Вазир: "Бо ҳамкории мардум 600 ҷиноят ошкор шудааст"
Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ҳамкорӣ бо мардум тариқи телефони «боварӣ», ҳудуди 600 ҷиноят ошкор шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ ин матлабро рӯзи панҷшанбеи 16-уми май ба дунболи ифтитоҳи «Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо мо эълом кард. Вай гуфт, «албатта фаъолияҳои мо дар ҳама сатҳ, ба хусус дар самти ҳамкорӣ бо аҳолӣ натиҷаҳои назаррас дода истодааст, аммо ҳанӯз ҳам ҳамкории аҳолӣ бо милитсия ба он сатҳи лозимӣ нарасидааст.»
Оқои Раҳимов афзуд, ки ҳадафи аслии Стратегияи ислоҳоти милитсия низ он аст, ки фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо беҳбуд ёбад. Ин аст, ки ба таъкиди вазири корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ, иқдомоте рӯи даст гирифта мешавад. Вай ифтитоҳи «Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» бо кӯмаки сафорати ИМА дар Душанберо дар самти беҳбуди ҳамкории милитсия бо мардум муассир арзёбӣ кард ва гуфт, ки минбаъд низ ин ҳамкорӣ идома хоҳад ёфт.
Имрӯз, панҷшанбеи 16-уми май дар шаҳри Душанбе ду маркази «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ифтитоҳ шуд. Хабарнигори мо, ки дар ин маросим ширкат дорад, гуфт, ки ин марказҳо дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва минтақаи «Табачная», дар қисмати ғарби пойтахт бунёд шуданд. Дар маросими ифтитоҳи ин марказҳо генерал Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе ширкат карданд.
Дафтари матбуоти сафорати ИМА гуфт, ки ин марказҳо ба ибтикор ва ҳамкории бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири сафорати Амрико ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд.
Ҳадафи аслии ин марказҳо «баланд бардоштани қобилияти хидматрасонии кормандони корҳои дохилӣ ба шаҳрвандон дар ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон ва тақвияти волоияти қонун ва ҳамчунин беҳтар кардани боварии мардум ба милитсия, унвон мешавад. Дар чорчӯби ин марказҳо гуруҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа низ фаъолият мекунанд.
Ин лоиҳа аз сӯи бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири сафорати ИМА аз моҳи майи соли 2010 мавриди иҷро қарор гирифтааст ва то кунун 6 марказ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Рашту Ҷиргатол, Фархору Қумсангир ва Бобоҷон Ғафурову Қайроқум таъсис ёфтаанд. Ба ҷуз ду марказ дар шаҳри Душанбе, интизор меравад то охири соли ҷорӣ 4 маркази дигар дар Панҷакенту Ваҳдат ва Айниву Хоруғ фаъол шавад.
Зимнан, бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба ҷузъ таъмиру бозсозии марказҳо, таҷҳизоти лозимро ба ин марказҳо таъмин карда ва ҳамчунин дар баргузории тренингҳо барои кормандони пулис ва ҷомеа мусоидат мекунад.
«Озодӣ»