11:00:20 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ғалабаи Владимир Кличко бар Александр Поветкин

Қувваозмоии муштзани украинӣ Владимир Кличко ва паҳлавони рус Александр Поветкинро мухлисони бокс дар саросари ҷаҳон, махсусан дар Россия ва Украина, дер боз интизор буданд. Ин қувваозмоӣ бояд ҳанӯз моҳи декабри соли 2008-ум ба вуқуъ мепайваст. Вале бо сабабҳо ва баҳонаҳои мухталиф он тӯли тақрибан панҷ сол ҳамеша ба вақти дигар мавқуф гузошта мешуд.

1_ghalabai-klichko-4.jpgБилохира он шоми шанбеи 4-уми октябри соли 2013 дар маҷмааи варзишии «Олимпӣ-и  шаҳри Масква  бо  ҳузури 14 ҳазор тамошобин баргузор гардид. Воқеан, ба иттилои баъзе аз расонаҳои хабарии русӣ, ки ба ташкилкунандаи ин мусобиқа миллиардери рус Андрей Рябинский истинод меоранд, нархи тикети ин мусобиқа то 20 ҳазор доллари амрикоӣ дар «бозори сиёҳ» баланд шудааст. Владимир Кличкои 37-сола, ки тақрибан 110 килограмм вазну қариб 2 метр қад дорад, қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон миёни муштзанони касбӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар дунё чанд ниҳоди байналмилалӣ, аз ҷумла Ассосиатсияи Ҷаҳонии Бокс (WBA), Созмони Ҷаҳонии Бокс (WBO), Федератсияи Байналмилалии Бокс (IBF) ва Созмони байналмилалии Бокс (IBO) мавҷуданд, ки бо ташкил ва гузаронидани чемпионатҳои ҷаҳон оиди бокс дар байни муштзанони ҳирфаӣ машғуланд.

Владимир Кличко дар тамоми мусобиқаҳое, ки ин ниҳодҳои номбаршуда ахиран дар ҷаҳон баргузор карданд, дар ҳамаашон дар вазни аз ҳад зиёд вазнин (супертяжелый) на як бору ду бор қаҳрамониро сазовор шудааст. Дар ҳоли ҳозир ӯ дар ин вазн қаҳрамони тамоми мусобиқаҳои баргузоркардаи ин ниҳодҳо ба шумор меравад. Ё чи тавре, ки мегӯянд Владимир Кличко дар  вазни аз ҳад зиёд вазнин қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи версияҳои Ассосиатсияи Ҷаҳонии Бокс (WBA), Созмони Ҷаҳонии Бокс (WBO), Федератсияи Байналмилалии Бокс (IBF) ва Созмони байналмилалии Бокс (IBO) мебошад. 

То вохӯрӣ бо Александр Поветкин Владимир Кличко 63 маротиба ба саҳнаи касбии бокс баромада дар шаст қувваозмоӣ  бар ҳарифони худ ғалаба кардааст, ки аз ин миқдор ғолибият дар 50 набард ҳарифонашро пеш аз муҳлат (накаут) шикаст додааст. Танҳо дар се қувваозмоӣӯ худ шикаст хӯрдааст. Чунин комёбӣ то имрӯз дар ҷаҳон ба ягон муштзани касбӣ даст надодааст.

2 ghalabai-klichko-4Вале Александр Поветкини 34 сола, ки нисбат Владимир Кличко  тақрибан 10 килограмм камтар вазн ва 10 сантиметр пасттар қад дорад, дар саҳнаи бокси касбӣ то қувваозмоӣ бо ӯ агарчи камтар, ҳамагӣ 25 маротиба, қувваозмоӣ карда бошад ҳам, вале дар ҳамаи ин қувваозмоиҳо ҳарифони худро шикаст додааст. Дар 18 қувваозмоӣ ҳарифони ӯ пеш аз муҳлат (накаут) шикаст хӯрдаанд. Ахиран ӯ дар вазни вазнин қаҳрамони мусобиқаи барпо намудаи Ассосиатсияи Ҷаҳонии Бокс (WBA) низ буд. Ӯ дар сурати ғалаба бар Владимир Кличко аз сӯи ҳамаи ниҳодҳои дар боло зикргардидаи байналмилалии бокс ҳамчун қаҳрамони ҷаҳон эътироф мегардид.

Бояд гуфт, ки ҷоизаи ин қувваозмоӣ низ хеле арзишманд буд. Ғолибро беш аз 17 миллион доллар маблағ интизор буд. Ба мағлуб низ тақрибан 6 миллион доллари амрикоӣҷоиза дода мешуд.

Баробари оғоз шудани набард Александр Поветкин ба ҳуҷум мегузарад. Вале Владимр Кличко бо дастони дарозаш намегузорад, ки зарбаҳои Александр муассиртар ба ҳадаф бирасанд. Ӯ аксаран дар вақти зарбазании Поветкин ба ӯ наздик мешуд, ӯро дар оғӯшаш мегирифт ва баъд тела медод. Баъди чунин теладиҳиҳо дар охири раунди аввал Поветкин ба фарши саҳна афтод. Вале довари саҳна онро нокдаун ҳисоб накард.

Ҳамин тариқ то раунди ҳафтум ҳарифон ба ҳамдигар зарбаҳое мезаданд, ки аз ин байн ба назар зарбаҳои Владимир Кличко муассиртар буданд. Шояд таъсири ҳамин  зарбаҳо буд, ки баъди ин лаҳзаҳо дар зери чашми Александр халтаи сиёҳе пайдо шуд.

Раунди ҳафтуми қувваозмоӣ хеле тезу тунд гузашт. Дар ин раунд Владимир Кличко се маротиба Александр Поветкинро ба замин меафтонад ва довари болои ринг онҳоро ҳамчун нокдаун ҳисоб мекунад. Вале Александр Поветкин бо чунин ҳукми довар ибрози норозигӣ менамояд.

Александр Поветкин дар раундҳои боқимонда ҳарчанд кӯшид рафти набардро ба фоидаи худ анҷом диҳад, вале ноком монд. Дар поёни мусобиқа доварони беруни саҳна низ бо ҳисоби 119 бар 104 ғалабаро ба Владимир Кличко лоиқ донистанд. Ҳамин тариқ Владимир Кличко тавонист, ки бори дигар унвонҳои ҷаҳонқаҳрамонии худро тибқи версияҳои Ассосиатсияи Ҷаҳонии Бокс (WBA), Созмони Ҷаҳонии Бокс (WBO), Федератсияи Байналмилалии Бокс (IBF) ва Созмони байналмилалии Бокс (IBO) ҳифз намояд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi