012 равона шудааст. Дар чаҳорҷӯбаи ин барнома INL зиёда аз 300,000 доллари амрикоиро ҳамчун грант ба ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ки чаҳор вилояти Тоҷикистонро дарбар мегиранд, ҷудо намуд.

jam masterБа шаш ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ ва як ташкилоти байналмиллилии бритониёӣ бо мақсади мубориза алайҳи нашъамандӣ ва пешгирии истеъмоли нашъа грантҳо ҷудо шуданд.  Ин ҳафт лоиҳаҳои интихобшуда тарзи ҳаёти солимро миёни  гурӯҳҳои осебпазир тавассути  маъракаҳои таълимӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва рақс, намоишномаҳои театрӣ ва дигар фаъолитяҳо ташвиқу тарғиб менамоянд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад дар оянда низ кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон давом дихад. Аз соли 1992 то инҷониб Сафорати ИМА баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои мададрасон, ки ба фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисодиёт, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза бар зидди маводи мухадир дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд, тақрибан 984 млн долларро ҷудо намудааст.

Ин иттилоотро ба сомонаи «Рӯзгор» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ирсол намудаанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi