20:50:28 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шарҳи Кумитаи дин: "Ҳаҷҷ-2013 бизнес неcт"

Кумитаи умури дини Тоҷикистон омилҳои боло рафтани қимати Ҳаҷҷ дар соли 2013-ро шарҳ дод. Кумитаи дини Тоҷикистон бо эълони нархи сафар ба маросими ҳаҷҷ дар соли 2013, ки ба 17 ҳазору 625 сомонӣ баробар шудааст, дучори вокуниши ҷиддии сокинони кишвар ва васоити ахбори маҳаллӣ қарор гирифт.

hajj-biznes-30052013Ба дунбол Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 30-юми май бо пахши як баёния таҳти унвони «Ҳаҷҷ-2013 бизнес не», ки дар сомонаи он интишор ёфтааст, омилҳои боло рафтани нархи ҳаҷҷи соли равонро шарҳ додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, омили аслии он боло рафтани нархи билети ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Ҷидда ва Ҷидда–Душанбе мебошад, ки имсол нисбат ба соли гузашта 241 сомонӣ боло рафт.

Сабаби дигарро Кумитаи дин ба он вобаста медонад, ки взорати Ҳаҷҷ ва афқофи Арабистони Саудӣ низ нархи ҳаҷҷулиро ба андозаи 240 сомонӣ боло бурдааст. Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, «дар соли гузашта нархи Ҳаҷҷ 17127, 79 сомонӣ буд ва имсол бошад дар муқоиса ба соли гузашта 497,51 сомонӣ фарқ дорад.»

Дар шарҳи Кумитаи дини Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, ки «шояд як сабаби дигари гарон намудани нархи Ҳаҷҷ ба назари мардум ин бошад, ки онҳо 17625, 30 сомониро на бо қурби нуқтаҳои мубодилаи асъор, балки бо қурби пул дар Бонки миллӣ қиёс кардаанд.»

Аммо Абдулфайз Сироҷов, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки сарфи назар аз омилҳое, ки Кумитаи дин дар робита ба гароншудани нархи Ҳаҷҷ пеш овардааст, барои мардум пайдо кардани маблағи 17 ҳазору 625 сомонӣ бисёр сангин аст: «Беҳтар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон иҷозат диҳад, ки мардум ба ғайр аз тариқи Кумитаи дин бо роҳҳои дигар ба Ҳаҷҷ равад. Агар дар соли оянда Кумита боз аз ин бештар нархи Ҳаҷҷро боло барад, мардум чӣ кор кунад.»

Сафари Ҳаҷҷ, ки яке аз муҳимтарин рукнҳои дини Ислом ба шумор меравад,  шумори ҳарчи бештари сокинони Тоҷикистонро ба он ҷалб мекунад. Вуҷуди квота ва ё шумори дақиқи зоирон, ки аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саъудӣ барои ҳар кишвар муайян мешавад, боиси он мешавад, ки баъзе мақомоти масъул барои ҷой кардани номзадҳои мавриди назари худ ба рӯйхатҳо муттаҳам шудаанд. Соли гузашта дар манотиқи Тоҷикистон чанд мақоми нозири сафари Ҳаҷҷ барои гирифтани пора аз зоирон муҷозот шуданд.

Имсол ба иттилои Кумитаи дин, маросими интиқоли зоирон ба Ҳаҷҷ аз 20 сентябр то 5 октябр ҷараён мегирад ва дар ин фурсат тоҷикистониёи хостори зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Саъудӣ интиқол меёбанд. Ҳанӯз маълум нест, ки оё имсол шумори квота барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам қимати сафари Ҳаҷҷ тағйир меёбад, ё на.

Соли гузашта 5,500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи зиёрати "хонаи Худо"-ро ба даст оварданд. Аксари онҳо аз роҳҳои ҳавоӣ ба Ҳаҷҷ фиристода шуданд. Гурӯҳе аз зоирон аз ноҳияи Ҳамадонӣ порсол пои пиёда Ҳаҷҷро анҷом додад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi