ИЗОФАИ СОЛ ДАР ШИНОСНОМА – ИЛОҶИ НАВИ АРӮСИИ НОБОЛИҒОН
Додситонии ноҳияи Восеъ нисбати як корманди мизи шиносномадиҳии ин ноҳия, ки барои баргузории тӯйи арӯсии як духтари ноболиғ, синнашро дар шиноснома барзиёд дарҷ кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Духтар 16 сол доштааст, вале корманди мизи шиносномадиҳӣ синни ӯро дар шиноснома 18 сола сабт кардааст.
Абдулваҳоб Искандаров, сардори Раёсати умури дохила дар минтақаи Кӯлоб, ки мизҳои шиносномадиҳӣ зертобеи ин ниҳод ҳастанд, мегӯяд, ин амал аз рӯи раҳму шафқат сурат гирифтааст, ки воқеан, хилофи қонун мебошад: «Бо моддаи 323, ғайриқонунӣ додани шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дарҷ кардани маълумотҳои бардурӯғ дар шиноснома гумонбар дониста мешавад. Ин ҷо корманди мизи шиносномадиҳӣ махсус ин кор накардааст. Ин ҷо чанд кас, аз ҷумла падару модари духтар зора кардаанд, синну соли духтарашонро калонтар нишон диҳанд.»
Пас аз тағийру иловаҳо ба Кодекси оила дар ду соли пеш, ки синну соли ба шавҳар додани духтаронро аз 18 сола боло муқаррар кардааст, ин аввалин ҳолати бузуругтар нишон додани синну сол аст, ки ба хотири ба шавҳар додани духтари ноболиғ ба қайд гирифта мешавад.
Аммо тибқи иттилои расмӣ идораи ҷамоатҳо дар минтақаи Кӯлоб аз даҳҳо ҳолати ба шавҳар додани духтарони ба 18 сола норасида ҷилавгирӣ карда, ду волидайнро барои чунин тасмим ҷаримабандӣ намудаанд.
Як тан аз волидайни ҷаримашуда, ки нахост номашро сабт кунем, гуфт, ӯ шавҳар надорад ва наметавонад, то 18 солагӣ духтарашро тарбия кунад. Ӯ мегӯяд, мехост, духтарашро ба як оилаи хуб ба шавҳар диҳад, аммо болои камбизоатӣ боз ӯро ҷарима карданд: «Фарзанд -фарзанди мо ҳаст. Намедонам, барои чӣ моро намегузоранд, ки ӯро ба шавҳар диҳем. Охир ақлаш ба ҳама чиз мерасад. Боз дар ин камбағалӣ ҷарима карданд, ки намедонем, онро аз куҷо месупорем».
Зарторбӣ Табарова, равоншиноси маҳаллӣ, мегӯяд, бисёре аз волидайн духтарро як амонат медонанд, ки бо шавҳар додан мехоҳанд, аз ӯ халос шаванд. Аммо Табарова мегӯяд, онҳо намеандешанд, ки дар чунин синну сол духтарашон зиндагии хуби оилавӣ барпо карда метавонад ва ё на: «Мақсад зуд ба шавҳар додани духтар аст, ки хатои маҳз мебошад. Фикр намекунанд, ки ин духтар бояд модар шавад. Аз лиҳози равонӣ дар 16 ва 17 солагӣ духтари тоҷик барои модар шудан ва зиндагии мустақилона омода нест. Модар мешавад, аммо на модари маърифатнок».
Дар ҳамин ҳол, Ашурмади Хатлонӣ, шоири маҳаллӣ, мегӯяд, хавфи пирдухтаршавӣ ҳанӯз падару модаронро андешаманд мекунад. Ӯ мегӯяд, аксари ҷавонон дар муҳоҷират ҳастанд ва бисёре аз духтарон бешавҳар мондаанд: «Дил месӯзад, ки имрӯз дар як хона ду се пирдухтар мондааст. Ҷавонон ҳам кӯшиш мекунанд, ки зани ҷавон гиранд. Ин ҳолатро дида волидайн кӯшиш мекунад, то духтарашро ҳар чӣ ҷавонтар ба шавҳар диҳад».
Дар Тоҷикистон ҳоло расман духтарон ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ танҳо дар 18 солагӣ метавонанд ба шавҳар бароянд. Дар ҳоле, ки то ду соли пеш садҳо ҳолате мавҷуд буд, ки духтарон аз 15 солагӣ ба шавҳар мебаромаданд.
«Озодӣ»