18:36:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

С.Шарифов: «Ба гуфтаҳои Онишенко посух гӯед!»

Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумони Тоҷикистон аз вазорати тнадурустӣ тақозо кард, ки мавзеъашонро нисбати изҳоротҳои ахири Генадий Онишенко, раҳбари Хадамоти беҳдоштии Русия мушаххас кунад.

suhrob-29052013Ин вакили порлумон рӯзи чоршанбеи 29 май зимни баррасии лоиҳаи «Қонун дар бораи таъмини амнияти санитарӣ ва эпидимиологии Тоҷикистон» дар иҷлосияи Маҷлиси намоядагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон хитоб ба Холмаҳмад Назаров, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Хадамоти беҳдоштии Тоҷикистон гуфт, ки «дар ин авохир бо вуҷуди изҳоротҳои Генаддий Онишенко, раҳбарои Хадамоти беҳдоштиии Русия дар мавриди вазъи қаторҳои Тоҷикистон ва фурудгоҳ ва ҳамчунин бурузи бемориҳои мухталиф, вазорати тандурустӣ ва хадамоти беҳдоштии Тоҷикистон посухе ба он намедиҳад.»

Сӯҳроб Шарифов ба ин мақоми Хадамоти беҳдоштии Тоҷикистон талқин кард, ки дар интихоби кадрҳои ҳирфаӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ сурат бигирад, то онҳо битавонанд дар нисбати амлакарди бархе аз афрод, ки ба шаъни Тоҷикистон иснод меоранд, истодагарӣ карда тавонанд. Аз сӯи дигар Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон низ ба ин нукта таъкид кард ва гуфт, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон бояд гуфтаҳои Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумонро мадди назар бигирад.

Зимнан, дар пайи ислоҳи «Қонун дар бораи таъмини амнияти санитарӣ ва эпидимиологии Тоҷикистон» дар порлумон, салоҳияти таъйини сардухтурони шаҳру ноҳияҳо аз Хадамоти беҳдоштии Тоҷикистон лағв ва ин масъулият бар дӯши ҳукуматҳои иҷроии мақомоти маҳаллӣ вогузор гардид.

Геннадий Онишенко, сардухтури санитарии Русия дар миёнаҳои моҳи апрел пас аз шиносоӣ бо хадамоти марзбонӣ ва гумрукии истгоҳи Аксарайскии вилояти Астрахан, аз вазъи бади санитарии тарабхонаҳои қатораҳои Тоҷикистон интиқод карда буд. Ба эътиқоди Сардухтури санитарии Русия, ин қатораҳо аз оддитари шароити беҳдошти бархӯрдор набудаанд. Ба дунбол дар як нишасти Хадамоти марзбонии Русия тасмим гирифта шуд, ки барои тафтиши қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон ба самти Русия, дар марз бо Қазоқистон посгоҳҳои нав бунёд кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi