23:51:02 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Умедҳои барбодрафтаи интихоботи Восеъ

Бисёри нозирон баъди интихоботи Восеъро афсӯс мехӯранд, ки боз як умеди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба баргузории интихоботи воқеан демократӣ барбод рафт. Аксари журналистони расонаҳои хабарӣ даъвати Раҷаби Мирзо (Мараимов), яке аз номзадҳо ба вакилиро барои ба ҳайси нозир ширкат доштан дар ин интихобот, ба ду сабаби аслӣ пазируфтанд:

intikhobot-vosee-06052013А) Раҷаби Мирзо ҳампеша, дӯст ва ҳамкори аксари хабарнигорон буд ва ҳаст ва табист, ки онҳо ба нишони эҳтиром ва ҳамраъйӣ ба Восеъ рафтанд;

Б) Барои аксар намояндагони ВАО ҷолиб буд бо чашми худ бубинанд, ки пас аз паёми Президент ва ваъдаи баргузории интихоботи шаффофу одилонаи президентӣ, мақомот дар мисоли ҳавзаи Восеъ-№39 «репетитсия»-и интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябриро ба чӣ шева доир мекунанд? Оё то куҷо мақомоти маҳаллӣ талош мекунанд, ки Президент дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қавле «дурӯғгӯ» нашавад?

Зеро, дар сурати баргузор нашудани интихоботи миёндаврии шаффофу бидуни тақаллуб, нозирони авзоъ хоҳанд гуфт: «Мақомот қудрати таъмини шаффофияти интихоботро дар як ҳавза надоранд, оё маъракаи муҳимми сиёсии моҳи ноябрро ба сурати демократӣ чӣ гуна доир мекунанд?»

Аммо рӯзи 5 май мо шоҳиди боз як манзараи табдили "маъракаи муҳимми сиёсӣ" ба "спектакл" (ба ибораи Раҷаби Мирзо) шудем. Тақаллубкории масъулони қитъаҳои интихоботӣ дар ҳавзаи №39-и Восеъ, ки ба иддаои нозирон, бо дастуру "ҳидоят"-и мақомоти маҳаллӣ сурат гирифт, ҳадду канор надошт: чандин баргаи раъйро ба сандуқ андохтани одамон ва ҳатто муаллимону аъзои қитъаҳои интихоботӣ, муайян накардани шахсияти интихобкунанда (напурсидани шиноснома), гаштугузори ходимони милиса дар дохили участкаҳо, дахолати раҳбарону вакилони маҳаллаҳо ва одамоне ки узви комиссияи участкавии интихоботӣ нестанд, таблиғи ғайрирасмӣ дар рӯзи интихобот... Ин номгӯи нопурраи қонуншиканиҳост, ки нозирон мушоҳида кардаанд.

Аз нозири ҳизби аграрии Тоҷикистон (ки номзадаш барандаи ин интихоботи миёнадаврӣ эълон шуд) дар участкаи №37-и деҳаи Ибрат пурсидам, ки ин ҳизб дар парлумон чанд вакил дорад ва номи раисаш кист, надонист. Вай ҳатто номи Зайниддин Сафаров (барандаи интихобот, ҳамҳизбаш)-ро бо душворӣ гирифт. Иқрор шуд, ки дар бораи барномаи пешазинтихоботии ӯ аслан маълумот надорад.

Аммо ин нозир, ки омӯзгори бознишаста буда ва 280 сомонӣ нафақапулӣ мегирифтааст, мегӯяд, баумед аст, ки номзади ҳизбаш барои беҳбуди вазъи зиндагии ӯ, афзудани маоши бознишастагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар ояндаи наздик қодир аст. Ин нозир ҳарчанд медид, ки сохтакорию тақаллуб сурат мегирад, функсияи «обсофкунак»-и комиссияи қитъавиро иҷро мекард.

Соати 6-у 40 дақиқаи субҳ ҳамчун нозир аввалин протоколро тартиб дода, дар он ба 4 қонуншикании суратгирифта ишора ва ба Назаров Раҳмоналӣ, раиси қитъаи раъйдиҳии №37 (ҳамзамон директории мактаби №45) манзур кардам. Бодиққат хонд, аммо қабул накард. Варақро пешам гузошт ва ба ҳуҷраи кориаш тохт, то шояд телефонӣ аз касе машварат бипурсад. Баргашту гуфт, ки «ман ягон тақаллубро надидам ва шумо ҳам факт надоред. Аз ин рӯ, қабул намекунам!» (Баъдтар фаҳмидам, ки нозирони дигар ҳам бо ҳамин мушкил рӯ ба рӯ шудаанд, яъне ягон раиси қитъаи раъйдиҳӣ протоколу эътирози хаттии онҳоро қабул накардааст).

Медидем, ки ба  тақаллуб аксаран омӯзгорон, масъулони участкаҳои интихоботӣ дар маҳаллҳо, даст мезананд (Зеро аксари қитъаҳои раъйдиҳӣ дар мактабҳо ҷой гирифта ва аъзои комиссияҳои қитъаҳои интихоботӣ низ маҳз омӯзгорон буданд). Мутаассуф, ҳамин қабил омӯзгорон ба фарзандони мо "роҳи рост" нишон медиҳанд, гуфтани ҳарфи ҳақу поквиҷдониро барояшон талқин мекунанд...

Аз сӯйи дигар, ба мушоҳида мерасид, ки ҳар интихобкунандаи ҳушманду ҳақшинос бидуни тарсу ҳарос мегуфт, ки ба номзади шоистатарин, яъне Р. Мараимов овоз медиҳад. Баъзе занҳои хонашину солмандон ба қитъа меомаданду аз аъзои комиссия мепурсиданд: «Бачам, ҳами журналист кадомишай? Номаша ба ман нишон те, ки ҳамуда овоз диҳам…»

Вале боз ҳам буданд нафароне, ки барояшон интихобот аслан маънӣ ва арзише надошт. На номи номзадҳоро медонистанд ва на талоши шинохти онҳоро доштанд. Мегуфтанд, ки «тез овозамонро диҳему ба чобуқ равем, то ки дигар вакили маҳалла гарангамон накунад». Баъзеҳо ҳатто аз дигарон машварат мепурсиданд, ки чӣ гуна ва ба кӣ бояд овоз диҳад. Одамон ба ҳоли худ буданд. «Рости гап, барои одамони қишлоқ аҳамият надорад, ки вакилашон дар парлумон кист. Ҳама ба зиндагии худ овора ва ҳатто барои ба қитъаи интихоботӣ омадан вақташонро дареғ медоранд», - гӯшакӣ кард бо ман нозир аз ҳизби аграрӣ.

Ин саҳнаҳо дида, кас озурдаю дилтанг мешавад. Ба худ меандешам: «То замоне одамон худшиносу ҳақталош нашаванд, вакили шоистаю арзанда ва воқеан мардумӣ нахоҳанд дошт дар ҳокимияти қонунгузор.»

Бо ин вуҷуд, ҳусни таваҷҷуҳи сокинони ноҳияи Восеъ нисбат ба Раҷаби Мирзо бештар ба назар мерасид. Вақте ки номзад ба вакилӣ бо раъйдиҳандаҳо дар як рӯз то 12 мулоқот анҷом медиҳад, садҳо нафар ба сӯҳбаташ ҷамъ меоянд, 10 ҳазор нусха нашрия, ҳазорҳо визитка, плакату буклетро бо барномаи пешазинтихоботиаш ба мардум мерасонад, дуои онҳоро мегирад, ғайри қобили тасаввур буд, ки вай дар ниҳоят ҳамагӣ 7%-и раъйи мардумро мегирад.

Фикр мекунам, вақте аз тамоми захираҳои маъмурӣ алайҳи яке аз номзадҳои қавӣ истифода мешавад, ин аллакай нишонаи пирӯзии ҳамин номзад аст (ҳарчанд расман ӯ барандаи интихобот эълон нашудааст).

Раҷаби Мирзо мегӯяд, барояш муҳим ба даст овардани курсии вакили парлумон набуд, балки барояш ҒАЛАБА даркор буд, ки ниҳоят ба даст овард!

Ба Зайниддин Сафаров, ки ҳамакнун ба курсии холикардаи ҳамҳизбаш Рустам Латифов дар Маҷлиси намояндагон менишинад, низ комёбӣ орзу мекунем.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки Зайниддин Сафаров, номзади Ҳизби аграрӣ ва барандаи ин «интихобот», аз кӣ бештар муташаккир бояд бошад, ки бо кумаку мусоидаташон ба курсии вакилии парлумони Тоҷикистон расидааст: аз раъйдиҳандаҳои ҳавзаи интихоботии Восеъ - №39, ё аз мақомоти ин ноҳия?

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi