15:27:55 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 26 27
28 29 30        

ҲУКМИ ДОДГОҲ АЛАЙҲИ ҶӮРАБЕК ОХУНОВ ЭЪЛОМ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр”-ро барои 14 сол ба зиндон ва мусодираи амвол маҳкум кардааст. Додгоҳ ӯро дар иттиҳомоти пешниҳодшуда тавассути додситонӣ, яъне “қаллобӣ ё тасарруфи амвол бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон” ва фаъъолияти ғайримуҷоз ва расондани хисорот ба муштариён муҷрим шинохт.

/images/stories/2012/07/05_okhunov-050712.jpgАммо ба гуфтаи қозии додгоҳ бо дарназардошти ин ки оқои Охунов аз моҳи ноябри соли 2010 дар боздошт ба сар мебарад ва бо таваҷҷӯҳ ба қонуни афви соли гузашта як севуми мӯҳлати маҳкумияти ӯ коҳиш ёфтааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Ҷӯрабек Охунови 53-сола ҳукми додгоҳро "ғайриодилона" хонд ва гуфт, ки алайҳи ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад кард.

Додситони кулли Тоҷикистон аз додгоҳ хоста буд, ки Ҷӯрахон Охунов, раиси ширкати сохтмонӣ барои 17 сол равонаи зиндон шавад. Пас аз ҷаласаи ахири додгоҳӣ, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ баргузор шуд, Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи оқои Охунов ба хабарнигорон гуфта буд, ки муваккилаш дар ҷаласаи додгоҳӣ таҳти таъсири дору қарор дошт.

Ҷӯрабек Охуновb 53-сола дар моҳи марти соли ҷорӣ бемор шуда ва аз боздоштгоҳ ба тимористон ноҳияи Рӯдакӣ интиқол ёфта буд. Вай беш аз як моҳ таҳти муроқибати пизишкон қарор дошт, аммо ба гуфтаи вакили мудофеъаш вазъи саломати муваккилаш комилан дуруст нашуда ва ӯ ҳамчунон ба муъолиҷа ниёз дорад.

Оқои Охунов, ки исми ӯ барои муддате ҳамчун яке аз туҷҷори муваффақи кишвар матраҳ буд, то имрӯз як солу ҳашт моҳи худро дар боздошт сипарӣ кард. Вай аз сӯйи маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябри соли 2010 ба иттиҳоми тақаллуб ва фиреби муштариёни ширкаташ боздошт шуд.

Додситони кулли Тоҷикистон он замон дар нишасте изҳор дошта буд, ки ин ниҳод далоили кофӣ барои боздошти ӯро дорад ва аз ҷумла иддаъо кард, ки раиси ширкати "Мовароуннаҳр" дар чанд маврид як опортумонро ба ду нафар ба фурӯш гузошта ва аз онҳо маблағ гирифтааст.

Вале масъулони ширкати "Мовароуннаҳр" ин иддаъоро рад карда буданд. Муҳокимаи парвандаи оқои Охунов рӯзи 4-уми августи соли гузашта оғоз шуд.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи оқои Охунов, куллия иттиҳомот алайҳи муваккилашро “бепоя” мехонад ва мегӯяд, ҳеҷ яке аз иттиҳомот собит нашудааст.

Зимнан, муҳокимаи парвандаи Ҷӯрабек Охунов дар моҳи августи соли 2011 оғоз шуд ва то авохири моҳи феврали соли равон идома дошт.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi