03:55:40 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздошти як овозхони тоҷик дар Маскав

 Пулиси Маскав ахиран як овозхони ҷавони зодаи Тоҷикистонро барои иҷрои як таронаи сиёсӣ боздошт кардааст.

dorob-yans 06052013Дороб Доробови 24-сола , ки бо тахаллуси Дороб Янс дар жанри реп тарона месарояд, дар таронае бо номи “Қарор мак”, ки ба забонҳои шуғниву русӣ иҷро кардааст, бо истифода аз ахбори телевизионҳои Русия дар бораи амалиёти моҳи июли соли 2012 дар Хоруғ чанд пора оварда, аз ҷумла мегӯяд, ки нафароне мисли ӯро барои озодии баён ба боздоштгоҳ мекашонанд, вале онҳоеро, ки фармони ҳамларо доданд, ба курсии вакилӣ мешинонанд.

Дороб Янс дар ин тарона, ки тоза дар ҳамин моҳи март дар Youtube нашр кардааст, ҳамчунин ба Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот орзуи муваффақият мекунад, вале меафзояд, ки ба мардум бояд ҳаққи интихоб дода шавад.

Бино ба хабаре ки дар сомонаи расмии ин овозхони ҷавон нашр шудааст, пулиси Маскав ӯро 27 апрел дастгир карда, тибқи моддаи 130-юми Қонуни ҷиноии Русия (таҳқир ва пас задани шаъну шарафи нафари дигар дар шакли таҳқиромез) айбдор мекунад, ки то 40 000 рубли русӣ, муодили 1300 доллар, ё то 120 соат кори иҷборӣ муҷозот доштааст. Бино бар ин хабар, Дороб Янс феълан аз боздошт бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо шуда, мунтазири муҳокимаи парвандааш  дар додгоҳ аст.

Дороб Доробов соли 1989 дар Хоруғ ба дунё омада, дар Маскав ба воя расидааст ва шаҳрванди Қирғизистон аст. Ӯ шогирди Мастер Исмоил – аз маъруфтарин хонандагони репи тоҷикӣ- будааст.

Мастер Исмоил, ки низ дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, вале феълан дар рухсатӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт,  таъқиби овозхон барои изҳори ақидаҳои сиёсиашро дуруст намешуморад: “Ин дуруст нест. Мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем. Озодии сухан аст. Давлати мо демократист. Чизи дигар ин аст, ки Дороб шаҳрванди Тоҷикистон нест. Худаш аз Помир аст, вале шаҳрванди Қирғизистон асту дар Маскав зиндагӣ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ҳаққ надоранд, ки алайҳи ӯ коре кунанд.”

Бино ба хабари нашршуда дар сомонаи Дороб Янс, боздошти ӯ аз тарафи пулиси Маскав бар асоси шикояти як корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия сурат гирифтааст. Аммо сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев дар сӯҳбат бо мо аз ин қазия изҳори бехабарӣ кард.

Каримҷон Ёров, раҳбари “ЭтМос”, як ҷамъияти тоҷикони Маскав , мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон маъмулан аз таҳқири давомдори муҳоҷирони тоҷик дар Русия чашм мепӯшанд, вале чанд мавриди ахир нишон дод, ки алайҳи ҳар мавриди, ба бовари онҳо, танқиди раҳбари аввали кишвар, яъне Эмомалӣ Раҳмон, хеле зуду фаъолона ва бо иттифоқи оро қад алам мекунанд:

“Додгоҳӣ кардани ин қазия мантиқ надорад, чунки дар бораи шахсиятҳои маъруфи дунё, аз ҷумла дар бораи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам таронаҳои танқидиву ҳатто тасвирҳои танзомез зиёд нашр мешавад. Вале ҳеҷ кадоми онҳо масъаларо ба додгоҳ намекашонанд. Аз рӯи ин мантиқ пас мо бояд ҳазорон мардуми норозӣ аз сиёсати давлат дар худи Тоҷикистонро ҳам ба додгоҳ кашем.То имрӯз миллионҳо тоҷикро дар Русия таҳқиқ мекунанд ва касе аз мақомоти Тоҷикистон лаб накушод, вале ҳамин ки Владимир Жириновский аз Эмомалӣ Раҳмон танқид кард ва инак, ин хонандаи реп, ҳама ҷо пур аз вокуниш шуд.”

Раҳбари яке аз ҷамъиятҳои бадахшиҳои муқими Маскав низ ба мо гуфт, набояд овозхонро танҳо барои инки ба интихоботи озод даъват кардааст, муҷозот кунанд. Худи Дороб Янс ҳам дар сомонааш гуфтааст: “Ман дар ин тарона касеро таҳқир накардаам, балки танҳо ба мардум фаҳмондам, ки бояд дар интихоботи президентӣ интихоби дуруст кунанд. Тамом! Мо тарафдори озодии баёнем ва дигар, ба назарам, аз ин бештар чизе нагуфтем.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi