ПИСАРИ ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР БҶ ВА СБП ТАЪЙИН ШУД
Амирҷон Убайдуллоев, писари шаҳрдори Душанбе, ба симати намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул интисоб шудааст. Манобеъи Бонки Миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки Амирҷон Убайдуллоев дар ин симат Завқӣ Завқиевро иваз кардааст. Гуфта мешавад, ки ваколати сесолаи оқои Завқиев анҷом шудааст.
Барои бори нахуст аст, ки яке аз фарзандони Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ба чунин симате таъйин мешавад. Дар гузашта Амирҷон Убайдуллоев дар Вазорати молияи Тоҷикистон ифои вазифа мекард ва ба гуфтаи манобеъи ин ниҳод, ҳафтае қабл “бо хоҳиши худ” фаъолияташро қатъ кардааст.
Манобеъи Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки маҳалли ифои вазифаи ҷадиди Амирҷон Убайдуллоев дар Суис аст ва мӯҳлати ваколати ӯ се сол муқаррар шудааст. Тибқи иттилоъи ин манобеъ, Амирҷон Убайдуллоев ба ин симат се ҳафта пеш бо фармони Президент Раҳмон таъйин шудааст.
Зимнан, дар гузашта Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари яке аз духтарони Президент Раҳмон, симати намояндаи ин кишвар дар БҶ ва СБП-ро бар ӯҳда дошт. Баъд аз бозгашт ба ватан, оқои Нуралиев ба симати муъовини вазири молияи Тоҷикистон таъйин шуд ва ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон ҳоло вай яке аз чеҳраҳои “таъсиргузор” дар кобинаи давлат маҳсуб мешавад.
Абдулвоҳид Шамолов, коршиноси тоҷик, ахиран зимни муъаррифии натоиҷи пажӯҳиши “”Фасод дар Тоҷикистон: Назари мардум” ба мавзӯъи таъйини пайвандони мақомот ба симатҳои мухталиф таъкид карда буд.
Оқои Шамолов аз ҷумла изҳор дошт: “Ҷомеъаи мо урупоӣ нест. Ҷомеъаи маданӣ дар мо ҳанӯз рушд накардааст. Тасаввур кунед, агар олмоние раиси шаҳр шаваду дархости бародарашро дар бораи ба кор гирифтани ӯ рад кунад, мушкиле нест, аммо агар ба ҷойи ин олмонӣ як тоҷик раис шаваду ба бародараш не гӯяд, ду авлод барои ҳамеша ҷанг мешаванд.”
Саймуддин Дӯстов, раиси маркази таҳлилии “Индэм” интихоби писари шаҳрдори Душанбе ба симати намояндаи Тоҷикистон дар БҶ ва СБП-ро мусбӣ арзёбӣ мекунад. Вай гуфт: “То ҳол дар бораи фарзандони шаҳрдори Душанбе ҳеҷ вокуниши манфӣ нашунидаам, ки далели тарбияи хуби онҳо аҳз сӯйи падарашон аст. Ба ин далел, таъйини Амирҷон ба ин симат ҳеҷ бадие надорад.”
Вай мегӯяд, ки аслан ҳеҷ яке аз пайвандони элитаҳои сиёсии Тоҷикистон ба мардикорӣ ба Русия намераванд ва “ҳама вазифаҳои равғанӣ, сарват ва моликият доранд.” Ҳарчанд, оқои Дӯстов ба интихоби Амирҷон Убайдуллоев ба симати намояндаи Тоҷикистон дар БҶ ва СБП мухолиф нест, вале мегӯяд, ки дар ин замина “наҳваи интихоб муҳим аст”.
Вай мегӯяд, ки ҳарчанд ба шахсияти Ашраф Гулов, писари Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон коре надорад, вале интихоби вай ба симати раиси бахши андозсупорандагони бузурги Кумитаи андози Тоҷикистонро наметавонад қабул дошта бошад. Зеро, ба гуфтаи вай, рӯшан нест, ки Ашраф Гулов аз чӣ роҳе ба ин симат интихоб шуд.
Аз тарафи дигар, оқои Дӯстов хабар дод, ки ахиран Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои дигари Президент Раҳмон ба симати намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Бритониё таъйин шудааст. Саймуддин Дӯстов мегӯяд, ки ҳарчанд оқои Соҳибов аз домодони президент аст, вале дар Тоҷикистон ҳама медонанд, ки вай як тоҷири муваффақ ва дорои назарҳои пешрафта мебошад.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
RSS Обуна