12:06:32 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВОЛИДОНИ МАҲБУСОНИ НОРОЗӢ ИСТЕЪФОИ И.ШАРИФОВРО ТАЛАБ КАРДАНД

Волидони бархе аз маҳбусони норозӣ хостори истеъфои Иззатуллоҳ Шарифов, сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон шуданд.

/images/stories/2013/03/11_izzatulloh-110313.jpgВолидони маҳбусони норозӣ бо ирсоли як нома ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ёвари вазири умури хориҷии ИМА Роберт Блейк ва сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, истеъфои сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатулло Шарипов, Сарпрокурори назоратӣ Толиб Азимов ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоевро тақозо кардаанд.

Дар номаи мазкур 320 волидони маҳбусони норозии зиндонҳои мухталифи кишвар ва зиндониёне, ки тайи чанд соли ахир бар асари шиканҷа фавтидаанд, имзо гузоштаанд.

Маҳмурод Одинаев, падари яке аз маҳбусони норозӣ рӯзи 11-уми март ба мо гуфт, ки рӯзи душанбе номаи дастаҷамъонаи волидони маҳбусони норозиро ба Дастгоҳи президент ва сафорати Бритониё дар Тоҷикистон расман таслим намуда ва низ аз тариқи почта ба Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ирсол доштааст.

Дар ҳамин ҳол Шӯъбаи мактубҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Бритониё таъйид карданд, ки ҳамин рӯз номаи дастиҷамъонаи волидони маҳбусони норозиро ба қайд гирифтанд, ки онро сокини ноҳияи Ҳисор Маҳмурод Одинаев ба онҳо таслим кардаааст. Аммо дар сафорати Амрико гуфтанд, номаро тариқи конверт аз почта дарёфт кардан мехоҳанд.

​​Худи Маҳмурод Одинаев ба мо гуфт, ки дар ин нома маълумоти муфассал ва асноди дақиқ бо сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ пешниҳод шудааст, ки чи гуна дар маҳбасҳо аз шиканҷаву зурӣ кор гирифта мешавад, вале масъулони маҳбасҳо ба ҷои ислоҳи вазъият, беэътиноӣ мекунанд.

Маҳмурод Одинаев меафзод, тайи ин чанд соли ахир чанд маҳбус бар асари шиканҷа фавтидааст, вале то ҳол ҳеҷ кадом аз кормандони маҳбасҳо ҷазои сазовор нагирифтааст.

Дар нома зикр шудааст, ки додситони назоратӣ бо масъулини маҳбасҳо «забон як карда», дар таҳқиқи парвандаҳои марги маҳбусҳои бар асари шиканҷа даргузашта саҳлангорӣ мекунад. Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки даҳҳо аризаҳои волидон, ки ба Додгоҳи олӣ дар мавриди ҳукмҳои ғайриодилона пешниҳод карда мешаванд, беҷавоб мемонад.

Маҳмурод Одинаев меафзояд, ки "ин ҳама беадолатиҳо ба таври давомдор боқӣ мондааст ва ин сабаби борҳо эътироз кардани волидон шудааст." Вай изҳори умедворӣ мекунад, ки дар ин навбат ба доди онҳо хоҳанд расид ва хоҳиши онҳо иҷро хоҳад шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi