ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ БА ИҶРОИ ТАРҲҲОИ ИҶТИМОЪӢ МЕПАРДОЗАД
Шаҳрдории Душанбе иҷрои се барномаи бузурги иҷтимоъӣ дар пойтахти Тоҷикистонро дар назар гирифтааст. Аз ҷумла, қарор аст аз соли 2012 бозсозии ҷоддаҳои ба истилоҳ “дувумдараҷаи” шаҳри Душанбе, ироаи вомҳои кӯчак барои эҷоди ҷойи кор ва сохтмони маскан барои кодрҳои ҷавон ва зиёиён оғоз шавад.
Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳдории Душанбе, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин мавзӯъ ахиран дар ҷаласаи Маҷлиси шаҳрӣ матраҳ шудааст. Аз ҷумла, шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, ки барномаи бозсозии ҷоддаҳои маҳаллоти шаҳр аз соли нав оғоз шуда ва то соли 2015 идома хоҳад ёфт.
Қарор аст, дар чорчӯби ин барнома ҳамаи роҳҳои утумубилгарди шаҳр ва пиёдагардҳо бозсозӣ шаванд. Шаҳрдорӣ қасд дорад барои ин тарҳ маблағҳои буҷет ва саҳми сокинонро ҷалб созад. Аз ҷумла, шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки агар молиёти ворида ба буҷети пойтахт беш аз нақша иҷро шавад, аз маболиғи изофӣ барои иҷрои ин тарҳ истифода хоҳад шуд.
Фирӯз Саидов, коршиноси умури иҷтимоъӣ, мегӯяд шаҳрдориро лозим буд, ки иҷрои ин тарҳро аз муддатҳо қабл рӯйи даст бигирад, зеро ин хатар вуҷуд дорад, ки "то 5-6 соли дигар роҳҳои мошингарди Душанбе, ба ғайр аз хиёбонҳои “протоколӣ” аз байн мераванд.”
Ронандаҳои худравҳо низ мегӯянд, ки вазъи роҳҳои дохили шаҳри Душанбе, ба ҷуз аз ҷоддаҳои “протоколӣ” нигаронкунанда боқӣ монда ва тӯли ду даҳсолаи ахир онҳо бозсозӣ нашудаанд
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ронандагони худравҳо ва комюнҳо ба буҷети давлат маболиғи зиёдеро ба унвони молиёти роҳ пардохт мекунанд. Ба унвони мисол, барои ҳар ронандаи худрав мизони молиёти роҳ ҳамасола ба сурати мутавассит ҳудуди як сад дулори омрикоӣ аст.
Ба гуфтаи Фирӯз Саидов, шаҳрдории Душанбе танҳо аз қисмати ночизи ин маблағ истифода мекунад ва бештари маблағ барои бароварда сохтани ниёзҳои манотиқи дигари кишвар сарф мешавад.
Ато Мирхоҷа, соҳибназар дар масоили иҷтимоъӣ, бар ин бовар аст, ки иҷрои ин тарҳ воқеъӣ ба назар мерасад, зеро давлати Тоҷикистон дар чанд соли ахир иҷрои тарҳҳои зиёдеро дар заминаи бозсозии ҷоддаҳо анҷом дода ва таҷрубаи кофие дар ихтиёр дорад.
Гузашта аз ин, шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки шаффоият дар раванди интихоби ширкатҳоеро, ки ба иҷрои ин барнома ҷалб мешаванд, замонат додааст. Тарҳи дигаре, ки шаҳрдории Душанбе иҷрои онро зарурӣ медонад, ба эҷоди ҷойҳои корӣ ва коҳиши теъдоди муҳоҷирони корӣ аз пойтахти Тоҷикистон муртабит аст.
Шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки барои таъсиси ҷойҳои корӣ ба тоҷирон ва соҳибкорон аз ҳисоби буҷети шаҳр қарзҳои боимтиёз бидиҳад. Зимнан, дар соли гузашта шаҳрдори Душанбе дастур дода буд, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ дар пойтахт мушаххас карда шавад.
Фирӯз Саидов мегӯяд, ки бо дарназардошти ҷамъияти зиёди пойтахти Тоҷикистон иҷрои ин тарҳ низ воқеъӣ ба назар мерасад. Зеро Душанбе то ҳол ба рушди бахши хусусӣ дар заминаи хадамот ва тиҷорат ниёз дорад.
Зимнан, камбуди маскан ва гаронии қимати он дар Душанбе ба мавзӯъи доғе дар Тоҷикистон табдил шудааст. Ҳоло, як метри муррабаъ аз маскан дар опортумонҳо аз 800 то 1,5 ҳазор дулори омрикоӣ аст. Ҳарчанд ҳуқуқи мутавассити моҳиёна дар шаҳри Душанбе танҳо ба 100 дулор расидааст.
Шаҳрдории Душанбе пешниҳод карда, ки омода аст барои мутахассисини ҷавон ва зиёиён опортумонҳои арзон бисозад . Шавкат Саидов мегӯяд, ки ин опортумонҳо аз ҳисоби буҷети шаҳрдорӣ ва бо истифода аз маболиғи ниҳодҳои давлатӣ ва хусусӣ сохта мешаванд.
Ба унвони мисол, раисони чанд донишгоҳ дар Душанбе изҳор доштаанд, ки омода ҳастанд барои устодони донишгоҳҳо дар сохмони маскан сармоягузорӣ кунанд. Фирӯз Саидов мегӯяд, ки тибқи пажӯҳиши вай, ҳамасола донишгоҳҳои Тоҷикистон аз тариқи омӯзиши пулакӣ аз донишҷӯён 70-80 милюн дулор ҷамъоварӣ мекунанд ва аз қисме аз ин маболиғ ба таври ғайримуассир истифода мешавад.
Вай афзуд: “Сохтмони як опортумон шояд то 500 ҳазор дулор арзиш дошта бошад ва тахсиси ин маблағ барои донишгоҳҳо чандон душвор нест. Вале, аз ин роҳ мушкили аслии устодони ҷавон, яъне набудани маскан ҳал мешавад.”
Ато Мирхоҷа, соҳибназар дар масоили иҷтимоъӣ, низ бар ин назар аст, ки мушкили умдаи зиёиёни тоҷик ба надоштани манзил рабт дорад. Вай гуфт: “Сармоягузорӣ дар сохтмони маскан барои зиёиён ва кодрҳои ҷавон дар оянда суди зиёде хоҳад дод.”
Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон таъкид карданд, ки иҷрои муваффақи ин се барномаи шаҳрдорӣ танҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки мизони баланди молиёт ва фасоди густарда дар ниҳодҳои давлатӣ аз иҷрои ин барнома монеъ нашавад.
Би-Би-Си