11:09:55 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

«Истиқлол» се карат барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон шуд

Рӯзи 5-уми октябри соли ҷорӣ дар калонтарин варзишгоҳи  маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии ниҳоии футболбозони мамлакат барои гирифтани Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2013 баргузор гардид. Дар он шаш карат барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2005, 2006, 2011, 2012) дастаи «Регар-ТадАЗ» аз шаҳри Турсунзода ва ду карат барандаи ин ҷом (солҳои 2009, 2010) дастаи «Истиқлол» аз шаҳри Душанбе, ки дар бозиҳои қаблии имсола ҳамаи рақибони худро мағлуб сохта ба бозии финалӣ роҳхат гирифта буданд, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

ghalabai-istiqlol-454545

Бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн оғоз шуд. Вале танҳо дар дақиқаи 44-уми қисми аввали бозӣ ба бозингари дастаи «Истиқлол» Ҷаҳонгир Эргашем муяссар шуд, ки ҳисоби бозиро кушояд. Бо ҳамин ҳисоб дастаҳо ба танаффус баромаданд. Баъди истироҳати кӯтоҳ дастаи «Истиқлол» ба ҳуҷумҳои пай дар пайи худ идома дод. Бозингарони «Регар-ТадАз ба хатогиҳои бештар роҳ медиҳанд. Дар дақиқаи 58-уми бозӣ ҳуҷумкунандаи беҳтарини «Регар-ТадАЗ» Аҳтам Ҳамроҳқулов бо довари бозӣ Равшан Эшматов вориди баҳс мешавад ва эътироз мекунад.

Довар ба ӯ барги сурхро нишон медиҳад, ки ин маънои ронда шудани ӯро аз бозӣ дошт. Ҳамин тариқ баъди ин лаҳза дастаи «Регар-ТадАЗ» даҳ нафар ҳарчанд кӯшиданд ҳисобро тағйир дода натавонистанд. Баръакси ин дастаи «Истиқлол» бошад бештар ба ҳуҷум мегузаштагӣ шуд ва дар дақиқаи 70-уми бозӣ боз ба ҳамон Ҷаҳонгир Эргашев муяссар мешавад, ки тӯби дуввумро ба тӯри дарвозаи «Регар-ТадАЗ» бифиристад. То охири бозӣ ҳисоб дигар тағйир наёфт.

Ҳамин тариқ дастаи «Истиқлол» Ҷоми футболи Тоҷикистонро маротибаи саввум соҳиб шуд ва ҳуқуқ пайдо кард, ки соли оянда дар ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2013 Тоҷикистонро намояндагӣ кунад.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1

2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0

2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0

2012- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5

2013 – “Истиқлол» (Душанбе) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 2:0

Тоҷиддин Пираков, махсус барои «Рӯзгор» аз шаҳри Қӯрғонтеппа



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi