04:17:24 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рейди Вазорати корҳои дохилӣ барои Сабинаву Малика


Вазорати корҳои дохилии То
ҷикистон барои пайдо намудани Сабина ва Малика, амалиёти тафтиши шиносномаҳоро дар пойтахт оғоз кардааст.

kudakon-110413Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки маъмурони пулис сар аз 8-уми апрел, рейди тафтиши паспортҳоро ҳамчун як чораи дигари ҷустҷӯи духтарчаҳои гумшуда, оғоз кардаанд.

Мувофиқи ин рейд, кормандони Шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ва маҳаллаҳои шаҳр ба манзилҳои зист мераванд ва шумораи истиқоматкунандагони манзилҳоро мушаххас намуда, ҳатто иззи ангуштҳо низ гирифта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки аз бедарак шудани Саъбинаву Малика беш аз ду ҳафта гузаштааст, вале ҳеҷ нишонае ва ё фарзияи кӯчактарин дар мавриди чӣ гуна нопадид шудани онҳо, ҷой надорад. Волидони Сабинаву Малика низ мегӯянд, ки ҳол ягон нишонаи умедворкунанда дар роҳи ёфтани ҷигарбандонашон ошкор нашудааст.

Маликаву Сабина Араловаҳо, сокинони хиёбони Айнии пойтахти Тоҷикистон, рӯзи 25 март аз назди манзили худ ғайб заданд ва то ҳанӯз касе гуфта наметавонад, ки онҳо дар куҷоянд.

Ин рейд дар ҳоле, аз сар гирифта мешавад, ки шуморе аз сокинон аз тафтишоти маъмурони пулис дар манзилҳои зист изҳори ташвиш карданд, зеро мақомоти умури дохили бидуни огаҳии қаблӣ аз тариқи расонаҳо, ин амалиётро роҳандозӣ карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi