10:38:42 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

"ҚУМАНДОН" - ҲОИ БАДАХШОН НИСФИ ҚАРЗҲОЯШОНРО БАРГАРДОНДААНД

Гулнора Ҳасанова, раиси «Амонатбонк», мегӯяд собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон дастури раисиҷумҳурро барои бозпас гардондани қарзҳои бонкӣ, қисман иҷро кардаанд.

/images/stories/2013/01/14_gulnora-hasanova-140113.jpgГулнора Ҳасанова, раиси Бонки давлатии «Амонатбонк», рӯзи 14-уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, «то кунун Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов, собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон нисфи қарзҳояшонро баргардондаанд.»

Раиси "Амонатбонк" ҳаҷми қарзи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро 800 ҳазор сомонӣ гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки 50 дарсади боқимондааш низ аз ҳисоби фурӯши амвол баргардонда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Гунора Ҳасанова, ин афрод, яъне Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов, қарзро барои фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар соли 2008 ва 2010 дарёфт карда буданд ва ҳамчун муштарӣ ин ҳақро доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафараш ба Бадахшон дар моҳи сентябри соли 2012 ба масъалаи қарзи Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Айёмбеков аз «Амонатбонк» дахл карда, таъкид намуд, ки дар зудтарин фурсат онро баргардонанд.

Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо сокинони вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ дар моҳи сентябри соли гузашта ҳаҷми қарзи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро бо назардошти фоизҳо  1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда буд. Раисиҷумҳур он замон иқрор кард, ки қарзҳои бонкӣ ба фармондеҳони мухолифин бо дастури худаш ироа гардидаанд:

“Дастур дода будам, ки дар соли 2008 ба бархе аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ қарзҳо диҳанд, то зиндагиашонро пеш баранд. Масалан, “Амонатбонк” ба хоҳари Ёдгор қарз дода, аммо 700 ҳазор сомонӣ баргардонда нашудаст. Абдураҳмонов, фарзанди Айёмбеков, 560 ҳазор сомонӣ қарзро барнагардондааст.”

Дар ҳамин ҳол тобистони соли 2012 додситонии кулли Тоҷикистон бо интишори баёнияе Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаровро дар қочоқи маводди мухаддир, сангҳои гаронбаҳо ва қочоқи духтарон муттаҳам карда, инчунин барои саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ нисбати Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов парвандаи ҷинойӣ боз намуда буд.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi