22:23:32 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЛОИҲАИ ОИД БА ИСЛОҲОТИ ЗАМИНРО ҲУКУМАТИ ИМА БОМУВАФФАҚИЯТ БА АНҶОМ МЕРАСОНАД

Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ба муносибати ба анҷомрасии фаъолияти сесолаи худ, ки ба бунёди асоси бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин равона гардидааст, чорабинӣ доир намудааст. Чорабинии мазкур ҳамчунин ба натиҷагирӣ аз дастовардҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти замин бахшида шудааст.

/images/stories/2013/01/25_usaid-25012013.jpgСафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан М. Эллиотт ва муовини сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон чорабиниро, ки дар он намояндагони ҷомеаи сармоягузорон ва шахсони расмии Ҳукумати Тоҷикистон ширкат доштанд, ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.

Зимни суханронии худ Сафир Эллиотт таъкид кард, ки: “Ислоҳоти замин  қисми таркибии рушди бахши кишоварзӣ аст ва кафолати ҳуқуқҳои деҳқонон ҳам дар ин самт омили асосии рушди минбаъдаи ин соҳа мебошад. Дар мавриди боварӣ ҳосил намудани деҳқонон, ки ҳуқуқҳои заминистифодабарии онҳо кафолат дода шудааст, онҳо бештар ба сармоягузории дарозмуддат ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва даромаднокии замин мароқ зоҳир хоҳанд намуд”.

Лоиҳаи USAID аз оғози фаъолияти худ ба таҳким ва ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони замин, рушди замина ва сохторҳои бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин бо роҳи пешниҳоди дастгирии техникӣ, барномаҳои омӯзишӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма равона шуда буд.

Лоиҳа ҳамчунин кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистонро дар қабули асноди ҳуқуқии нав ва сиёсати он, ки ба принсипи “озодии хоҷагидорӣ” ва самаранок амалӣ сохтани ислоҳоти замин бо мақсади бунёди бозори ҳуқуқи заминистифодабарӣ асос ёфта буд, дастгирӣ намуд. Бозори амалкунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин имконияти рушди самаранок, пурмаҳсул ва дарозмӯҳлати заминро  фароҳам меоварад.

Лоиҳаи USAID ҳамчунин ба деҳқонон оиди ҳуқуқҳои онҳо ба замин тавассути маҷмӯаи барномаҳои омӯзишӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори умум маълумот пешниҳод намуд, аз он ҷумла тавассути машваратҳои ҳуқуқӣ кӯмаки ҳуқуқӣ намуд ва тавассути барномаҳои омӯзиши техникии намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ, судяҳо, прокурорҳо ва адвокатҳо оиди масъалаҳои замин волоияти қонунро дастгирӣ намуд. Дар давоми се соли фаъолияти лоиҳа беш аз 107 000 ҳазор нафар шаҳрвандон бевосита аз кӯмаки он баҳраманд шуданд.

Барномаҳои USAID аз соли 2004 ба ҳукумат дар пешбурди сиёсат оид ба замин ва таҳияи асноди ҳуқуқӣ кӯмак менамояд. Ислоҳоти замин дар Тоҷикистон қисми таркибии ташаббусҳои Ҳукумати ИМА оид ба амнияти озуқа ва ғизои мукаммал таҳти унвони “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ба ҳисоб меравад. Ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”дар Тоҷикистон ба бартараф намудани сабабҳои асосии гуруснагӣ ва фақр тавассути вусъатдиҳии рушди фарогири соҳаи кишоварзӣ ва беҳбуд бахшидан ба ғизогирии мукаммали аҳолӣ, аз ҷумла, занону кӯдакон, дар 12 ноҳияҳои вилояти Хатлон равона гардидааст.

Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин дар Тоҷикистон, яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи USAID мебошад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ироъа намуд.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi