13:36:16 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАРОМАТ ШАРИПОВ ВА ИЗЗАТ АМОН: БАҲС ДОДГОҲӢ МЕШАВАД?

Боздошти се тоҷик дар Маскав ду чеҳраи шинохта аз ҷумлаи раҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русияро дар ду ҷабҳаи мухолиф қарор додааст ва шояд моҷарои онҳо ба додгоҳ низ бикашад.

/images/stories/2013/03/17_karomat_izzat_170313.jpgКаромат Шарипов, раиси Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирини меҳнатии тоҷик», дар сомонаи ин созмон Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русияро айбдор кард, ки гӯё мехост ҳамсари яке аз боздоштшудагонро фирефта, бо баҳонаи хизмати адвокатӣ пул ба даст орад. Аммо Иззат Амон ин даъворо рад карда, мегӯяд, ба хотири дифоъ аз шаъну шараф ва ҳайсияти инсониаш ба додгоҳи шаҳри Маскав муроҷиат хоҳад кард.

Иззат Амон бар ин аст, ки Каромат Шарипов ба ӯ ғарази шахсӣ дорад ва аз ҳар фурсате истифода мекунад, то ӯ ва ҳар нафари бештар матраҳ миёни тоҷикон дар Русияро сиёҳ кунад: «Ӯ мехоҳад, ки ҳама таҳти созмони ӯ кор кунанд, зери байрақи ӯ бошанд, яъне, ӯ раҳбари тамоми созмонҳои тоҷикӣ бошад. Худашро як нафари бузург ва ягона дар майдони муҳоҷирати Русия дидан мехоҳад. Мехоҳад, ки артиши думиллионаи тоҷику тоҷикистонӣ фақат ба ӯ муроҷиат кунанд. Ӯву созмонаш маъруф мешаванд, пули зиёд меояд, тамоми салоҳиятҳоро ба даст мегирад, мизоҷонаш бештар мешаванд.»

Дар ҳамин ҳол, Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирини меҳнатии тоҷик», мегӯяд, дар ин баҳс далелҳои худро дорад ва хеле мехоҳад ки мардум чеҳраи аслии Иззат Амонро бубинанд: «Ӯ аз намояндаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз афроди наздик ба Муҳиддин Кабирӣ аст. Инро ба ман дигарон гуфтанд, худам бо ӯ суҳбат надоштам. Ман мехоҳам бо ӯ шинам ва пурсам, ки чӣ мехоҳад? Як рӯз ӯ ҳуқуқшинос аст, рӯзе ӯ сиёсатмадор аст, рӯзи дигар раиси созмони ҷамъиятӣ аст. Худ чӣ мехоҳад? Нависад, ки раҳбари Тоҷикистон, президент аст. Фахр кунад, гардад. Аммо чӣ лозим аст ташвиқот дар миёни мардуми мо дар масҷидҳо. Ин корҳо лозим нестанд.»

Дар Русия ҳудуди 50 созмони ҷамъиятии тоҷикон фаъолият мекунанд ва  ин танҳо мавриди ба ҳам дарафтодани созмонҳои тоҷикӣ нест. Дар гузашта чунин моҷаро ба сари курсии раёсати Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия ҳам омад ва мунҷар ба барканории Абдуллоҳ Давлатов ва амалан аз байн рафтани ин созмон шуд.

​​Абдулло Давлатов, раиси  Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, ки як муддат бо мақомоти Русияву сафорати Тоҷикистон вориди баҳс шуда буд, мегӯяд, ҳадаф аз созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон таблиғи фарҳанги тоҷику тоҷикистониён дар Русия ва кор бо муҳоҷирин аст, аммо ин суханҳо танҳо дар оинномаҳо сабт шуда, рӯи қоғаз мемонанд.

Вай афзуд: «Яке таҳти шиори созмони ҷамъиятӣ тиҷорат мекунад, иҷозатномаи корӣ мефурӯшад. Дар минтақаҳо бо кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия наздик шуда, ҳамон муҳоҷирон, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз пул додан ба ин созмонҳо саркашӣ мекунанд, муҷозот мекунанд. Як корҳое мешаванд, ки аксаран аз рӯи нофаҳмиву нодонӣ, худпарастиву пулпарастӣ аст ва агар дар асл гирем, аз нотавонии раҳбарони ин созмонҳо бармеояд.»

Як ҳамсуҳбати дигари мо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар даҳаи 90-и асри гузашта созмонҳое, ки дар Русия диаспораҳои тоҷиконро ташкил мекарданд, фаъолияти беҳтар доштанд, аммо дар солҳои ахир теъдоди чунин созмонҳо дар вилоятҳо ва пойтахти Русия ба ҳар тариқе хеле зиёд карда шуданд. Ба қавли ин мусоҳиби мо, то замоне ки ин созмонҳо ихтилофоту рақобати байни худро як сӯ гузошта, аз як гиребон сар набароранд, ба ҷое нахоҳанд расид. Ӯ мегӯяд, гурӯҳҳои манфиатдоре дар ҳарду кишвар ҳастанд, ки талош мекунанд, то дар миёни ҷамъиятҳои тоҷикони Русия чунин ҳолат ба вуҷуд наояд. Ба қавли ӯ, баҳси миёни Каромат Шарипов ва Иззат Амон ҳам идомаи ин сиёсате аст, ки аз сӯи болоҳо пиёда мешаванд, чизе монанд ба ҷанги хадамоти махсус.

Ба бовари нозирони умур, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия беш аз ҳад банди густариши қаламрави нуфузи худ ва танг кардани ҷойи пои рақибони худ аз созмонҳои дигар шуда, дар ин байн иҷрои вазифаи асосии худро, ки дифоъ аз муҳоҷири беҳуқуқ аст, фаромӯш мекунанд.

Дар натиҷа, қурбонии асосии ин ҳама ҷангу даъвоҳо боз ҳам ҳамон 1 миллион муҳоҷири тоҷик мешавад, ки дар рӯи коғаз аз ҳаққаш садҳо созмони мухталиф ҳимоят мекунанд, вале дар соати гирифторӣ дар муқобили мақомоти мухталифи тамаъҷӯи кишвари мизбон танҳо худаш мемонаду умедаш ба Худои меҳрубон.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi