00:54:49 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ТЕРРОРИЗМ БА ТОҶИКИСТОН КАМТАР ТАҲДИД МЕКУНАД

Тоҷикистон дар радифи кишварҳое зикр шудааст, ки аз ҷиҳати хатарҳои террористӣ амнтар шудаанд. Дар гузориши ҷадиди глобалӣ оиди терроризм, Тоҷикистон аз рӯи шумора ва таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ, миёни 158 кишвари дунё мавқеи 59-умро соҳиб шудааст. Бар пояи ин гузориш, тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон ҳамлаҳои террористӣ рух надодаанд. Ин гузориш аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ, мақараш дар Австралия ва Ню-Йорк таҳия шуда, дар он асосан теъдоди ҳамлаҳои террористӣ, талафоти ҷонию молӣ, баҳогузорӣ шудааст.

/images/stories/2012/12/06_global-terrorism-index-1212.jpgГузоришгарон терроризмро «таҳдид ё татбиқи зӯрӣ барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз тарафи гуруҳҳои ғайриқонунӣ» гуфта, ба панҷгонаи кишварҳое, ки аз ҳама зиёд мавриди ҳамлаи террористон қарор гирифтаанд, Ироқ, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Яманро шомил намудаанд. Тибқи ин пажӯҳиш, 90 дарсади ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон ба ин кишварҳо рост меоянд. Инчунин ба даҳгонаи кишварҳои қурбонии терроризм, Сомалӣ, Нигерия, Тайиланд, Филипин ва Русия шомил шудаанд.

Пажӯҳиш нишон додааст, ки тайи чаҳор соли охир ҳамагӣ 31 кишвар аз ҳамлаҳои  террористӣ эмин будаанд, ки Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Ветнам, Куба, Салвадор аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бар пояи ин гузориш, сар аз соли 2001-ум теъдоди ҳамлаҳои терористӣ дар ҷаҳон ҳамасола афзоиш ёфта, соли 2007-ум ба авҷи худ  расид, аммо тайи чаҳор соли ахир, то андозае аз рушд боз мондааст.

Соли 2011-ум дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон 7 ҳазору  473 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки дар муқоиса бо соли 2007-ум 25 дарсад камтар аст. Ба гуфтаи таҳиягарони ин гузориш, рӯйдодҳои ахир дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Сурия ва кишварҳои дигари арабӣ, метавонад терроризмро дар ҷаҳон боз ҳам густариш диҳад.

Таҳиягарони гузориш ба ин натиҷа расидаанд, ки рабт додани терроризм ба фақру нодорӣ чандон мантиқӣ нест, зеро бар пояи пажӯҳиши онҳо, дар кишварҳои қашшоқ нисбат ба давлатҳое, ки шароити хуби иқтисодӣ доранд, майл ба терроризму даҳшатафканӣ, камтар будааст. Ин пажӯҳиш мегӯяд, вазъи номӯътадили сиёсӣ, моҷароҳои қавмӣ ва нақзи оммавии ҳуқуқи инсон, ба рушди терроризм мусоидат мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi