17:59:13 03-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«АМЕРИКОИҲО ДАР КӮЛОБ» Ё ШАРҲЕ БА МАТЛАБИ «ДАР МАЗҲАКАИ АМРИКО ДАР КӮЛОБ» …

Ба сокини шаҳри Кӯлоб, мӯҳтарама Зулфия МИРЗОЕВА

Ҳамчунин таваҷҷӯҳи хосаи вазири мӯҳтарами маорифи ҶТ- ро хосторем!

АМРИКОИҲО ДАР КӮЛОБ

(шарҳе ба матлаби «Дар мазҳакаи Амрико дар Кӯлоб» ширкат надоштам»

(З. Мирзоева, «Миллат», №26 (356).20\06\2012)

Дуввумин даҳсола аст, ки амрикоиҳою аврупоиҳо ростӣ, ки дасти кӯмаки худро дар рушди демократия, ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи демократӣ дароз карда, ҳамчунин дар масойили ҳалу фасли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидатҳое менамоянд. Аммо сабаб ва омили матраҳ намудани ин матлаб аз ҷониби мо фаъолияти машкуки намояндагии амрикоиии «КРЕАТИВ» (ЮСАИД\ИМА) гашт, ки чанде баъд сари ин қазия бархоҳем гашт.

/images/stories/2012/07/16_j.alimi-160712.jpgҲанӯз зимистони соли 2001 дар муассисаи амрикоии «Каунтерпарт Интернешнл» кору фаъолияти муназзам доштам, ки яке аз шабҳо ба тариқи оҷилию фаврӣ барқияе расид, ки ман ба ҳайси ҷонишин ва дигаре ба ҳайси раҳбари ин идора тамоми маълумотҳоро оиди купрӯку боғчаю роҳҳою дигар иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маъмурӣ дар муддати кӯтоҳтарин- се шабонарӯз ҷамъоварӣ намуда, ба муассисаи болоии амрикоиямон бояд ирсол медоштем.

Чун дар муддати се шабонарӯз аз иҷрои ҷамъоварии ин гуна маълумотҳо аз ҳудуди 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб намебаромадем, ман аз иҷрои ин вазифа дар рӯзи дуввуми он саркашӣ ва худдорӣ кардам ва дилам чизеро эҳсос мекард, вале яқин намедонистам, ки амрикоиҳо чаро чунин аҷала доранд??? Чунки купрӯку роҳҳо низ дар мавридҳои заррурӣ иншоотҳои стратегӣ маҳсуб мешуданд!

Баъди чанде Амрико ва НАТО вориди хоки Афғонистон гашта ин мардумро таҳти бомбаборон карор дод! Ин амр маро водор ба он намуд, ки дар он шабонаруз аллакай Амрико тарҳи нақшаи бомбаборони Афғонистонро кашида будаасту мехостааст, ки дар мавориди зарурӣ аз иншоотҳои Тоҷикистон ҳам истифода намояд.

Ин ҳодисаро кариб фаромӯш карда будам, ки боз қариб панҷ-шаш моҳ қабл моро дар толори Барномаи Рушди СММ-и Кӯлоб (ҳудуди 10) нафарро чамъ намуданд ва аврупоизане, ки худро гоҳ «антрополог»-у гоҳ «ҷомеашинос» муаррифӣ мекард, чанд суоли машкуке оиди насли имрӯзаи миллат, ҷанги шаҳрвандии тоҷикон, муқоисаи кӯлобиҳо бо толибону паштуҳо ва ғайраю хоказо бароямон матраҳ намудан гирифт, ки шакку шубҳаҳоям боз афзудан гирифтанд.

Аммо ин дафъа намояндагии муассисаи КРЕАТИВ-и ИМА дафтари минтақавии худро дар Кӯлоб ифтитоҳ намуда, ният дорад кӯдакон ва хонандагони макотиби минтақаи моро таълиму тарбият дода маърифатнок намояд, ки воқеан ҳам аз ин амали онҳо андак мутаҳаййиру мутааҷҷиб шудам ва фикру андеша ва пешниҳодотамро дар ин робита дар рӯзномаи «Миллат» тахти унвони «Мазҳакаи амрикоиҳо дар Кӯлоб» ба нашр расонида будам. Бонуе бо номи Зулфия Мирзоева дар саҳафоти рӯзномаи «Миллат» посухе ба матлаби мо иншо намуда, гуфтаҳои моро зери суол ниҳод ва аз гуфтаю норизояту ноқаноатмандиҳои худ даст кашид!

Ростӣ, ки қаблан ва ҳоло ҳам бонуи Зулфия Мирзоеваро ҳамчун зани донишманду корозмуда каму беш мешинохтем ва эътироф ҳам мекардем! Аммо як навъ «раддия»-ашонро мутолиа намуда, мутаҳаййир ва мутааҷҷиб шудем. Гӯё шабаҳе дар се рӯзи он курси омодагӣ (тренинг)-и КРЕАТИВ дар Кӯлоб (04 -08\06\2012 ширкат доштаасту мо бехабар! Хоҳари азиз, аввалан дар се рӯзи нахусти ин «машғулияти амалӣ» ширкат доштед ва садҳо аксе, ки ходимони ин муассиса дар анҷоми ин тренинг ба мо нишон доданд, акси Шумо ба ҳам ба ҳайси яке аз фаъолзанҳои ин тренинг низ вуҷуд дорад.

Сониян, беш аз 40 нафар созмондеҳон ва ширкатдорони ин ҷаласаи таълимӣ шаҳодат дода метавонанд, ки воқеият чӣ тариқа буд! Шуморо касе нагуфтааст, ки ба тариқи «маҷбурӣ» ба ноҳияи дурдасти Темурмалик фиристода шудед, балки худатон шахсан дар ҳузури камина изҳор доштед, ки боз ҳамон ҷамоати «Кангурт» дуртарин ҷамоати ноҳияи Темурмалик ҳам ҳаст! Дар сӯҳбати сарироҳӣ бо А. Шерхонов ҳам норизоят, ноқаноатмандӣ ва эътирози худро дар алоҳидагӣ изҳор намудед, ки ӯ маро дар ҷараёни ин воқеа монд ва ҳарду тасмим ҳам гирифтем, ки ба наздатон ба хонаатон рафта бо Шумо мусоҳиб шавем!

Аммо, чун вориди хона шуда, асли матлабро дар ҷараён гузоштем, воқеан ҳам Шумо маротибаи намедонам панҷум буд ё даҳум, ки изҳори ноқаноатмандӣ карда, гуфтед, ки «Барои ман ноҳияи Темурмалик ва махсусан ҷамоати «Кангурт»-и он дуртар аст. Ман фарзанди хурдсол дорам!». Дар сӯҳбат бо мо, ки дар ошёнаи панҷуми бинои нӯҳошёнаи Кӯлоб баргузор шуд, шумо гуфтед, ки ба навиштаи мо розӣ ҳастед ва барои нашраш розӣ ҳастед.

Факат рости гап изҳор доштед, ки гуфтаҳоятонро дар диктофон сабт накунем! Наход, Шерхонов ва банда ин қадар бетаҷрибаву беақл бошем, ки нопурсида, аз шумо номатонро биоварем. Воқеан, дар навиштани он шумо иштирок надоштед, ному насабатонро мо овардаем, ки агар боиси ранҷишатон бошад, узри бандаро кабул намоед! Вале гуфтед, ки ба мазмунаш розиед, ки он нашр шавад.

Воқеан ҳам Шуморо ҳамчун яке аз фаъолтарин бонувони ширкатдори ин тренинг ҳисоб мекардем ва яқин медонистем, ки ҳам донишу малака ва ҳам кӯдаки хурдсол доштани Шуморо ба эътибор гирифта, бояд ба ноҳияи Восеъ, ки дар масофаи наздиктар ба Кӯлоб мавқеият дорад, таъйини кору ифои вазифа мешудед! Шумо, беш аз 20 нафари дигар ва Худои Шумо ҳам шоҳид буданд, ки ҷаноби Лутфулло Бозиев (раҳбари минтақавии ин муассиса) ва дигар раҳбарияти намояндагии ҷумҳуриявӣ ва минтақавии КРЕАТИВ расман эълон намуда буданд, ки «Мо нисбати занҳо эҳтиром дорем, онҳоро дар ноҳияи Восеъ таъйини ҳудуди ифои вазифа менамоем ва нисбати мардон бошад, ҳатман қуръапартоӣ хоҳем гузаронд, чунки ин хоси ҷомеаҳои демократист ва дар ин сурат касе набояд норозӣ боқӣ монад!».

Мо, Шумо ва дигарон ҳам барои роҳандозии қуръапартоӣ ризоят дода будем! Аммо, худатон дидед, ки ҳатто якчанд мардро дар қатори дигар занҳо дар ҳудуди ноҳияи наздиктарини Восеъ бидуни қуръапартоӣ таъйини ҳудуди ифои вазифа намуданду Шумою зани дигареро  бидуни гузаронидани қуръапартоӣ эълон намуданд, ки яке ба Данғара хоҳад рафт ва Шумо ба ҳудуди ноҳияи Темурмалик!

Бало ба паси мо мардҳо, мо фақат вақте Шумою зани дигареро ба ноҳияи Восеъ нею ба ноҳияю ҷамоатҳои дуртари Темурмалик ва Данғара фиристониданӣ шуданд (таъкидан ишора карданием, ки бидуни гузаронидани қуръапартоии ваъдашуда) аз дилсӯзию эҳтироме, ки нисбататон доштем ва ҳам расман изҳори норизоят карданатонро ҳам ба эътибор гирифта, ному насаби муборакатонро дар матлаби «Мазҳакаи Амрико дар Кӯлоб» зикр кардем, вагарна, хоҳари азиз, ягон беэҳтиромию беэътиноиро нисбататон қойил нестем!

Мо ҳам мисли Шумо ба КРЕАТИВ-у ходимонаш пирӯзию комёбиҳо хоҳонем, фақат дар ҳайратем, ки чӣ гуна шуд, ки назди мо суханҳои дигар гуфтеду чӣ сабаб шуд, ки ба рӯзномаи «Миллат» дигаргуна матлаби инкорӣ фиристодед??? Ё ин ҳам сирру асрор ва бозии навбатии пуштипардагии КРЕАТИВ аст??? Ногуфта намонад, хоҳари азиз, ки мо ҳам ба кормандони ин созмон барои амалӣ гардонидани барномаҳояшон мисли Шумо «бурдбориҳои беназир» таманно дорем, аммо ба тафовут аз Шумо, агар ин барномаҳо воқеан амалишаванда бошанд, таги косаҳо нимкосаҳо набошанд, ваъдабозию ваъдахилофиҳо набошанд, шаффофияти кору фаъолият ва иззату икроми инсонӣ ва ғайраю ҳоказо вуҷуд дошта бошанд!!! Ҳатто мақомоти иҷроияи маҳаллии ҷумҳуриямон зимни заруратҳо аз озмуну қуръапартоиҳо кор мегиранд, пас амрикоиҳо аз мо бояд биомузанд ва ё мо аз амрикоиҳо??? Охир онҳо худро ватани аслии озодиҳою ҳуқуқҳою манфиатҳою шаффофиятҳо меҳисобанд!!!

Ҳар чизе гуфтем фақат ба манфиати кор, ба манфиати миллату давлатамон, ба манфиати низоми маорифамон, ба манфиати насли наврасамон, ба хотири рияот ва мӯътабар донистани шарофатмандӣ, арзишҳо ва мукаддасоти инсонию миллӣ ва байналмилалӣ гуфтем, ба хотири он гуфтем, ки шаффофият надидем, қуръапартоиии ваъдашударо вонахӯрдем, вагарна хоҳед кор мекунед, нахоҳед ин кори сирф шахсию инфиродии Шумост, хоҳари азиз!!!

Ҳа, воқеан, бонуи З.Мирзоева! Мо дар ин робита як тадқиқу таҳқиқи инфиродию мустақилонае ҳам гузаронида истодаем, ки оянда натиҷаҳои онро нашр карданием. Ҳоло бошад, мухтасаран мехоҳем зикр намоем, ки ба роҳ андохтани чунин барномаҳои озмоишӣ (пилотӣ) чӣ гуна хубиҳою нохубиҳо ҳам дошта метавонанд. Чаро чунин барномаҳоро ЮСАИД, КРЕАТИВ ва ИМА фақат дар Тоҷикистону Тимори Шарқӣ (аз харитаи ҷаҳонӣ ҳам ҷустуҷӯ кунед, бо заррабин ба мушкилӣ пайдояш мекунед!) метавонад амалӣ намояду дигар кишварҳо аз пиёда намудани чунин барномаҳои таълимӣ худдорӣ мекунанд???

Дар омади гап, хосатан зикр карданием, ки хеле вақт шуд, ки баъзе аз созмонҳои хориҷию байналмилалӣ кишвари моро ба як майдони «озмоишӣ» табдил додаанд!!! Чӣ, магар дар гузашта, амрикоиҳою ғарбиҳо бо усулҳои «инноватсионӣ»-и худ Абӯалӣ Ибни Сино, Ал-Хатлӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ (дар маҷмӯъ 2000 олиму мутафаккиру донишманди тоинқилобӣ ва зиёда аз 3000 шоирони файласуфу соҳибдевони мо)-ро «тарбият» ва «таълим» дода бошанд???

Инак, мухтасаре аз муфассали хубию нохубиҳои барномаи КРЕАТИВ, ки мехоҳад баъди дарсҳои асосии фаннию давлатӣ то бегоҳ бо хонандагони синфи нуҳум ба тариқи «озмоишӣ» гузаронанд,  пешкашатон мегардад ва боқӣ худ қазоват кунед!!

Қаблан зикр карданием, ки ин як навъ таҳлили қаблию сатҳӣ буда, манзури Вазорати Маорифи ҶТ, мутахассисин ва ашхоси салоҳиятдор бояд гардонида шавад! Бубинед, дарсҳои асосии фаннӣ чӣ гуна ҷиҳатҳои мусбатро соҳибанд ва дарсу машғулиятҳои иловагии амрикиоиву креативӣ чӣ гуна:

Дарсҳои барномаҳои давлатӣ:

- хонандагон баъди хатми синфи муайян ба омузишгоҳҳои касбию техникӣ дохил шуда, дар самту соҳаҳои мухталиф ҳунарманд шуда метавонанд;

- чунин пешбарии дарсҳо ва ширкати шогирдон дар мактабҳои маъмулӣ одат шудааст;

- волидайн ҳам мувофиқи барномаҳои давлатӣ ширкат кардани фарзандонашон дар дарсҳои асосиро қабул доранд ва эътироф ҳам мекунанд;

- донишу малакаҳои бунёдию предметӣ гирифта, тавассути фанҳои асосӣ метавонанд ба Донишгоҳу Донишкадаҳои олӣ дохил шаванд;

- дар шароити деҳоти дурдаст баъди хатми дарсҳои асосӣ хонандагон ба кумаки волидайн дар корҳои хоҷагӣ машғуланд;

- баъди истироҳати нисфирузӣ ба омода намудани вазифаҳои хонагӣ машғул мешаванд;

- барномаҳои давлатии таълиму тарбия тайи солҳои мадид озмудашудаю муназзаманд;

- бо чунин методикаи таълиму тарбия хонандагон мувофиқанд ва ғайра.

Дарсҳои иловагии амрикоиву креативӣ:

- қобилияти фикрронӣ ва таҳлилии хонандагон ба тариқи «амрикоӣ» рушд мекунад;

- баъди нисфирӯзӣ шавқовартар мегузаранд;

- пулу молу васойити техникии ИМА истифода мешавад;

- хонандагон дар машғулиятҳои баъдидарсии амрикоӣ худро озодтар эҳсос мекунанд;

Аммо дуруст аст, ки дарсҳои асосии фаннӣ якчанд мушкилоте ҳам доранд, ҳамчуноне ки дарсҳои иловагии амрикоиву креативӣ:

Дарсҳои барномаҳои давлатӣ:

- шавқовар нагузаштани дарсҳо;

-навовариҳо камтаранд;

-аксаран коргоҳ (лаборатория)-ҳои озмоишӣ надоранд;

-баъзан китобҳои дарсӣ бо ҳам ихтилоф доранд;

-таҷҳизотҳои техникӣ ҳам пурра дастрас нестанд;

-мушкилоти иҷтимоӣ (сару либос, хӯрока ва лавозимоти хониш) ва ғайра…

Дарсҳои иловагии амрикоиву креативӣ:

- тафриқаандозӣ байни хонандагон ва ҳам омӯзгорон

- на ҳамаи омӯзгорону хонандагон ба ин лоиҳа ҷалбу сафарбар шудаанд

- камаҳамият гаштани дарсҳои асосии барномаҳои давлатӣ;

- пайдошавии эътироозу ихтилофҳо нисбати барномаҳои таълимии давлатӣ;

- тарки дарсҳои асосӣ то нисфирӯзӣ ба хотири фақат дар қисмати дуввуми рӯз дар дарсҳои амрикоӣ ширкат кардан;

- вайроншаваии реҷаи рӯзи хонандагон

- номувофиқу камуассир гаштани реҷаҳои рӯзонаи таълимӣ;

- бе ёрдамчӣ мондани волидайн дар қисмати дуввуми рӯз ва зарар расидан умуман ба хоҷагии ойилавию хонаводагӣ

- аз корҳои шахсӣ дуртар мондани хонандагон

- шустани мағзҳо ва мутеъу итоатманд гардонидани тафаккури наврасону ҷавонон мувофиқи тарзи зисту тафаккури амрикоӣ;

- аз ҳуввуияту асолатҳои миллӣ ва муқаддасоти шаҳрвандӣ дур гаштани хонандагон;

- ба се-чор омӯзгори мактаби мушаххаси деҳот баъди фанҳои асосӣ пардохти молиёти амрикоӣ сабаби ихтилофу низоъ ва рӯҳафтодагии омӯзгорони асосӣ мегардад;

- ИМА\ЮСАИД\КРЕАТИВ ҷои он ки хавфи тарки мактаб намудани омӯзгоронро ба эътибор гирад, фақат сари мағзу тафаккури кӯдакону наврасон машғул аст;

- ИМА \КРЕАТИВ ба ҷои он, ки Барномаи «Пешгирии хавфи тарки мактаб намудани омӯзгорон»-ро ба роҳ монад, сирф бо тарки мактаб накардани хонандагон машғул аст;

- афзойиши хавфи мафкураи эътирозиро ба миён овардан дар миёни хонандагон ва наврасон (шарҳаш тадқиқ ва мақолаи алоҳидаро мехоҳад);

Аҷиб аст, чаро амрикоиҳо барномаашонро «Пешгирии тарки мактаб намудани хонандагон» ном мондаанду дар фикри пешгирии тарки мактаб кардани омӯзгорону муаллимони ин макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ нестанд??? Чаро сирф ба масойили иҷтимоию маърифатию мафкуравии мо машғул шуда, заррае кумак барои сохтани коргоҳҳою заводу фабрикаҳо ва дар маҷмуъ иқтисоду Роғуну дигару дигар намекунанд??? Воқеан, дар омади гап, чаро раҳбарияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавии ин муассисаи амрикоӣ аз як маҳаллу минтақаи Тоҷикистон таъйин шудаанд??? Магар ин амал бо сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН, ки онро ном ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ, мухолифат надорад??? Боз таги коса нимкосаҳои дигаре нуҳуфта набошанд???

Гумонам ҳоло ҳамин қадар кифоят будагист! Баъдтар ҷиддан ин масъалаю қазия мавриди баррасию муҳокима ва таҳлил қарор хоҳад гирифт!

Бо эҳтиром нисбати ҳамаи Шумо, Ҷумъахон АЛИМӢ,

доктори илмҳои филологӣ, собиқадори ҷанги Афғонистон, шаҳри Кӯлоб



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 18.07.2012 14:58
Бори дигар ба бузургии Саид Рахмон,як шоир коил шудам, ки Алимиро хубтар аз мо шинохтааст.
Дунболи адолат аст,
Пуштибони миллат аст.
Мардаки озода хаст,
Хасми харомзода хаст.
Офарин Алими, бехтарин макола. Шумо хаст, ки чунинхоро фош мекунед.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi