07:25:41 21-уми Майи 2025 сол

ДИЛШОД НАЗАРОВ - ҚАҲРАМОНИ БОЗИҲОИ ОСИЁ

Шаби гузашта Дишод Назаров дар Бозиҳои 16-уми Осиё гурзро ба масофаи 76 метри 44 сантиметр партофта ва соҳиби медоли тило шуд. Мақомҳои дуюму сеюмро Кова Мусавӣ, варзишгари Эрон ва Ҳироакӣ Доӣ, паҳлавони Жопун бо нишондодҳои 68 метру 90 сантиметр ва 68 метру 72 сантиметр касб карданд.

 

dilshod nazarovИн нахустин медоли тилои варзишгарони тоҷик аст, ки дар мусобиқоти Бозиҳои 16-уми Осиё дар шаҳри Гуанжоуи Чин ба даст омадааст. Дар ҳафтаи гузашта, Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо соҳиби медоли биринҷӣ шуда буд. Шоми якшанбеи 20 ноябр Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик дар вазни 91 килугромм дар мусобиқаи чоряк финол Ҳайдар Оразмамедови туркманро бо ҳисоби калони 24 бар 2 мағлуб карда ва ба мусобиқаи нима финол роҳ ёфт.

 

Аммо Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик ва қаҳрамони Осиё дар зӯрозмоии нахустин аз Саида Ҳасеноваи қазоқ бо ҳисоби 4 бар 10 мағлуб шуд. Тими мунтахаби волейболдухтарони тоҷик дар бозии дуюм низ аз тими мунтахаби Тойланд бо ҳисоби 3 бар сифр мағлуб шуд. Ин тим дар бозии аввал бозиро бо ҳисоби мушобеҳ ба тими мунтахаби Чин бохта буд.

 

Зимнан, тими волейболбоздухтарон танҳо тими Тоҷикистон аст, ки бо мусоъидати молии Федеротсиюни Байналмилалии Волейбол дар Бозиҳои 16-уми Осиё ширкат дорад. Дар бозиҳои маъмули дигар, назири футбол, чавгон ва баскетбол тими мунтахаби Тоҷикистон умдатан ба далели мушкилоти молӣ дар ин бозиҳо ширкат накардаанд.

 

Пас аз касби медоли тило тими мунтахаби Тоҷикистон аз ҷойи охир 11 зина боло рафта ва дар миёни 32 кишвар дар зинаи 21-ум ҷой гирифт. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тими мунтахаби Қазоқистон 36 медол, аз ҷумла 4 медоли тило ва Ӯзбакистон бо 27 медол ва 3 медоли тило пешсаф ҳастанд. Мусобиқоти Бозиҳои 16-уми Осиё дар шаҳри Гуанжоуи Чин то 27 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3634-2010-11-22-05-51-49.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ