17:52:39 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШӮРОИ АДЛИЯ: ИШҚВАРЗӢ ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ ХУДКУШӢ АСТ

Масъулини Шӯрои адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ҷиноятҳое, ки дар 6 моҳаи ахири соли 2012 аз тарафи ноболиғон сар задааст ба 504 адад расидаанд, ки ин нишондод нисбати соли 2011-ум 122 адад афзоиш ёфтааст.

/images/stories/2013/01/08_zafar-azizov-080113.jpgЗафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии шӯрои мазкур, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт, ки аксари чунин ҷиноятҳо миёни ноболиғон ба дӯздӣ ва авбошӣ таалуқ доранд. Дар ин нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки омилҳои худкӯшӣ низ миёни ноболиғон кам набуда, бархе аз чунин амалҳои онҳо ба ишқварзии ҷавонписарон ва ҷавондухтарон рабт дорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, раиси Шӯрои адлия илова намуд, ки вобаста ба вайрон кардани муқарароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби судҳо 2 ҳазору 222 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2011 зиёд мебошад.

Зафар Азизов иброз дошт, ки дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ (6 моҳи ахири соли 2012) ба судҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 12 ҳазору 252 адад ариза оид ба баҳсҳои гражданӣ пешниҳод гардидааст, ки аз ин шумора 10 ҳазору 892 тояш мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi