00:23:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

460 НАФАР ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ҶАВОБГАР ШУДАНД

Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тўли ҳафтаи равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ рейдҳои санҷишии «Хориҷиён»-ро гузаронида истодааст.

 

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, мувофиқи нақшаи гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳудуди бозори «Корвон», маркази савдои «Садбарг» ва корхонаҳои арматурбарорӣ, истгоҳи мошинҳои №2927 амалиёти санҷишӣ гузаронида шуд.

 

Кормандони Хадамоти мазкур бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, аз назар гузаронии мўҳлати буду боши онҳо, мўҳлати бақайдгирӣ ва доштани иҷозатномаи кории шаҳрвандони хориҷиро мавриди санҷиш қарор доданд.

 

Дар натиҷаи амалиёти санҷишӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират 450 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд, ки аз ин миқдор 400 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳисоб рафта, барои риоя накардани қоидаҳои буду бош ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба 10 нафари онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима дар ҳаҷми 8800 сомонӣ ситонида шудааст ва нисбати 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳури мардумии Чин протокол тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод гардид.

 

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар нўҳ моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Хадамоти мазкур теъдоди беш аз 460 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуда, зиёда аз 3383 нафар огоҳонида шудаанд. Ҳамчунин аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати ВКД дар ҳаҷми 1 миллиону 22 ҳазору 738 сомон ба буҷаи давлат ворид карда шуд.

 

Ибодат Давлатова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi